Принт

Аз “Известия” то Рейхи 3


13.03.1917. Дар Петроград аввалин шумораи "Ахбороти Шӯрои Петроград” (“Известия Петроградского совета”) аз чоп баромад. Баъдан нашрия ба рӯзномаи "Известия" тағйири ном кард ва яке аз пурнуфузтарин рӯзномаҳо дар собиқ СССР шуд, ки ҳоло низ дар Русия бо ҳамин ном интишор меёбад.
13.03.1938. Дар макотиби Иттиҳоди Шӯравӣ таълими ҳатмии забони русӣ ба ҳайси як фанни алоҳида ҷорӣ карда шуд.
13.03.1964. Дар СССР бо Қарори Шӯрои Олӣ Вазорати Бехатарии Давлатӣ ба Кумитаи Бехатарии Давлатӣ тағйири ном кард. Ин Кумита зери тобеъияти Шӯрои Вазирон қарор гирифта буд.
14.03.1917.Шӯрои вакилони Петроград (Петросовет) бо фармони №1-и худ тартиботи демократиро дар Артиши рус ҷорӣ намуд.
14.05.1990.Аввалин интихоботи президентӣ дар СССР. Дар интихобот М.Горбачёв котиби аввали ҲК пирӯз шуда, барои 5 сол президенти СССР интихоб карда шуд.
14.05.1991.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ расман ба қайд гирифта шуданд.

15.03.1933. Адолф Гитлер Олмонро Рейхи 3-ум эълон карда, дар империяи нав тамоми матбуоти чапгаро ва хӯроки кошерӣ (хӯроке, ки аз маҳсулоти хӯрокии яҳудиҳо ва тибқи аҳкоми Таврот омода мешуд) манъ карда шуданд.
15.03.1946. Дар СССР Шӯрои Комиссарони Халқӣ ба Шӯрои Вазирон тағйири ном карда, тамоми комиссариатҳои халқӣ ба вазорат табдил дода шуданд.

16.03.1917.Князи бузург Михаил Александрович (бародари Николайи 2) аз тахту тоҷи Русия ба фоидаи Маҷлиси Муассисон даст кашид. Бо ин кор даврони 300-солаи ҳукуматдории сулолаи Романовҳо дар ин кишвар хотима ёфт.
16.03.1937.Дар НКВД СССР шӯъбаи мубориза ба зидди дуздии моликияти сотсиалистӣ (ОБХСС-Отдел по борьбе с хищениями социалистической собственности) ифтитоҳ ёфт. Ин Шӯъба алайҳи ҷиноёти ҷанбаи иқтисодӣ дошта мубориза мебурд.
17.03.1991. Дар СССР раъйпурсии мардумӣ (референдум) доир шуд. Дар раъйпурсӣ аксарияти мардум барои бақои СССР овоз доданд. Дар баробари ин, дар раъйпурсии РСФСР бошад, 70% овоздиҳандагон барои роҳандозии мансаби президенти РСФСР овоз доданд.
18.03.1920. Дар Русияи Шӯравӣ аввалин шумораи рӯзномаи "Меҳнати коммунистӣ" рӯи чоп омад. Баъди 2 сол он ба "Москваи коргарӣ" тағйири ном карда, с.1939 бошад ба "Болшевики москвагӣ" табдил дода шуд. Аммо бо ин саргузашти номивазкунии ин рӯзнома ба охир нарасид. С.1950 "Ҳақиқати Москва" ном гирифт.
18.03.1946. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи 5-солаи 4-ум қабул карда шуд. СССР дар ин 5-сола мебоист ба рушди пешазҷангии худ мерасид.

Меҳрубон
Салимшоев

Матлабҳои дигар