ХАБАРИ ДОҒ

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-2020

  • Чоршанбе, Окт 14 2020

 

Эмомалӣ Раҳмон-номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, дар интихоботи алтернативии ахирӣ ширкат карда, бо бартарияти хеле назаррас бар 4 ҳарифи худ ғолиб омад. Пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 дар раъси ҷумҳурӣ қарор дорад, ин пирӯзии ақл бар ҷаҳл, ғалабаи халқи Тоҷикистон бар душманони даруниву берунӣ буд. Зеро мардум фавҷ-фавҷ ба ҳавзаи интихоботӣ рехта, барои Тинҷиву Оромӣ, Гулгулшукофии кишвар ва Ояндаи неки худ овоз доданд. Ғалаба муборакамон бод. Мо Метавонем!!!

 

   Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, субҳи рӯзи дигар, 12.10.2020 зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт. 

   Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бино ба иттилои КМИР ҶТ, дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шуда буд. Шумораи интихобкунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онҳое, ки бори аввал овоз медиҳанд, 105 399 нафарро ташкил медод.

   Бино ба иттилои КМИР дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49%, ба тарафдории номзад аз  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.

 

Зиёда аз 4,2 миллион иштирок карданд 

ЛАТИФЗОДА РУСТАМ БАРОТ 3, 3% - аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст

ҒАФОРЗОДА АБДУҲАЛИМ РОЗИҚ 1, 49% - аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 90,92% - аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст

РАҲМАТЗОДА РУСТАМ 2.15% - аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст

АБДУЛЛОЕВ МИРОҶ САНОНОВИЧ 1.2% - аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст

 

Шаффоф, ошкор, фаъол ва демократӣ!

Нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи баргузоршударо шаффоф, ошкор, фаъол ва демократӣ арзёбӣ намуданд.  

Интихобот дар Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории интихоботи ҶТ ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат мутобиқ буду он дар заминаи васеи рақобат дар фазои ошкорбаёнӣ ва шаффофияти маъракаи интихоботӣ бо иштироки фаъолонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интихоби мустақилона ва огоҳона баргузор гардид. Дар ин бора тариқи онлайн дабири Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 

Владимир Норов  иброз дошт. Мавсуф иброз намуд, ки 11.10.2020 СҲШ бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии ҶТ 54-умин Миссияи мушоҳидонро оид ба ҷараёни гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд.

Миссия аз 16 мушоҳиди аккредитатсияшуда-намояндагони мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва интихобот, муассисаҳои илмӣ, дипломатҳои кишварҳои узви СҲШ, инчунин кормандони котиботи СҲШ  иборат буда, онҳо давоми фаъолияташон аз 84 участкаи интихоботӣ дидан карданд. Қитъаи овоздиҳӣ барои мушоҳида аз ҷониби аъзои Миссия мустақилона интихоб карда шудааст. 

Хотиррас мешавем, ҳама расонаҳои Ғарбӣ, бо шумули ВВС ва Евронюс, ки дар кишвари мо бештар бинанда доранд, интихоботро шаффофу демократӣ хонданд. РИА Новости бошад навишт, «интихобот озоду роҳат ва бидуни тазоҳуроту даргирие сурат гирифт. Ин маърака исбот кард, ки дар маъракаи муҳими сиёсии Тоҷикистон ягон таъсироте аз инқилоби қирғизӣ ва тазоҳуроти белорусӣ дида намешавад»… 

Ҳатто маъюбону барҷомондаҳо раъй доданд!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи баробар ва озодонаи маъюбон аз тамоми ҳуқуқҳои конститутсиониашон шароит ва имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, барои мусоидат дар татбиқи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони маъюб КМИР дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ 10 000 ихтиёриёнро ҷалб карда, омӯзонид, ки дар сабти овоздиҳандагон, паҳн намудани маълумот дар бораи интихоботи президентӣ ва мусоидат дар интихобот ба пиронсолон ва шахсони маъюб кумак карданд. Аз ҷумла, волонтёрон ба намояндагиҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба мушоҳидаи  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки зарурӣ расониданд.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter