Принт

Аз Сулҳи Рига то Рейхи саввум.

 

12.03.1918. Ба Маскав мақоми пойтахти Русия баргардонида шуд. Ин шаҳр то замони Петри 1-ум пойтахти Русия буд ва баъди сохтмони Санкт Петербург пойтахти ин кишвар ба онҷо интиқол дода шуда, болшевикон дубора пойтахтро ба Маскав интиқол доданд.

12.03.1921. Русия Шӯравӣ бо Полша дар шаҳри Рига созишномаи сулҳро миёни ҳам ба имзо расониданд, ки бо Сулҳи Рига дар таърихнигорӣ маъруф аст.

12.03.1936. СССР бо Муғулистон созишномаи иттиҳоди ҳарбиро алайҳи Япония ба имзо расониданд.

12.03.1941. Дар СССР тамоми зиндонҳо аз тобеъиятӣ НКВД ба тобеъиятӣ НКГБ дода шуданд.

12.03.1990. Дар СССР Анҷумани ғайринавбатии вакилони мардумӣ ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман чаҳор рӯз идома дошта, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи собиқ Иттиҳод маҳсуб меёбад. Дар ин Анҷуман моддаи 6-уми Сарқонуни СССР бобати нақши роҳбарикунандаи ҳизби коммунист бекор карда шуд.

13.03.1917. Дар Русияи инқилобӣ аввалин шумораи рӯзномаи "Хабарҳои (Известия) Шӯрои Петроград" рӯи чоп омад. Ин рӯзнома баъдан чун “Известия” (Хабарҳо) маъруф гардида, то ба ҳол дар Русия нашр мегардад.

13.03.1930. Роҳбарияти СССР эълон намуд, ки бекорӣ дар кишвар рафъ карда шуд ва бо ин сабаб Биржаи меҳнат дар Маскав низ фаъолияти худро қатъ кард.

13.03.1964. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ Вазорати бехатарии давлатӣ (МГБ) ба Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) табдил дода шуд. 

14.03.1917. Шӯрои Петроград фармони №1-и худро нашр кард, ки тибқи он дар Артиши подшоҳии Русия низоми демократӣ ҷорӣ карда мешуд.

14.03.1918. Анҷумани умумирусиягии Шӯроҳо созишномаи сулҳи Брестро ба тасвиб расонид.

14.03.1953. Дар СССР Никита Хрушев котиби генералии КМ Ҳизби коммунистӣ СССР интихоб гардид.

14.03.1990. Дар СССР Михаил Горбачев ба муҳлати панҷ сол президенти СССР интихоб карда шуд.

14.03.1991. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ ба қайд гирифта шуданд.

15.03.1927. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Днепрогэс оғоз гардид.

Днепрогэс яке аз бузургтарин иншоотҳои нақшаи индустрикунонии СССР ба шумор рафта, ин нерӯгоҳ дар муддати бисёр кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд.  

15.03.1933. Адолф Гитлер Олмонро Рейхи саввум эълон кард ва дар ин кишвар тамоми рӯзномаҳои чапгаро ва ғизои кошерии яҳудиён мамнуъ эълон гардиданд.

15.03.1946. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Шӯрои Комиссарони Халқӣ ба Шӯрои Вазирон тағйири ном кард.

16.03.1917. Дар Русия князи бузург Михаил Александрович, бародари Николаи 2-юм, аз тоҷу тахт ба нафъи Маҷлиси муассисон даст кашид ва ба ҳукмронии 300-солаи сулолаи Романовӣ хотима дод.

16.03.1937. Дар НКВД-и СССР шӯъбаи мубориза бо дуздии амволи сотсиалистӣ (ОБХСС) таъсис дода шуд. 

17.03.1940. Дар Маскав озмоиши аввалин танки Т-34 бо муваффақият гузаронида шуд. Ин танк яке аз беҳтарин танкҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шумор мерафт ва дар ғалабаи Артиши Сурх бар немисҳо нақши зиёд бозид.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар