ХАБАРИ ДОҒ

8.01.1977. Дар қатораи метрои Маскав таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи ин таркиш 44 нафар осеб диданд, ки 7 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки ин амали террористӣ буда, онро се нафар арманитабор С.Затикян, А.Степанян ва З.Багдасарян амалӣ кардаанд.

8.01.1980. Дар СССР бо Қарори махсуси Раёсати ШО таҳти №100, академик Андрей Сахаров аз тамоми мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд. Сахаровро инчунин аз унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (ӯ се ситораи қаҳрамонӣ дошт) низ маҳрум карданд. Сабаби ин амалкард, аъмоли зиддидавлатии академик унвон гардид. Худи Сахаров баъди ду ҳафта аз ин Қарор огоҳ шуд.   

9.01.1920. Нестор Махно, ки бо лақаби Батка Махно дар Украина маъруф буд, аз равона кардани нерӯҳояш бар зидди полякҳо худдорӣ кард. Махно дар ҷанги гражданӣ иттифоқчии болшевикон ба шумор мерафт ва нерӯҳояш дар канори Артиши сурх бо сафедҳо меҷангиданд. Аммо баъди ин амалкардаш болшевикон ӯро ғайриқонунӣ хонданд ва баъди чанде торумор карданд.

10.01.1920. Дар Женева Лигаи Миллатҳо-ташкилоти байналмиллалии давлатҳо таъсис дода шуд. Роҳбари Шӯравӣ Владимир Ленин дар ҳамон оғоз моҳияти ин ташкилотро дарк кард ва дар бобаташ навишт, ки "Лигаи Миллатҳо иттиҳод танҳо дар қоғаз аст ва дар амал бошад ин лига гурӯҳи ҳайвоноти ваҳшие беш нест". Бо вуҷуди ин, СССР соли 1934 ба ин Лига шомил шуд ва баъди 5 сол аз он хориҷ карда шуд. Фаъолияти ин ниҳод низ бо ҳамин ба охир расид.

10.01.1996. Дар рафти ҷанги аввали чечену рус, фармондеҳи чеченҳо Салмон Радуев бо дастаи махсуси худ ба Доғистон юриш бурд ва деҳаи Первомайскро ба тассаруф даровард. 

11.01.1919. Дар Русияи Шӯравӣ Продразвёрстка (супоридани ҳатмии ғаллаи зиёдатӣ ба давлат аз ҷониби деқонон) ҷорӣ карда шуд. Ин система яке аз аносури сиёсати коммунизми ҳарбӣ ба шумор рафта, то соли 1921 дар РСФСР идома дошт.

 

11.01.1935. Нерӯҳои баҳрии СССР дар Шарқи Дур ба Флоти Юқёнуси оромӣ тағийри ном намуданд. Аввалин фармондеҳи Флоти навтаъсис, адмирал дараҷаи 1-ум М. Викторов таъин карда шуд.

11.01.1960. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Маркази омодасозии кайҳонавардон таъсис дода шуд. Аввалин кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин ва дигарон дар ҳамин Марказ барои парвоз ба кайҳон омодагӣ мегирифтанд.

12.01.1955. Дар СССР сохтмони космодроми (фазопартӣ) Байконур оғоз гардид. Ин космодром (фазопарт) дар Қазоқистон сохта шуда, солҳои тӯлонӣ асоситарин маркази ба фазо баровардани кайҳонавардон ба шумор мерафт. Баъди пошхӯрии Иттиҳод, Байканур ба Қазоқистон гузашт ва то соли 2050 аз ҷониби Русия ба иҷора гирифта хоҳад шуд. 

12.01.1989. Дар СССР маъракаи бақайдгирии аҳолӣ анҷом гирифт. Ин охирин ба қайдгирии аҳолӣ дар собиқ Иттиҳод ба шумор рафта, тибқи он аҳолии СССР 286 млн. 717 ҳазор нафарро ташкил намуд.

13.01.1991. Артиши Шӯравӣ маркази телевизионии пойтахти Литва-шаҳри Вилнюсро ба тассаруф даровард. Дар натиҷа чанд нафар ба ҳалокат расида, захмӣ шуданд. Ин рӯз дар Литва ҳамасола чун Рӯзи муҳофизони озодӣ ҷашн гирифта мешавад.

14.01.1918. Русияи Шӯравӣ бо ҳамроҳии Финляндия ба тақвими нави григорианӣ гузаштанд.

14.01.1953. Маршал Броз Тито аввалин президенти Ҷумҳурии Шӯравии Югославия интихоб гардид.

 

Меҳрубон Салимшоев

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter