ХАБАРИ ДОҒ

Аввалин телерепортаж ва охирин паради ГенСек

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016

29.04.1931. Дар СССР аввалин барномаи таҷрибавии телевизионӣ пахш гардид.

1.05.1890. Коргарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо аввалин бор 1 майро чун Рӯзи байналмилалии заҳматкашон ҷашн гирифтанд.

 

1.05.1917. Бори аввал дар Русия коргарон ҷашни 1 майро озодона истиқбол намуданд ва дар роҳпаймоиҳои идона дар қатори коргарон аскарон низ фаъолона ширкат карданд.

1.05.1918. Дар майдони Хатини ш.Маскав аввалин паради ҳарбии Артиши Сурх баргузор гардид.

1.05.1922. Дар СССР аввалин хатсайри ҳавоии байналмилалии Маскав-Кёнегсберг ифтитоҳ ёфт. Моҳи майи соли 1926 ин хатсайр то Берлин дароз карда шуд.

1.05.1924. Дар заводи тракторбарории Харков (Украина) аввалин трактори тасмачархдори шӯравӣ «Коммунар» сохта ба истифода шуд.

1.05.1945. Артиши Сурх дар рафти амалиёти Берлин бо ҷангҳои шадид бинои рейхстаг-рамзи Рейхи 3-ро ишғол кард ва Парчами Ғалабаро ба болои он барафрохт.

1.05.1960. Ҳавопаймои ҷосусии «У-2»-и амрикоӣ ҳарими ҳавоии СССРро вайрон кард ва дар наздикиҳои шаҳри Свердловск зада афтонда шуд. Ҳавопайморо сарнишин Фрэнсис Пауэрс идора мекард. Баъдан Пауэрсро бо 1 ҷосуси шӯравӣ иваз карданд.

1.05.1990. Роҳбарияти олии СССР ва Ҳизби Коммунисти СССР (КПСС) бо сардории М.С.Горбачёв охирин бор дар минбари Мавзолей, дар Майдони Сурх дар роҳпаймоии 1 май ширкат варзиданд.

2.05.1935. СССР бо Франция созишномаи ҳамёрӣ баст. Вазъият дар Аврупо бо омадани Адолф Гитлер, ки ба сари қудрати Олмон буд, сӯи ҷанг мерафт. Гитлер аз оғози сари қудрат омадан СССРро душмани асоситарини худ хонд ва кишвари Шӯравӣ ба ҳар роҳу восита мекӯшид пешравии ин вабои асрро боз дорад. СССР чандин бор ба давлатҳои Ғарбӣ таклиф намуд, ки дар ҳамбастагӣ бо Олмон муқовимат кунанд ва пеши роҳи Гитлерро гиранд. Аммо қудратҳои Ғарбӣ дар ин маврид нақшаҳои худро доштанд. Гарчанде Фаронса ба ин созишнома имзо гузошт, вале дар амал барои татбиқи он ҳеҷ коре накард.

2.05.1949. Дар СССР аз майдони варзишии «Динамо» аввалин репортажи телевизионии бозии футбол пахш карда шуд.

4.05.1960. Шӯрои Вазирони СССР қарор «Дар бораи дигаргун кардани нархномаҳо ва ивази пулҳои дар гардиш буда бо пулҳои нав»-ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин қарор аз 1.01.1961 мебоист дар СССР «деноминатсия» (тағйири арзиши пули коғазӣ) гузаронида мешуд. Нархҳо 10 баробар паст карда шуданд ва пули нав ҷорӣ гардид, ки 1 рубли нав ба 10 рубли кӯҳна баробар буд.

4.05.1990. ТВи марказии СССР аввалин рекламаро дар барномаҳои худ пахш кард. Ин рекламаи ширкати «Пепси-кола» буд. Ширкати мазкур аввалин ширкати хориҷӣ буд, ки дар ТВи СССР вақти рекламавиро харидорӣ кард.

5.05.1912. Нахустин шумораи газетаи «Правда» нашр шуд, ки то моҳи декабри соли 1991 дар СССР ва хориҷ аз он низ ин рӯзро чун Рӯзи Матбуот ҷашн мегирифтанд.

М.Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter