ХАБАРИ ДОҒ

  Панҷшанбе, 13.08.2020. Чанд лаҳза пеш Гулназар Келдӣ, яке аз шоирони шинохтаи кишвар ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ дар беморхонаи «Истиқлол»-и пойтахт аз олам даргузашт. 

 Гулназар Келдӣ чанд рӯзи ахир дар беморхонаи мазкур бо гумони мубтало шудан ба бемории коронавирус бистарӣ карда шуда, зери асбоби нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт. 

 

Ҳамин рӯз, ба нохост ин дубайтии устоди устодони шеъри тоҷикии дарии порсӣ бе гумон ёдам омаду онро дар саҳифаи интернетиям киштам:

Зи ман тифлӣ бирафту бе нишон шуд,

Савори най гузашту ноаён шуд.

Вале Ишқи замони кӯдакиям,

Зи дил берун нашуд, бо ман калон шуд!!!

 Дунёро бин, ки устод дар сакароти ҷон будаанд.

Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, дӯст, устод ва ҳамкори гиромӣ...

Ҳамагӣ чанде пеш бо устод сӯҳбати тилфонӣ доштему 1 шеър навишта буд дар бораи коронавирус ва маҳз ба СССР равонаш кард. 

"Мо ношикастем!"-унвонии шеър буд. 

 

Мо ношикастем!

Коронавирус хоҳад ҷудоӣ,

Дорад аз ин раҳ кишваркушоӣ,

Хоҳад, ки ёре н-ояд ба ёрӣ,

Аз 1 диёре бар 1 диёре,

Аммо дили мо аз ҳам ҷудо нест,

Одам зи одам 1 дам ҷудо нест.

 

Коронавирус-хасми муҳаббат,

Доми рафоқат, дори садоқат, 

Хоҳад, ки бошад дарҳои баста, 

Пӯяндагонро пойи шикаста,

Аммо ҳаросад аз ваҳдати мо

Аз сабру тамкин, аз шавкати мо.

 

Коронавирус ҳамрози шом аст, 

Сар то ба пояш маҳви зулом аст,

Хоҳад, ки ҳар кас худро кунад гум,

Дар маҳшари ғам, дар байни мардум.

Аммо сафед аст рахти табибон,

Хезад сапеда аз ин ҳабибон.

 

Коронавирус афтад ба зиллат

Дар пеши миллат, дар пеши давлат.

Миллат-вафодор, давлат-бақодор,

Аҳди ниёгон моро мададгор.

Дар роҳи мақсуд дасти ба дастем

То бо ҳам астем, мо НОшикастем!

 

Устоди гиромӣ, ҳарчанд ягон-ягон моро ин вирус аз байн мебарад, вале савганд ба номи некатон, ки моро нахоҳад шикаст, зеро таҳти шиори Шумои гиромӣ, мо якҷо мешавем ва намешиканем. Мо Метавонем!

Ва аз ҳама охир: Нагузоред, ки ҷанозаи Устод бе гирдиҳамоиву шеъру -ғазалсароӣ ва бе маросими хайрбод ба дасти хок равад, чун ҷанозаи Бозор, чун ҷанозаи Муъминшоҳ, чун ҷанозаи даҳҳо тан сарбохтагони фарҳанги 

 

Зиндагиномаи шоир

 Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари н.Айнӣ таваллуд шудааст. Баъди бо нишони тилло хатм намудани мактаби миёнаи деҳа, соли 1961 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1966 бо дипломи сурх хатм кардааст. 

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Баъдан дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» мудири шуъба ва сармуҳаррир, солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст.

   Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст.

То имрӯз дар ҳудуди 40 маҷмӯаи ашъори ӯ нашр шудаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Аз барои Гулизор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом», «Се кулчаи танӯрӣ» ва ғ. аз он ҷумлаанд.

   Шоир барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) гардидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳояш барои калонсолон «Гули афшони олуча» ба забонҳои русию ӯзбекӣ низ тарҷума ва чоп шудааст. Китоби ҳикояҳои «Калоба» барои хурдсолон пешниҳод гардидааст. Дар асарҳои тадқиқотии «Лоиқе чун Лоиқе», «Қутбии қутби сухан» ва бисёр мақолаҳои адабиву публитсистияш ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти суханварони маъруфи кишварро мавриди баррасии шоирона қарор додааст.

   Аз тариқи муассисаҳои нашриётии «Адиб»-у «Адабиёти бачагон» қиссаву ривоятҳои алоҳидаи Саноӣ, Низомӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва дигар классикони адабиёти тоҷик дар бозгӯйи ӯ, ба забони фасеҳи адабии барои бачаҳо фаҳмо, ба чоп расидаанд, ки дар байни хонандагони хурдсол обрӯю эътибори шоиста пайдо кардаанд.

   Дар заминаи филмномаҳои ӯ филмҳои ҳунарии «Нишони зиндагӣ», «Дар орзуи падар» (қисматҳои охир), «Сездаҳ солу се моҳ», «Баҳори як кӯча», «Марги бегуноҳ» ва «Бачаҳои таҳхонагӣ» ба навор гирифта шудаанд. Дар Маскав, ба забони русӣ (аз тариқи нашриёти «Советский писатель») маҷмӯаҳои ашъораш «Звезда Улугбека» ва «Безымянный родник» ба табъ расидаанд. Соли 1999 нашриёти «Суруш» (Теҳрон) гулчини ашъораш «Забони ошиқӣ»-ро мунташир сохтааст.

Шеърҳои Гулназар ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума ва чоп шудаанд.

Дар Қувайт маҷмӯаи шеърҳояш (ҳамроҳи ашъори Гулрухсор) ба забони арабӣ нашр гардидааст. Шеърҳои классикони рус, шоирони машҳури араб, баёзи назми муосири Фаронсаро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи қиссаи «Парвози шабона»-и С.А.Экзюпери ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

   Гулназар Келдӣ муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода. Бо нишонҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Дарахти дӯстӣ» (Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ) ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмилалии савдо барои инкишофи зеҳният мукофотонида шудааст. Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

 

Гулназар Келдӣ: Гимни миллӣ

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

 

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

 

Барои нангу номи мо

Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,

Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

 

Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.

 

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

 

Ту модари ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

 

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

 

CCCР ба аёдати шоири тавоно рафта буд...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter