Принт

Аз Президенти РСФСР то сафари Никсон

 

21.05.1919. Дар РСФСР Декрети ШКХ ба тасвиб расид, ки тибқи он дар кишвар сензураи пешакии китобҳо ҷорӣ карда шуда, таъсиси нашриётҳои хусусӣ қатъият манъ гардид.

21.05.1942. Дар рафти ҶБВ, тавассути қаъри кӯли Ладога хатти лӯлаӣ барои таъмини Ленингради муҳосирашуда бо сӯзишворӣ гузаронида шуд.

21.05.1991. Дар Маскав Анҷумани IV-уми вакилони мардумии РСФСР доир гардид, ки дар он Қонун бобати Президенти РСФСР қабул карда шуд.

22.05.1919. Бо сабаби ҳуҷуми нерӯҳои сафеди генерал Юденич ба Петроград, КМ РКП (б) бо шиори «Ҳама ба мудофиаи Петроград» ба тамоми меҳнаткашони шаҳр муроҷиат кард. Дар муроҷиатнома аз коргарон талаб карда мешуд ба ҳеҷ ваҷҳ шаҳрро ба нерӯҳи Юденич таслим накунанд.

22.05.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аввалин чемпионати СССР оид ба футбол ифтитоҳ гардид. Аввалин бозӣ миёни дастаҳои «Динамо”-и Ленинград ва «Локомитив»-и Маскав баргузор карда шуд.

22.05.1940. Дар СССР Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ бобати таъсиси медали тиллоии «Досу Болға», ки нишонгари Қаҳрамои Меҳнати Сотсиалистиро дошт, ба тасвиб расид.

 22.05.1959. Дар СССР Қарори махсуси КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР «Бобати омодасозии инсон барои парвоз ба кайҳон» ба тасвиб расид.

22.05.1972. Сафари расмии президенти ИМА Ричард Никсон ба СССР. Никсон аввалин президенти ИМА ба шумор меравад, ки ба СССР сафари расмӣ доир намуд.

23.05.1924. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав

Анҷумани XIII РКП(б) ба кори худ шурӯ кард.

23.05.1953. Баргузории амалиёти «Баҳор» дар Литва. Дар зарфи 48 соат дар ин ҷумҳурӣ зиёда аз 37 ҳазор деҳқонон, ки аз ворид шудан ба колхозҳо сар боз заданд ба ҳабс гирифта шуда, аз кишвар бадарға гардиданд.

23.05.1963. Ба роҳбари Куба Фидел Кастро унвони фахрии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. 

24.05.1919. Генерал Николай Юденич дар пойтахти Финляндия, шаҳри Хелсинки ҳукумат барои Шимолу-Ғарби Русия-Машварати сиёсиро таъсис дод. Юденич ният дошт артиши 100 ҳазор нафараи финҳоро равонаи Петроград кунад, аммо дар ин кор номуваффақ шуд.

24.05.1925. Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи «Комсомолская правда» (Ҳақиқати комсомолӣ) рӯи чоп омад.

24.05.1937. Маршал Михаил Тухачевский аз сафи ВКП (б) хориҷ карда шуда, Иосиф Сталин барои ҳабси ӯ ризоят дод.

24.05.1977. Пленуми КМ ҲКИШ лоиҳаи Сарқонуни нави СССР-ро тасдиқ кард ва ба Раёсати Шӯрои Олии кишвар пешниҳод намуд, ки лоиҳаро барои баррасии умумихалқӣ пешкаш намояд.

25.05.1956. Дар СССР бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ аз 1 июл барои коргарон ва хизматчиёни аз 16 то 18 сола, рӯзи кории 6 соата ҷорӣ карда шуд.

25.05.1989. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав Анҷумани I-уми вакилони мардумии СССР ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман Михаил Горбачев Раиси Шӯрои Олии СССР интихоб карда шуд.

26.05.1991. Дар Гурҷистон интихоботи президентӣ доир гардид ва дар ин интихобот Звиад Гамсахурдиа, аввалин президенти Гурҷистон интихоб карда шуд.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

Матлабҳои дигар