ХАБАРИ ДОҒ

Ҳар ҷо фалокату шумхабарест, ҳатман номи “Кабирӣ” он ҷост!

  • Чоршанбе, Сен 23 2020

 

Ҳар боре як шумхабаре дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет паҳн гардад, дар он ҳатман номи М.Кабирӣ ҳузур дорад. Яъне агар бигуем, ки дар Тоҷикистон  калимаи “Кабирӣ” муродифи калимаи “шумхабар” гаштааст, хато нахоҳем кард. Чанд руз қабл ин роҳгумзада бо ёрии хоҷагони хориҷиаш ба минбари байналмилалӣ роҳ ёфт ва бо ибрози якчанд далелу фактҳои беасоси ташкилотҳои хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон гуё мавқеи сиёсии худро нисбат ба ҳамватанони худ иброз намуд. Албатта гуфтаҳои у мисли ҳарвақта маҳсули зеҳнии худаш набуда, балки аз манбаҳои гуногуни иттилоотӣ ҷамъоварӣ шуданду асосан аз туҳмату хулосабарории бемантиқ иборат буданд. Аммо дар муқоиса бо суханрониҳои пешинаи  М.Кабирӣ,  вай  ин дафъа “ниқоби демократмаобии” худро аз башарааш дур сохту симои аслии “доиш”-онаи худро барои ҳамагон ошкор намуд, яъне аз суханбозиҳои демократии худ ба истифодаи риторикаи ҷангӣ гузашт. 

М.Кабирӣ, ки то рузҳои наздик аз таҳдиду шантажи руирости халқи Тоҷикистон худдорӣ мекард, баъд аз ба даст оварадани минбари Университети бонуфузи амрикоӣ якбора  руҳи  тоза гирифту мардуми тоҷикро боз ба хунрезӣ ва барҳам додани сохти конститутсионӣ даъват намуд. Мумкин аст М.Кабирӣ фикр дорад, ки  даъвати у ба ин ҳамоиши онлайни  худ як сигнале аз ҷониби  роҳбарияти ИМА аст, ки гуё  бо воситаи  университети амрикоӣ М.Кабириро боз  ба “бозӣ” дароварданд. Аслан М.Кабирӣ одат кардааст, ки аз ҷониби ягон маркази бонуфузи хориҷӣ “бозӣ” доронда шавад. Вақте дар Маскав таҳсил мекард, аз ҷониби Е.Примаков, раиси ҳамонвақти Хадамоти кашшофии хориҷи ФР “бозӣ” доронда мешуд. Он ки  М.Кабирӣ ёрдамчии А.Нурӣ гашту, баъдан роҳбарияти Ҳизби наҳзатро ба души худ гирифт, маҳз бо “тавсия”-и Е.Примаков ба амал оварда шуд. Дертар М.Кабирӣ  дар  симои собиқ котиби давлатии Амрико Кондолиза Райс, як “хоҷазан” ё худ “госпожа”-и нави худро пайдо карду аз ҷониби ин хонум хуб  “бозӣ” доронда шуд.  Имрӯз ҳам М.Кабирӣ дар симои як Оятулло дар кишвари ҳамзабони мо  “хоҷа”-и дигаре дорад. Албатта ин падида давоми мантиқии ҳамон вобастагии психологӣ ва маънавии М.Кабирӣ, ки худ як табиати “ғулом”-ро дорад, аз ин ё он “хоҷа” мебошад. Ин як вобастагии  классикии психологии “хоҷа” ва  “ғулом” албатта дар асарҳои машҳури психоаналитики австриягӣ Зигмунд Фрейд, хусусан дар асари машҳураш “Се очерк оид ба назарияи  шаҳвоният” хеле дақиқ ва мушаххас таҳлил гардидаст. Хонандаи дақиқкор худ метавонад аз ин асар мутолиа намуда, дар  мавриди ҳолати бади руҳӣ ва ғуломтабиатии М.Кабирӣ хулосабарорӣ намояд. Зигмунд Фрейд ба ин гуна муносибати  “хоҷа” ва “ғулом”, мафҳуми “садомазо”-ро нисбат медиҳад. Албатта дар мавриди  М.Кабирӣ, ки як  “садомазохисти сиёсӣ”-и таҷрибадор, ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки дарди ӯ даъво надорад ва имруз ҳаммаслкони ӯ Шарофиддин Гадоев, Темур Варқӣ, Кури Саидюнус, Муҳаммадиқболи Садриддин, Алим Шерзамонов ҳама гирифтори дарди бедаъвои “садомазхизми сиёсӣ” шудаанду  бе “хоҷа”-и худ дигар қудрати фаъолияту зиндагӣ карданро надоранд.

Ҳаминро таъкид кардан мехоҳам, ки М.Кабирӣ ҳеҷ гоҳ шахси мустақил набуд ва ҳеҷ гоҳ ягон иқдомро бе машварат бо хоҷагонаш амалӣ намекунад. То ҳол аз ҷониби М.Кабирӣ ягон мақолаи илман асоснокшуда ё худ ягон китоби бигзор ҳатто таблиғотӣ бошад таълиф нагардидааст. М.Кабирӣ як намунаи сиёсатбози популист аст, яъне М.Кабирӣ ҳеҷ гоҳ як сиёсатмадор набуд, балки фақат як сиёсатбоз буд. Дар давоми солҳое, ки М.Кабирӣ ҳамчун роҳбари ҳизб бо роҳбарияти давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои хориҷӣ вохӯрда буд, ҳатман аз болои роҳбарияти олии Тоҷикистон шикоят ва талаб мекард, ки нисбати роҳбари Тоҷикистон таҳримҳо ворид карда шавад. Ин “суруд”-и куҳнаи М.Кабирӣ боз ҳам дар суханронии навбатиаш чанд руз пеш садо доданд. Таҳрим бояд барои чӣ ҷорӣ шавад? Барои он  ки роҳбарияти Тоҷикистон бо тамоми имконияти мавҷуд кӯшиш дорад сулҳу суботро дар кишвар таъмин намояд? То ин дараҷа ноқисулақл будани М.Кабириро  тасаввур намекардам. М.Кабирӣ дар суханрониаш дар бораи миллиардҳо доллар, ки аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ барои барқарор кардани соҳаи хоҷагии халқи Тоҷикистон ҷудо шуда буд, бо ҳасрат гап мезанад. Бале маблағҳо ворид шудан ва соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, тандурустӣ, ки аз дасти тахрибкорони наҳзатӣ дар солҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ фалаҷ гашт, аз ҳисоби ҳамон кумак ва грантҳои хориҷӣ барқарор шуданд. Аммо маблағҳои зиёди молиявӣ, ки аз мамлакатҳои Ховари Миёна ба ҷайби М.Кабирӣ ворид гаштанд куҷо шуданд? 

Давлатҳои Ғарб бояд ба худи М.Кабирӣ ва оилааш таҳрим ворид созаду аз ин саркардаи наҳзатӣ як бор бипурсад, ки ин қадар меҳмонхона, ресторанҳо ва дигар объектҳои соҳибкориро М.Кабирӣ ва оилааш дар Полша, Германия ва Латвия аз кадом ҳисоб харидорӣ ва ташкил намудааст? Чаро кумитаи андоз, бонкдории ин давлатҳои Аврупо сарчашмаҳои молиявии ин моликияти М.Кабириро дар Иттиҳоди Аврупо пурсон намешавад? Агар имруз М.Кабирӣ дар бораи  стандартҳои дугона суол мекунад, як бор аз худаш сар кунад ва нишон диҳад, ки дар муддати кутоҳ аз куҷо дар Иттиҳоди Аврупо соҳиби соҳибкории  бисёрмиллиона гаштааст?

М.Кабирӣ аз баъзе роҳбарони аврупоӣ норозӣ аст, чунки онҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд. Хусусан ба ӯ рафтори президенти Фаронса мақбул нест, чунки ба дуруғпардозиҳои М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бовар накард. Ҳарчанд наҳзатиҳо аз тамоми воситаҳо ва абзорҳои истифода бурданд, аммо натавонистанд    роҳбарияти олии Фаронсаро дар бораи бегуноҳии худ, яъне Ҳизби наҳзат мутмаин созанд. Шаҳрванди Фаронса дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ маҳз аз дасти қумондони Ҳизби наҳзат Ризвон Содиров кушта шуд. Миллати Фаронса ҳеҷ гоҳ ин ҷинояти мудҳиши Ҳизби наҳзатро аз хотир намебарорад. Фаронса пайваста мавриди ҳуҷуми наҳзатимаобон ва экстремистони исломӣ қарор мегиранд ва ҳеҷгоҳ ба як террористи дараҷаи байнамилалӣ, яъне М.Кабирӣ бовар нахоҳанд кард

М.Кабирӣ  изҳор дорад, ки Ҳизби террористии наҳзат ҷониби сулҳ буд. Агар наҳзатиҳо ҷанги тоҷиккушро ба хотири динашон сар намекарданд, ҳамон сулҳам лозим намешуд. Чаро  М.Кабирӣ  руирост намегуяд, ки Ҳизби наҳзат модоме, ки як тарафи сулҳ буд, ҳамзамон як тарафи ҷанг ҳам буд. Ҷанге, ки маҳз Ҳизби наҳзат оғоз карда буд. Чоргона ҷангҷу инҳо буданд: Ҳизби демократ, “Растохез”, “Лаъли Бадахшон”, Ҳизби террористии наҳзат. Ин “Чоргонаи ҷангӣ” бо ташкили “Ҳукумати муросои миллӣ” дар муддати нимсол ҳокимияти сиёсиро дар Тоҷикистон касб намуда, бо тоҷиккушӣ машғул шуданд. Дертар ин “чоргона” як тарафи сулҳ шуданд, яъне ҳамон тарафе, ки бо даъвои М.Кабирӣ ба Тоҷикистон сулҳ овардааст. Шумо ҷанг ташкил кардед М.Кабирӣ, барои сулҳ кардан шуморо “Фронти халқӣ” маҷбур кард. Аз хотир баровардед? Вақте ки Ҳизби террористии наҳзат ташкил шуду нақшаи эъмори давлати демократиро мекашид, яъне аввали солҳои 90-ум, он вақт ташкилоте бо номи “Фронти халқӣ” мавҷуд набуд. Чаро  М.Кабирӣ инро далелро аз хотир баровард? Пайдоши “Фронти халқӣ” ин аксуламали тоҷикони ватандор ба зулму ситами аъзоёни Ҳизби террористии  наҳзат буд. Магар аз хотир баровардед ин далелро М.Кабирӣ? 

Мо ҷониби сулҳ будему моро аз Тоҷикистон берун карданд, даъво дорад М.Кабирӣ. Касе шуморо берун накардааст М.Кабирӣ, шумо аз Тоҷикистон бо аҳли оила ва миллионҳо доллари аз мамлакатҳои мусулмон гирифта, гурехтаед. Гапро, чӣ хеле ки хуҷандиҳо мегуянд, мардакчаша гуфтан даркор уртоқ М.Кабирӣ! Як сол пеш аз табаддулот давлатӣ, яъне ҳануз соли 2014 шумо М.Кабирӣ аллакай тамоми дороӣ ва оилаи худро аз Тоҷикистон бароварда будед. Факту далелҳо ҳастанд! Баъдтар дидаву дониста аъзоёни қатории Ҳизби террористии наҳзатро қурбони дасиса ва амбитсияҳои шахсии худ кардеду, ҳаёти онҳоро ба ҷаҳанам табдил додед. Имруз дар виллаи боҳашамат худ дар маркази Аврупо, боз ҳамон вайронкории худро давом дида истодаед. Ба М.Кабирӣ муроҷиат карда гуфтаниам, ки  мунофиқӣ ҳам ҳадду ҳудуд доштагист. Дигар бас будагист оромии мардуми тоҷикро халалдор кардан. Модоме, ки ҳаётро дар ғарибӣ ихтиёр кардед, дигар бо ҳамон ватани наватон бошед. Шумо дигар тоҷик ҳам нестед, чунки дар шиносномаатон “тоҷик” навиштагӣ бошад ҳам, руҳу мафкураи зиддитоҷикӣ доред. Ботини ифротӣ ва динзадаи шумо дастовардҳои миллати тоҷикро дар 29 соли сипаришуда нодида мегирад. Магар куред, ки  фарқи Тоҷикистони солҳои 90-умро аз Тоҷикистони соли 2020  намебинед. 

Имруз М.Кабирӣ аз минбари байналмилалӣ талаб дорад, ки ҳодисаи куштори хориҷиён  дар Данғара таҳқиқ карда шавад ва онро ҳатман ташкилотҳои хориҷӣ бояд анҷом диҳад. Аммо чаро М.Кабирӣ, ки худро вориси тамоми амалҳои зиддитоҷикии Ҳизби террористии наҳзат меномад, аз ҷомеи ҷаҳонӣ талаб намекунад, ки оид ба ҷиноятҳои содиркардаи  Ризвон Содиров, қумондони Ҳизби  террористии наҳзат як таҳқиқоти байналмилалӣ бурда шавад? Хешовандони   шахсоне, ки аз ҷониби қумондонҳои Ҳизби террористии наҳзат кушта шудаанд, қотилони наҳзатиро то ҳол ба маҳкама кашидан мехоҳанд. Онҳо адолат талаб доранд.  Ку, М.Кабирӣ мард бошӣ адолатро таъмин куну ба хешовандони шахсони аз ҷониби наҳзатиҳо кушта шуда ҷавоб деҳ? М.Кабирӣ агар вориси Ҳизби террористии наҳзат бошад, бигзор дар назди Трибунали байналмилалӣ, хусусан барои ҷиноятҳои содиркардаи Ризвон Содиров ҷавоб диҳад! Чаро М.Кабирӣ талаб намекунад, ки генотсиди тоҷикон, ки аз ҷониби Ҳизби террористии наҳзат дар совхози “Туркманистон” содир шуд, таҳқиқ карда шавад. Ҷониби Тоҷикистон  тамоми видеонаворҳо ва дигар факту рақамҳо, шоҳидони ҷиноятҳои мудҳиши Ҳизби наҳзат ва ворисаш М.Кабириро барои ҷаҳониён пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳои куштори  тоҷикон, бо имзои саркардагони Ҳизби террористии наҳзат ҳоло ҳам дар бойгониҳои махсус дар  Тоҷикистон мавҷуданд. Куҷост ташкилоти «Reporters Without Borders» Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) ва дигар ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқ, ки ба Тоҷикистон омада ин ҷиноятҳои содикардаи Ҳизби террористии наҳзатро таҳқиқ карданд. Албатта М.Кабирӣ  моҳирона  ин ҷиноятҳои  Ҳизби террористии наҳзатро руйпуш карда, иброз дорад, ки ин ҳама дар солҳои ҷанги шаҳрванди содир шуданду тарафайн якдигарро бахшиданд, гуё дигар Ҳизби террористии наҳзат ба ин амалҳои худ ҷавобгар нест. Ин тавр нест!!! Идеологияи зиддитоҷикии Ҳизби террористии наҳзат тағйир наёфтааст! Инҳо ҳамон пайравони Ризвон Содиров ҳастанд, ки аскарони ҳукуматиро бо фиреб ба хонаашон даъват мекунанду аз Аллоҳ қасам мехуранд ва баъдан тоҷики худро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. М.Кабирӣ галстукпуш аз Ризвон Содиров ягон фарқият надорад, чунки мисли вай ҷоҳил, худхоҳ, шуҳраталаб, чоплус, хунталаб, таҷовузкор асту  аз тоҷик буданаш ҳазар мекунад, вагарна ҳеҷгоҳ зидди миллати тоҷик суханронӣ намекард. 

Имрӯз М.Кабирӣ ва пайравонаш дар бораи мавҷуд набудани таҳаммулпазирии динӣ дар Тоҷикистон суханбозӣ мекунанд. Аммо танҳо як назар ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет кофист, то мутмаин гардем, ки маҳз М.Кабирӣ ва пайравонаш  аз  таҳаммулпазирии динӣ  нишонае надоранд ва  ба ҳамватанони худ, ки дар бораи динҳои дигар ва ё атеизм ибрози андеша мекунанд, ҳуҷумҳои лафзӣ намуда онҳор ошкоро бо куштор таҳдид мекунанд. Фейкҳо аз “Инкубатори кабутаракони сафед”-и М.Кабирӣ имруз ба журналисти озодандеш ва дар ҳақиқат мустақили тоҷик Абдуқодири Талбак дарафтода, уро танҳо дар бораи он ки дар бораи Зардушт ибрози ақида намудааст, мавриди таҳқиру таҳдид қарор медиҳанд. Кофираш эълон мекунанд. М.Кабирӣ, ту худ кофир ҳастӣ! Пайравонат  кофир ҳастанд. Имруз “Инкубатори кабутаракони сафед”-и М.Кабирӣ аз насли навраси наҳзатиён ва “Гуруҳи-24” иборат буда, мутаассифона дар Иттиҳоди Аврупо аз иффати мардонагии худ маҳрум гаштаанд. Ман намедонам, ки  фаъолияти ин “инкубатори кабутаракони сафед”-и М.Кабирӣ натиҷаи таъсири маданияти ҳамҷинсбозии аврупоӣ ё интиқоли таҷрибаи “кабутарони сафед”-и соҳибтаҷрибаи наҳзатӣ мебошад. Аммо ба ҳар ҳол афсус, ки  фарзандони гумроҳи тоҷик имрӯз ба ҷои ба Ватан хизмат намудан, дар хизмати ашхоси  ҷиноятпеша ба мислӣ М.Кабирӣ камар бастанд.

Бидонед, ки дар ҳасрати Ватан ҷон медиҳеду турбататон ба хоки Ватан намерасад. Шумо оянда надоред М.Кабирӣ!

Нуралӣ Хоркашев, махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter