ХАБАРИ ДОҒ

 

13.08.1928. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав аввалин Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

13.08.1941. Дар рафти ҶБВ артиши руминҳо дар ҳамбастагӣ бо артиши олмонӣ, ба соҳили Баҳри сиёҳ баромада, Одессаро ба пуррагӣ аз хушкӣ муҳосира кард.

13.08.1961. Ҷумҳурии Демократии Олмон, сарҳадро миёни Берлини Ғарбӣ ва Шарқӣ баст ва ба сохтмони девори Берлин оғоз намуд.

14.08.1919. Оғози амалиёти Актюбински Артиши Сурх дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия. Дар ин амалиёт нерӯҳои фронти Туркистони Артиши Сурх бо сарварии М. Фрунзе, артиши ҷанубии Колчакро торумор намуда, роҳро ба сӯи Осиёи Миёна боз карданд.

14.08.1943. Бо Фармони ҳукумати Шӯравӣ, дар шаҳри Қазон дар ҳайати АИ СССР  озмоишгоҳи №2 таъсис дода шуд. Ба ин озмоишгоҳ академик Игор Курчатов сарварӣ мекард ва кормандони он ба омӯзиши сохти ураниюм машғул буданд. Ин озмоишгоҳ баъдан ба Донишкадаи энержии атомии ба номи Курчатов табдил дода шуд.

14.08.1992. Артиши Гурҷистон вориди ҳудуди Абхазия гардид. Оғози ҷанги гурҷиву абхоз.

15.08.1918. ИМА бо Русияи Шӯравӣ муносибатҳои дипломатиашро қатъ кард. Худи ҳамин рӯз артиши амрикоӣ ба Владивосток ворид гардида, ба мудохилаи ҳарбии кишварҳои Антанта ба Русия оғоз бахшид.

15.08.1991. Дар матбуоти Шӯравӣ лоиҳаи нави Созишномаи Иттиҳодӣ рӯи чоп омад.

16.08.1938. Кумитаи иҷрояи Коминтерн қарор дод, Ҳизби коммунисти Полшаро бо сабаби роҳ ёфтани ҷосусони фашистӣ ба ҳайати он пароканда кунад.

16.08.1941. Дар СССР фармони № 270 ба тасвиб расид, ки дар он возеҳу равшан ташреҳ дода мешуд, кадом як аз хизматчиёни Артиши Сурхро ватанфурӯш донистан мумкин аст.

17.08.1934. Дар Маскав аввалин Анҷумани нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ доир гардид. Дар миёни иштирокчиёни ин Анҷуман, нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ низ буд.

17.08.1965. Оғози амалиёти "Starlite"-и артиши ИМА дар рафти ҷанги Ветнам. Ин амалиёт дар нимҷазираи Вантионг баргузор гардида, аввалин амалиёти бузурги заминии артиши амрикоӣ дар рафти ҷанги Ветнам ба шумор меравад.

 

18.08.1918. Дар РСФСР, Иттиҳоди умумирусиягии рӯзноманигорони шӯравӣ таъсис дода шуд.

18.08.1968. Роҳбарияти кишварҳои Созишномаи Варшава, ба ворид кардани артиши ин созмон ба Чехословакия ризоят доданд.

18.08.1991. Президенти СССР Михаил Горбачев дар Фороси Қрим ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

19.08.1944. Ҳавонаварди шӯравӣ Александр Покришкин, аввалин ҳарбие гардид, ки унвони 3 карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро ноил шуд.

19.08.1945. Раёсати Шӯрои Олии СССР Низомномаи СММ-ро ба тасвиб расонид.

19.08.1991. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав гурӯҳе аз собиқадорони КПСС Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқуллоддаро (ГКЧП) таъсис дода, бар зидди сиёсати Горбачев қиём карданд.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter