Принт

Аз Шӯриш то Рӯзи Сиёҳ

8.08.1917. Дар Петроград Анҷумани VI-уми РСДРП (б) ба кори худ шурӯъ кард. Анҷуман дар шароити нимамахфӣ мегузашт ва дар он 267 вакил ширкат варзиданд. Бештари роҳбарони болшевикӣ монанди В.Ленин, Г.Зиновев, Л.Тротский, Л.Каменев дар Анҷуман ширкат надоштанд. Ба кори Анҷуман И.Сталин ва Я.Свердлов роҳбарӣ мекарданд. Маҳз дар ин Анҷуман ҳизби болшевикӣ қарори шӯриши мусаллаҳонаро ба тасвиб расонид.

8.08.1917. Артиши англису фаронсавӣ амалиёти Аменро дар рафти Ҷанги Ҷаҳонии 1 алайҳи Олмон оғоз намуданд. Ин амалиёт боиси рахна шудани фронти немисҳо гардид ва фармондеҳи немисҳо Людендорф онро "Рӯзи сиёҳи артиши олмонӣ" номид.

8.08.1945. СССР бо Япония эъломи ҷанг кард ва Артиши Сурх вориди Манҷурия гардид.

9.08.1928. Дар бинои Сирки шаҳри Ленинград Осорхонаи сирк ва эстрада ифтитоҳ ёфт. Ин аввалин осорхонаи сирк дар ҷаҳон буда, ҳоло ҳам таҳти унвони "Осорхонаи санъати сирк" фаъолият мекунад.

9.08.1945. Артиши ИМА бомби атомии 2-умро, ки "Фарбеҳак" ном дошт, ба шаҳри Нагасакии Япония партофтанд. Дар натиҷа 74.000 одам ҷони худро аз даст дод.

10.08.1913. Анҷоми Ҷанги 2-уми балканӣ. Дар ин ҷанг Булғористон, ки зидди Сербия, Черногория, Юнон ва Руминия меҷангид, шикаст хӯрд ва дар пойтахти Руминия шаҳри Бухарест ба созишномаи сулҳ имзо гузошт.

11.08.1921. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) роҳандозӣ гардид.

11.08.1949. Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ эълон намуд, ки дигар Югославияро иттифоқчии худ намешуморад.

 

12.08.1953. Дар СССР, дар озмоишгоҳи Семипалатински Қазоқистон аввалин озмоиши бомби ҳидрогенӣ (водородӣ) бо муваффақият анҷом гирифт.

13.08.1961. Ҷумҳурии Демократиии Олмон сарҳад миёни Берлини Шарқӣ ва Берлини Ғарбиро баста, ба сохтмони девори Берлин оғоз намуд.

13.08.1990. Президенти СССР Михаил Горбачев қонун "Бобати барқарорсозии ҳуқуқи тамоми қурбониёни репрессияҳои сиёсии соҳои 1920-1950"-ро ба тасвиб расонид.

14.08.1919. Оғози амалиёти Актюбинск дар рафти ҷанги гражданӣ дар Русия. Дар ин амалиёт нерӯҳои фронти туркистонии Артиши Сурх, таҳти фармондеҳии Михаил Фрунзе артиши Ҷанубии Колчакро торумор намуда, роҳ ба сӯи Осиёи Миёнаро боз карданд.

14.08.1941. ИМА ва Англия Хартияи Атлантикро ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷат алайҳи Олмони фашистӣ нигаронида шуда буд ва чанде баъд СССР низ ба он ҳамроҳ гашт.

14.08.1986. Дар СССР бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирон, корҳои сохтмонӣ бобати равона кардани дарёҳои Сибир ба ҷануб қатъ карда шуданд.

15.08.1947. Ҳиндустон ба 2 давлати ҷудогона - Покистон ва Иттиҳоди Ҳиндустон тақсим карда шуд. Сарвазири Ҳиндустони нав Ҷавоҳирлаъл Нерӯ интихоб гардид.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

Матлабҳои дигар