Принт

Аз муҳорибаи Қафқоз то таъсиси "Алфа"

24.07.1942. Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ, шаҳри Ростови лаби Донро ишғол кард. Бо ишғоли Ростов немисҳо роҳро ба сӯи Қафқоз боз карданд ва муҳорибаи Қафқоз яке аз тӯлонитарин набардҳои ҶБВ оғоз гардид.

24.07.1945. Дар конфронси Потсдам, президенти ИМА Гарри Трумэн, роҳбари СССР Иосиф Сталинро аз сохтани силоҳи нави пурзӯр, бомбаи атомӣ огоҳ кард. 

24.07.1990. Дар СССР тамоми маҳдудиятҳо дар фурӯши маҳсулоти алкоголӣ, ки 5 сол қабл ҷорӣ гардида буданд, бекор карда шуданд.

25.07.1918. Ҳукумати Шӯравӣ (ШКХ) бо имзои Ленин қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он, яҳудситезӣ (антисемитизм) "марг барои инқилоби коргарӣ ва деҳқонӣ" унвон гардид.

25.07.1930. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори КМ ВКП(б) маълумоти ибтидоии умумӣ ҷорӣ карда шуд.

25.07.1937. Дар СССР Кумитаи Марказии комсомоли РСС Украина, ташкилоти зиддинқилобӣ эълон гардида, пурра пароканда карда шуд.

26.07.1917. Дар Петроград Анҷумани VI- и РСДРП (б) ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман дар шароити махфӣ баргузор гардида, ба кори он Сталин ва Свердлов роҳбарӣ мекарданд.

26.07.1938. Роҳбари НКВД Николай Ежов барои Сталин рӯихати 138 фармондеҳи Артиши Сурхро равона кард, ки душмани халқ эълон шуда, бояд ба қатл мерасиданд. Сталин ва Молотов ба қатли фармондеҳон ризоят доданд ва баъди чанде, ин фармондеҳон ҳама ба қатл расиданд.

26.07.1945. Дар конфронси Потсдам, роҳбарони ИМА, Бритониё ва Чин Эъломияеро ба тасвиб расониданд, ки таслими бе чуну чарои Японияро тақозо мекард. Баъди радди талабҳои Эъломия аз ҷониби Япония, 8 август СССР низ ба он ҳамроҳ шуд ва бо Япония вориди ҷанг гардид.

26.07.1975. Роҳбари КГБ-и СССР Юрий Андропов ба аъзоёни КМ ҲКИШ тавсия дод, хонаи Ипатевро дар Свердловск, ки дар он соли 1918 Николайи дуввум бо аҳли оилааш ба қатл расид, тахриб намоянд

 

26.07.1983. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ислоҳоти нав эълон гардид. Ин ислоҳот ба роҳбарони корхонаҳо мустақилияти бештар дар таъини музди меҳнат, мукофотпулӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои нав қоил мешуд.

26.07.1993. Дар Русия гардиши пулҳои шӯравии барориши солҳои 1961-1992 манъ карда шуда, рубли нави русӣ ҷойгузинӣ онҳо гардид.

27.07.1925. Дар СССР бо қарори КМИ ва ШКХ, Академияи илмҳои Русия муассисаи олии омӯзишии кишвар эътироф карда шуд. 

27.07.1990. Шӯрои Олии РСС Беларусия, Эъломияи истиқлолияти давлатии Беларусияро қабул кард.

28.07.1944. Дар рафти ҶБВ Артиши Сурх шаҳри Брестро аз тасарруфи немисҳо озод кард. 

28.07.1988. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, гирдиҳамоиҳои ғайрирасмӣ, роҳпаймоиҳо ва чорабиниҳои дигар иҷозат дода шуданд.

29.07.1974. Дар СССР бо фармони раиси КГБ Юрий Андропов, гурӯҳи зудамали "Алфа" барои мубориза бо терроризм созмон дода шуд.

30.07.1937. Дар СССР "сегонаҳои" фавқулоддаи НКВД, ҳуқуқи баровардани ҳукми қатлро барои "душманони халқ", касб карданд.

Меҳрубон  Салимшоев

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар