ХАБАРИ ДОҒ

Аз амалиёти “Сафари яхин” то ГОЭРЛО

  • Панҷшанбе, Фев 25 2021

18.02.1930 Бригадаи фурӯши ашёи гаронбаҳо ба хориҷ аз Оружейная палатаи Кремли Маскав ба маблағи 1 миллиону 300 000 рубл ҷавоҳирот гирифт. Ин ҷавоҳирот баъди чанде, бо маблағи 680 000 рубл ба хориҷа фурӯхта шуд. 

 19.02.1918. Оғози амалиёти “Сафари яхин”. Ин амалиёт барои наҷоти Флоти Балтикии рус аз дасти немисҳо роҳандозӣ гардид. Амалиёт дар шароити бисёр душвор, ки ҳамаҷоро яхбандии шадид фаро гирифта буд, амалӣ шуд. Дар натиҷа ба болшевикон муяссар гардид, ки 236 киштиро наҷот диҳанд. 

19.02.1930. Артистони Маскав бори аввал ба Тоҷикистон бо сафари ҳунарӣ омаданд ва дар Хонаи деҳқон (бинои Театри собиқи Маяковский) чанд барномаи консертиву намоишномаи театрӣ иҷро карданд.

19.02.1949. СССР бо ҳамроҳии РСС Беларус ва РСС Украина аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ берун омад

19.02.1954. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР Вилояти Қрим аз ҳайати РСФСР ба ҳайати РСС Украина гузаронида шуд. 

20.02.1926. Дар Душанбе аввалин стансияи гидрометеорологӣ таъсис дода шуд, ки обу ҳаворо дар кишвар пешгӯӣ мекард. 

20.02.1932. Ҳукумати СССР Лев Тротскийро, ки он ҳангом дар Норвегия сукунат дошт, аз шаҳрвандии СССР маҳрум намуд.

21.02.1920. Дар РСФСР бо қарори Раёсати ВСНХ Комиссияи давлатии электрикунонии Россия (ГОЭЛРО) таъсис дода шуд. 

21.02.1921. Ишғоли Душанбе аз ҷониби Артиши Сурх. Нерӯҳои Артиши Сурх Бухорои шарқиро ишғол карданд ва дар ин сарзамин ҳокимияти шӯравӣ таъсис дода шуд.

22.02.1921. Дар РСФСР бо Декрети ШКХ дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа, Комиссияи давлатии ба нақшагирии умумӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Соли 1948 ин комиссия ба Кумитаи давлатии банақшагирӣ тағйири ном кард ва ба Шӯрои Вазирони СССР итоат мекард.

23.02.1918. Дар РСФСР даъвати умумии ихтиёриён ба Артиши Сурх оғоз гардид. Сабаби ин даъват, ҳуҷуми артиши олмонӣ ва шикасти пурраи артиши собиқи подшоҳӣ гардид, ки роҳро барои немисҳо ба Петроград боз кард. Солҳои тӯлонӣ ин рӯз дар СССР чун Рӯзи Артиши Шӯравӣ васеъ ҷашн гирифта мешуд. 

23.02.1925. Дар Душанбе аввалин бемористони ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт. 

 

23.02.1935. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон Сталинобод, муассисаи илмӣ-таҳқиқотие созмон дода шуд, ки ба омӯзиши таърих ва иқтисоди ҷумҳурӣ машғул буд. Ин муассиса, бевосита ба КМ ҲК Тоҷикистон итоат мекард.

24.02.1918. Дар Таллин вакилони мардумӣ Эстонияро ҷумҳурии демократӣ эълон карданд ва К. Пятс сарвари Ҳукумати муваққатӣ интихоб карда шуд. Аммо ҳукумати олмонӣ ин кишварро ба расмият нашинохтанд ва дар Эстония режими ишғолӣ ҷорӣ карда шуд. Имрӯз дар Эстония ин санаро чун Рӯзи истиқлолият ҷашн мегиранд. 

24.02.1942. Аввалин пахши барномаҳои радиои “Садои Амрико”. Ин радио баъдан васеъ гардида, барои тамоми ҷаҳон барнома пахш мекард.

 

Меҳрубон Салимшоев

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter