Принт

Аз ҷанги Корея то Анҷумани ХXVIII- ум

 

25.06.1916. Подшоҳи Русия Николайи II-юм, эъломияи даъвати мардуми бумии Осиёи Миёнаро ба хизмати ҳарбӣ содир кард. Мардуми бумии Осиёи Миёна аз хизмат дар Артиши подшоҳӣ озод буданд ва ин эъломияи Николай норозигии васеъи мардумро дар ин минтақа ба миён овард. Хусусан, дар ҳудуди Қирғизистон, ҷануби Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистони шимолӣ (Хуҷанд) шӯришҳои мардумӣ алайҳи ин эъломия ба вуқӯъ пайвастанд.

25.06.1941. Баъди ҳуҷуми Олмони гитлерӣ ба СССР Финляндия низ ба аввалин кишвари Шӯроҳо эълони ҷанг кард. 

25.06.1946. СССР ба Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) ҳамроҳ гардид.

25.06.1950. Оғози ҷанги Корея. Ин ҷанг яке аз хуносотарин даргириҳо баъди Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шумор меравад, ки дар он нерӯҳои ҳарбии СССР, ЧИН, ИМА ва як қатор кишварҳои дигар ширкат варзиданд. Ҷанги мазкур моҳи июли соли 1953 ба поён расида, Кореяро ба ду қисмат-ҷанубӣ ва шимолӣ тақсимбандӣ кард.

25.06.1953. Дар Маскав, ҳангоми нишасти Бюрои сиёсӣ Лаврентий Берия, роҳбари НКВД ба ҳабс гирифта шуд. 

26.06.1930. Дар Маскав Анҷумани XVI ВКП(б) ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман шиори маъруфи "Панҷсоларо дар чор сол" ба тасвиб расонид.

26.06.1940. Дар СССР бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар рӯзи кории 8 соата, ҳафтаи кории 7 рӯза ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои дер мондан ба кор беш аз 21 дақиқа ҷорӣ карда шуд.

 26.06.1941. Ҳавонаварди шӯравӣ Николай Гастелло аввалин шуда, дар рафти ҶБВ тайёраи худро болои анбӯҳи танк ва мошинҳои душман равона кард. Барои ин корнамоӣ Гастелло бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.

 

26.06.1945. Дар СССР рутбаи Генералиссимуси Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуда, рӯзи дигар ин рутба ба Иосиф Сталин супорида шуд. Сталин аввалин ва ягона генералиссимус дар таърихи СССР ба шумор меравад.

28.06.1941. Дар СССР, тариқи радио бори аввал суруди маъруфи "Ҷанги муқаддас" (Священная война) садо дод. Ин суруд, яке аз маъруфтарин сурудҳои ҶБВ ба шумор рафта, ба шунавандагон рӯҳияи аҷибе ато мекард.

28.06.1948. Дафтари Иттилоотии ҳизбҳои коммунистӣ ва коргарӣ, Иттиҳоди коммунистони Югославияро аз ҳайати худ ихроҷ кард. Баҳонаи ин кор, норозигии Броз Тито аз сиёсати Сталин гардид. Инчунин Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни СССР ва Югославия низ лағв карда шуд.

28.06.1988. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав Конфронси XIX-уми Ҳизби коммунист ба кори худ шурӯ кард. Баргузории ин конфронс, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи СССР ба шумор меравад. Маҳз конфронси XIX-ум, бозсозии сиёсиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо роҳандозӣ намуд.

 29.06.1957. Дар Маскав Пленуми ғайринавбатии КМ ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид. Дар ин Пленум қатънома "Бобати гурӯҳи зидди ҳизбии Маленков, Молотов, Каганович ва Шепилов, ки ба онҳо ҳамроҳ гардида буд" қабул карда шуд. Маленков, Молотов, Каганович ва Шепилов аз сафи ҳизб ва вазифаҳои роҳбарикунанда канор зада шуданд.

30.06.1941. Дар заводи ба номи Коминтерни шаҳри Воронеж, ду мушакандози аввалини ҷангии БМ-13 "катюша" ҷамъоварӣ гардиданд. Катюшаҳо яке аз силоҳҳои пешрафтаи ҶБВ ба шумор рафта, дар пирӯзии Артиши Сурх дар ҷанг нақши боризе доштанд.

1.07.1918. Ҳукумати Русияи Шӯравӣ корпартоиро манъ ва коргарони корпарторо душманони мардуми заҳматкаш эълон карданд.

1.07.1921. Дар шаҳри Шанхайи Чин 13 вакили коммунист Ҳизби коммунистии Чинро таъсис доданд.

1.07.1987. Дар СССР қонун "Бобати корхонаҳои давлатӣ" ба тасвиб расид. Ин қонун мустақилияти воҳидҳои хоҷагидориро дар СССР васеъ намуда, корхонаҳоро ба худмаблағгузорӣ гузаронид.

2.07.1990. Дар СССР Анҷумани XXVIII ҲКИШ ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷумани охирини Ҳизби коммунист дар таърихи собиқ СССР ба шумор меравад.

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

 

Матлабҳои дигар