Принт

Аз буҳрони июнӣ то Паради Ғалаба

17.06.1917. Дар Петроград бо ташаббуси Максим Горкий Лигаи тарбияи иҷтимоъӣ таъсис дода шуд.

18.06.1917. Оғози буҳрони июнии Ҳукумати муваққат дар Русия. Дар ин рӯз даҳҳо ҳазор коргарон ба гирдиҳамоии сиёсӣ шурӯ карда, ҳукумати Керенский дучори бӯҳрони амиқи сиёсӣ гардид.

19.06.1920. Дар РСФСР бо қарори ШКХ, Комиссияи Фавқуллоддаи Умумирусиягӣ бобати маҳви бесаводӣ таъсис дода шуд.

20.06.1918. Дар Петроград аз ҷониби эссерони рост, яке аз беҳтарин суханварони ҳизби болшевикӣ Всеволод Володарский ба қатл расид. Қатли Володарский яке аз аввалин заминаҳои террори сурх аз ҷониби болшевикон унвон гардидааст.

20.06.1921. Дар бандари Петроград аввалин киштӣ бо маводи хӯрока барои кумак ба мардуми гуруснаи Поволже лангар партофт.

20.06.1945. Аз Берлин ба Маскав Парчами Ғалаба оварда шуд. Ин Парчам чанде қабл аз таслимшавии Олмон дар Берлин болои бинои парлумони ин кишвар (Рейхстаг) барафрохта шуда буд.

21.06.1941. Артиши олмонӣ сигнали шартии оғози амалиёти "Барбаросса”-ро дарёфт намуданд. Баъди дарёфти сигнал нерӯҳои низомии Вермахт дар нуқоти шурӯъи амалиёт мустақар гардида, гурӯҳҳои тахрибкори немис бошанд дар ҳудуди СССР ба амалиёти худ шурӯ карданд. Флоти ҳарбии немисҳо даромад ба халиҷи Финро минагузорӣ намуд. 

21.06.1941. Дар Самарқанд мақбараи Темури ланг боз карда шуд. Тибқи баъзе ривоятҳо кандани ин мақбара боиси ҷанг мегашт ва баъди чанд соати кандани мақбараи Темур Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид.

21.06.1956. Дар СССР мушаки нави Р-5М сохта дар истифодаи ҳарбиён қарор дода шуд. Мушаки Р-5М аввалин мушаки шӯравӣ буд, ки метавонист силоҳи атомиро интиқол диҳад.

 

22.06.1941. Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соати 4-и субҳ Артиши олмонӣ сарҳади Иттиҳоди Шӯравиро убур карда, амалиёти ҷангиро тибқи нақшаи "Барбаросса" оғоз намуд. Ин рӯз, дар Русия ва СНГ чун Рӯзи ёдбуд ва андӯҳ унвон гардидааст.

22.06.1960. СССР-у Чин расман муносибат бо ҳамдигарро қатъ карданд. Баҳонаи ин кор, табодули таҳқир миёни сарони ду кишвар гардид. Роҳбари СССР Хрушев Мао Тзэдунро "сталинист" ва Мао бошад Хрушевро "ревезионист" хитоб карданд.   

23.06.1941. Дар СССР бо қарори якҷояи ШКХ ва КМ ВКП(б) Қароргоҳи Фармодеҳии Асосии Нерӯҳои Ҳарбӣ таъсис дода шуд. Ин Қароргоҳ 10 июли соли 1941 ба Қароргоҳи Фармондеҳи Олӣ ва 8 августи соли 1941 ба Қароргоҳи Сарфармондеҳӣ Олӣ тағйири ном карда, то охири ҶБВ фаъолият намуд.

23.06.1944. Оғози амалиёти "Багратион" аз ҷониби нерӯҳои Артиши Сурх. Амалиёти "Багратион" яке аз амалиётҳои калидии ҶБВ ба шумор мерафт ва боиси озодисозии пурраи Беларусия аз нерӯҳои олмонӣ гардид.

23.06.1990. Шӯрои Олии РСС Молдавия Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Молдавияро ба тасвиб расонид.

24.06.1937. Дар Пленуми КМ ВКП(б) яке аз роҳбарони Комминтерн Осип Пятнитский суханронӣ карда, аз аъзоёни пленум талаб намуд, ба таъқиби коммунистон аз ҷониби НКВД нуқта гузошта шавад. Аммо суханронии Пятнитскийро қатъ карда, ӯро бо иттиҳоми ҷосусии пулиси рус ба ҳабс гирифтанд.

24.06.1945. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав Паради Ғалаба баргузор гардид. Ин Парад таҳти фармондеҳии маршал Жуков дар Майдони сурх баргузор гашта, дар охири он, парчамҳои артиши олмонӣ ба назди Мавзолеи Ленин партофта шуданд. 

 

Меҳрубон  Салимшоев

 

Матлабҳои дигар