Принт

Аз Рӯзи Занон то лоиҳаи Хрушев

  

4.03.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Шӯрои олии ҳарбиро бо сарварии Тротский таъсис дод. Ин Шӯро мебоист ба нерӯҳои мусаллаҳи болшевикӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарӣ мекард.

4.03.1951. Рӯзномаи "Правда" лоиҳаи Хрушевро бобати таъсиси шаҳрҳои аграрӣ дар СССР рӯи чоп овард. Ин шаҳрҳо мебоист дар ҷои деҳаҳо бенёд мегардиданд.

4.03.1963. КМ Ҳизби Коммунисти Украина қарор дод "Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсонро"-ро бо забони украинӣ нашр намояд.

4.03.1990. Дар СССР аввалин интихоботи алтернативии вакилони мардумӣ баргузор гардид.

5.03.1923. Владимир Ленин ба Лев Тротский супориш дод, то коммунистони гурҷиро аз иттиҳомоти Иосиф Сталин дифоъ кунад.

5.03.1940. Бо дастури сарвари НКВД  Лаврентий Берия, 25 700 афсари поляк ва намояндагони қишри буржуазӣ дар ҷангали Котин ба қатл расонида шуданд.

5.03.1946. Сарвазири Бритониё Уинстон Чечил хатти тақсими Аврупоро "пардаи оҳанӣ" унвон кард ва ин рӯз дар таърихнигории муосир чун рӯзи оғози ҷанги сард маъруф гардидааст.

5.03.1953. Дар СССР Иосиф Сталин, сиёсатмадор, давлатмард ва роҳбари низомии шӯравӣ аз дунё гузашт. Сталин инчунин яке аз назарияпардозон ва таблиғгарони бузургӣ "марксизм-ленинизм" ба шумор меравад. 

5.03.1956. Раёсати КМ ҲКИШ қарор дод, тамоми коммунистон ва комсомолонро бо маърӯзаи Никита Хрушев бобати шахспарастии Сталин ошно кунад.

6.03.1918. Дар Маскав Анҷумани VIII и РСДРП (б) ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман номи ҳизбро тағйир дод ва РСДРП (б) ба ВКП (б) табдил дода шуд.

6.03.1925. Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати пионерӣ" (“Пионерская правда”) рӯи чоп омад. Ин рӯзномаи асоситарин минбари пионерони шӯравӣ гардида, то охири мавҷудияти СССР чоп мешуд.

 

6.03.1967. Духтари Иосиф Сталин Светлана Аллилуева ба сафорати ИМА дар Деҳлӣ муроҷиат карда, аз ИМА паноҳандагии сиёсӣ дархост намуд.

7.03.1935. Дар СССР дастуре ба нашр расид, ки тибқи он тамоми асарҳои Тротский, Зиновев ва Каменев аз китобхонаҳои шӯравӣ барчида шуданд.

7.03.1967. Дар СССР ҳафтаи кории 5 рӯза бо ду рӯзи истироҳат ҷорӣ карда шуд.

8.03.1910. Бо қарори Интернатсионали Сотсиалистӣ дар пойтахти Дания, шаҳри Копенгаген рӯзи 8 март, Рӯзи байналмиллалии занон эълон гардид.

8.03.1921. Дар СССР Анҷумани Х-уми РКП(б) ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман қарори гузаштан ба Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) ба тасвиб расид.

9.03.1953. Дар Маскав маросими дафни Иосиф Сталин баргузор гардид. Дар рӯзи маросими дафн дар натиҷаи ҳузури анбӯҳи зиёди мардум садҳо нафар ҷони худро бохтанд.

10.03.1918. Бо сабаби хатари ҳуҷуми Артиши олмонӣ ба Петроград, Анҷумани Шӯроҳо қарор дод, муваққатан пойтахти кишвар аз Петроград ба Маскав интиқол дода шавад. Аммо Маскав барои болшевикон писанд омаду ин шаҳр дигар пойтахти аввалин кишвари Шӯроҳо боқӣ монд.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар