ХАБАРИ ДОҒ

Аз сӯиқасд ба Нетте то созишномаи тинҷи байни СССР ва Олмон

  • Чоршанбе, Фев 12 2020

5.02.1926. Дар қатораи самти Маскав-Рига ба ҷони дипломати шӯравӣ Теодор Нетте сӯиқасд карданд. Нетте дар ин сӯиқасд ҷон бохт, аммо мукотибаи муҳими дипломатиро ҳифз кард.

7.02.1952. Дар Маскав мурофиаи пӯшидаи аъзоёни маҳфили адаби-сиёсии мактаббачагони масквагӣ баргузор гардид. Аъзоёни ин маҳфил, ки ҳанӯз ба балоғат нарасида буданд, варақаҳо бобати ғайри демократӣ будани системаи интихоботии шӯравиро паҳн мекарданд. Се нафар аз аъзоёни ин гурӯҳро ба қатл маҳкум карданд, 10 нафар ба 25 сол ва 3 нафари дигар ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

7.02.1964. Дар СССР рӯзномаи "Правда" бори аввал тахмин зад, ки дар пушти пардаи сӯиқасд ба ҷони Сергей Киров дар соли 1934 Иосиф Сталин қарор дорад ва Кировро ба дастури ӯ ба қатл расониданд.

8.02.1925. Дар шаҳри Ленинград 7 корманди давлатии шӯравӣ барои фасод ва ришвахорӣ дар соҳаи истеҳсоли пӯст ба қатл маҳкум гардиданд.

8.02.1955. Дар СССР маршал Николай Булганин Раиси Шӯрои Вазирон таъин карда шуд ва раиси пешини ин ниҳод Гергий Маленков вазири нерӯгоҳҳои барқӣ таъин гардид.

8.02.1991. Дар СССР бо қарори президенти кишвар Михаил Горбачев ширкати давлатии телевизион ва радио (ВГТРК) таъсис дода шуд. Ба ин ширкати нав Леонид Кравченко сарварӣ мекард. 

9.02.1919. Ҳукумати нави Украина дар брест бо Олмон созишномаи сулҳро ба имзо расонид, ки тибқи он нерӯҳои артиши олмонӣ Украинаро тасарруф мекарданд.

9.02.1923. Рӯзи таваллуди Авиатсияи мусофирбари шӯравӣ. Дар ин рӯз Шӯрои Меҳнат ва Мудофиа қарор "Бобати таъсиси Шӯрои авиатсияи мусофирбар"-ро ба тасвиб расонид ва тайёраҳои мусофирбари шӯравӣ ба фаъолият шурӯъ карданд.

9.02.1953. Дар пойтахти Исроил шаҳри Тел-Авив ба дохили сафорати СССР бомба партоб намуданд, ки дар натиҷаи он се нафар корманди сафорат ҷароҳат бардоштанд. Ин амали террористӣ сабаб шуд, ки СССР муносибати дипломатиашро бо Исроил қатъ кунад.

 

9.02.1955. Дар СССР маршал Гергий Жуков вазири мудофиаи кишвар таъин карда шуд.

9.02.1984. Дар Маскав котиби генералии КМ ҲКИШ Юрий Андропов баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Андропов яке аз чеҳраҳои дурахшони сиёсатмадорони авохири СССР ба шумор мерафт ва ӯ нафаре буд, ки бо фасод ва ришвахориву дигар зуҳороти номатлуб дар СССР мубориза бурд.

9.02.1998. Дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тбилиси ба ҷони президенти ин кишвар Эдуард Шеварднадзе сӯиқасд карданд. Дар натиҷаи ин сӯиқасд ду нафар аз муҳофизони Шеварднадзе ба ҳалокат расиданд ва худи ӯ ҷароҳат бардошт. Масъулияти ин суиқасдро Салмон Радуев ба ӯҳда гирифт.

10.02.1918 Дар РСФСР ШКХ декрет "Бобати мубориза бо ҷиноятҳои зидди инқилобӣ тавассути матбуот" ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин декрет дар аввалин кишвари Шӯроҳо, Додгоҳи инқилобии матбуот таъсис дода шуд.

10.02.1946. Дар СССР аввалин интихобот ба Шӯрои Олии кишвар баргузор гардид, ки дар он вакилонро мардум интихоб мекарданд.

11.02.1940. Миёни СССР ва Олмон созишномаи тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расид, ки тибқи он СССР ба Олмон ашёи хом ва маҳсулоти хӯрока дода, дар иваз таҷҳизоти истеҳсолии олмониро дарёфт мекард. Баъди як сол ҳаҷми умумии содироти СССР ба Олмон аз 61,6 млн рубл то 736,5 млн. рубл афзоиш ёфт.

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter