Принт

АЗ ТАЪСИСИ СССР ТО БОМБАИ ГИДРОГЕНӢ

27.12.1932. Дар СССР бо қарори КМИ ва ШКХ системи паспортӣ ва бақайдгирии ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд.

27.12.1968. Чин аввалин озмоиши бомбаи гидрогениашро анҷом дод. Ҷумҳурии Халқии Чин дар оғоз бо СССР ҳамроҳ буд ва Сталин дар аввалин фурсат иҷозат дод Чинро атомӣ кунанд. Чин муфт соҳиби силоҳи атомӣ гардид ва баъди чанде бомбаи гидрогениашро ҳам сохт.

27.12.1976. Дар СССР аввалин комплексӣ азимтарин корхонаи мошинсозии атомӣ "Атоммаш”-и Волго-Донск ба кор андохта шуд.   

27.12.1979. Нерӯҳои вежаи КГБ ва ГРУ-и СССР қароргоҳи роҳбари Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро дар Кобул ба тассаруф дароварданд. Бо куштани Амин марҳилаи гарми бархурди СССР шуруъ ва нерӯҳои Армияи 40-ум вориди Афғонистон мегарданд. 

29.12.1927. Дар кӯчаҳои Ленинград бори аввал соатҳои электрониро насб карданд.

29.12.1927. Дар СССР коммунаи кӯдакон бо номи Ф.Э. Дзержинский ифтитоҳ ёфт. Роҳбарияти коммунаро муррабии тавоно Антон Макаренко ба ӯҳда дошт ва баъдан дар аввалин кишвари Шӯроҳо коммунаҳои зиёди дигар пайдо шуданд.

29.12.1932. Кумитаи марказии ОСВЕОХИМ рутбаи муътабари "Тирандози Ворошиловӣ"-ро ҷорӣ кард. Тирандози Ворошиловӣ дараҷаи 1-ум ва 2-юм ҳам дошт.

29.12.1979. Дар СССР дар дохили воҳидҳои низомии Вазорати корҳои дохила дастаи таъиноти махсуси "Витяз" таъсис дода шуд.

30.12.1922. Дар Анҷумани 1-уми Шӯроҳо Декларатсияи таъсисёбии СССР қабул карда шуд. 

30.12.1953. Дар СССР Раёсати КМ ҲКИШ барои омӯзиши асноди репрессияҳои оммавӣ дар солҳои 1935-1940 комиссияи махсусро таъсис намуд.

 31.12.1917. Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ соҳибистиқлолии Финляндияро ба расмият шинохт. Мегӯянд Ленин ба финҳо ваъда дода буд, ки агар ба қудрат бирасам ҳатман озодатон хоҳам кард ва ба ваъдааш вафо кард.

31.12.1919. Дар шаҳри Тарту, миёни РСФСР ва Эстония шартномаи сулҳ ба имзо расид ва тарафайн оташбас эълон карданд. Баъди чанде РСФСР истиқлоли Эстонияро ба расмият шинохт ва Эстония низ яке аз аввалин кишварҳое буд, ки РСФСР-ро расман эътироф кард.

 

31.12.1939. Дар Осиёи Марказӣ Канали калони ба номи "Сталин" ба истифода дода шуд. Ин канал яке аз иншоотҳои стратегии СССР ба шумор рафта дар муддати кӯтоҳ сохта шуд. Ин канал қисмате аз заминҳои 3 ҷумҳурӣ РСС Қирғизистон, РСС Ӯзбекистон ва РСС Тоҷикистонро обёрӣ мекард.

1.01.1919. Таъсисёбии РСС Белоруссия.

1.01.1932. Дар СССР заводи молшинбарории ба номи Горкий (ГАЗ) ба кор шуруъ  кард. ГАЗ мошинҳои боркаши тамғаи гуногун мебаровард ва хоҷагии халқи СССР асосан аз онҳо истифода мебурданд.

1.01.1934. Дар Ленинград Сергей Киров ба қатл расид. Тибқи назари бархе Киров бо фармоиши Сталин кушта шуд. Мегӯянд Сталин дар симои Киров рақиби ҷиддии сиёсиро медид.

1.01.1961. Дар СССР ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд. Дар кишвар пули нав ҷорӣ гардид ва пулҳои кӯҳна бо пули нав бар ивази 1:10 мубодила мешуданд.

 

Меҳрубон Салимшоев

 

 

 

Матлабҳои дигар