ХАБАРИ ДОҒ

Хуҷанд яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад ва дар асрҳои VII -VI қабл аз милод аз ҷониби шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Куруши Кабир бунёнгузорӣ шуда, бори аввал чун Кирополис дар маъхазҳои таърихӣ ёдоварӣ гардидааст.

Дар асри V қабл аз милод Хуҷанд ба ҳайати давлати Суғдиён шомил мешуд. 

Дар қарнҳои VI-IV и пеш аз милод Хуҷанд ба ҳайати императории Ҳахоманишӣ шомил гардида, дар замони Ардашери II-юм ин шаҳри қадимии тоҷикон дар қатори Хоразм, Парфия ва Ориёно ба сотропии 11-уми императории Ҳахоманишӣ дохил мегардид.

Солҳои 329-327 қабл аз милод Хуҷанд аз ҷониби лашкари юнону-мақдунӣ истило шуда, тибқи баъзе маъхазҳо Искандари Мақдуни Хуҷандро ба Искандарияи Эсхата тағйири ном дод ва бо ҳамроҳии Бохтар дар як сотропии нав муттаҳид кард.

Дар қарни аввали милодӣ Хуҷанд ба ҳайати давлати Кушониён шомил гардид.

Дар қарнҳои IV-V Хуҷандро ҳафтолиён тасарруф намуданд.                                          

Дар қарнҳои IV-VIII ҳудуди Суғди имрӯза ба кишварҳои хурди мустақил тақсимбандӣ гардид. Дар ин давра нақши суғдиён дар тиҷорати Шарқ баръало намоён буда, савдогарони суғдӣ тиҷорати абрешимро пурра дар дасти худ нигаҳ медоштанд ва аз Муғулистон то Чину Марв марказҳои савдоии худро доштанд.

 Дар қарни VIII-уми милодӣ Хуҷанд дар қатори дигар шаҳрҳои Суғди бостонӣ аз ҷониби арабҳо истило гардид.

Солҳои 1219-1220 Хуҷанд, ки ба ҳайати давлати Хоразмшоҳ шомил буд, аз ҷониби муғулон истило карда шуд. Ин шаҳри қадимии тоҷикон бо сарварии Темурмалик, мардона бо лашкари Чингизхон ҷангид ва муғулон муддати тӯлонӣ натавонистанд онро фатҳ кунанд.

Соли 1866 шаҳри Хуҷанд аз ҷониби русҳо ишғол ва ба ҳайати императории Русия шомил карда шуд.

 

Соли 1916 дар Хуҷанд шӯриши мардумӣ алайҳи русҳо ба вуқӯъ пайваст ва русҳо танҳо баъди ҷанги тӯлонӣ тавонистанд авзоро дар ин шаҳри тоҷикон боз таҳти тасарруфи худ дароранд.

Соли 1918 дар Хуҷанд ҳукумати Шӯравӣ барқарор карда шуд. 

Баъди тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ дар Осиёи Миёна Хуҷанд то соли 1929 ба ҳайати РСС Ӯзбекистон шомил буд.

2 октябри соли 1929 ин шаҳри тоҷикон ба ҳайати РАСС Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.

16 октябри соли 1929 Хуҷанд ба ҳайати РСС Тоҷикистон шомил гардид.

10 январи соли 1936 Хуҷанд ба Ленинобод тағйири ном кард.

Соли 1986 ин шаҳри бостонии тоҷикон 2500 солагии худро бо тантана ҷашн гирифт. Ба ин муносибат, бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР Хуҷанд бо ордени “Дӯстии халқҳо” мукофотонида шуд.

26 феврали соли 1991 бо талаби сокинони шаҳр, Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон бо қарори худ, номи қадимии шаҳрро барқарор намуд ва Ленинобод боз ба Хуҷанд тағйири ном кард.

10 ноябри соли 2000-ум бошад, вилояти Ленинобод низ номи таърихии худро соҳиб шуда, вилояти Суғд номгузорӣ гардид.

Меҳрубон 

Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter