ХАБАРИ ДОҒ

Боз нобиғае моро тарк гуфт…

  • Панҷшанбе, Янв 21 2021

 

(Бобоҷон Азизов дар синни 70 солагӣ бар раҳмати Ҳаққ бупайваст)

Бобоҷон Азизов аз охирон намояндаи тавонотарини Мактаби Зафар Нозимов буд, ки мактаби ҳунарии худро ифтитоҳ кардаву даҳҳо шогирдонро парварид. Ҳар боре Зафар Нозим ба ш. Кӯлоб мешуд, то Бобоҷонро намедид, ба масале "об дар дилаш лиқ намекард".

Дар даврони советӣ, ки консерти ин нобиға дар Кӯлоб баргузор мешуд, ба саҳна баромадани Бобоҷон Азизов фурор ба амал меовард. Аз камтарин ҳофизони даврон буд, ки КӮЛОБ пурра аз ӯ истиқбол мекард ва ҳар касе бо хислати мардони кӯлобӣ ошност, медонад, ки ин мардум камтар ба касе эҳтироми кулл қойил аст. Бобоҷон Азизов муфаххар аз ин эҳтироми мардумӣ будӣ, зеро худ сар то ба по мардумӣ буд ва Чеҳраи Ҳақиқии Фарҳанги 2700 солаи ин шаҳри бостонӣ маҳсуб мерафт.

Бобоҷон Азизов 21.01.2021, аккурат, дар рӯзи реҳлати бобои Ленин, ки дар даврони ҳокимияти ленинӣ соҳибмартабаву соҳибиззат шуда буд, бар асари сактаи қалб олами сифлиро бибридаву бар олами улвӣ бупайваст, ки ҷояш ҷаннати барин бод!

Ҷанозаи марҳум, пагоҳ соати 10:00, дар хиёбони Исмоили Сомонии ш. Кӯлоб баргузор мегардад...

Зиндагинома:

Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1971). Дар хизмати низомӣ (1972-974). Корманди Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб (1974-1976), сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода (1976-1989). Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон». Дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дорад.

Овозхонӣ:

Сурудҳои «Дилҳо нишона карда» (ғазали Мушфиқӣ), «Ёди Ватан» (ғазали Махфӣ), «Ҳарфи дигар мазан» (шеъри Ҳ. Ғоиб), «Нолаи Кова» (шеъри Лоиқ, оҳанги А. Баротов), «Хорӣ макун» (шеъри С. Аюбӣ), «Модар» (шеъри Ф. Ансорӣ, оҳанги А. Баротов), «Ту ширинлаб» (ғазали А. Ҷомӣ, оҳанги Ф. Одинаев) ва ғайра, ки Бобоҷон Азизов сурудааст, хеле дилнишинанд.

Театр:

Бобоҷон Азизов маҳорати хуби актёрӣ низ дорад; дар як зумра намоишҳо нақшҳои асосиро бозидааст: Муҳаммадалии Ашқар («Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов), Фарҳод («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) ва ғайра.

Ҷоизаҳо:

Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии Фестивали умумииттифоқии театрҳои халқӣ дар шаҳри Москва (1969), Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983).

Бо ордени Дӯстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter