ХАБАРИ ДОҒ

Аз тавсияи Андропов то ВДНХ

  • Чоршанбе, Авг 04 2021

25.07.1918. ШКХ бо имзои В.Ленин қарореро ба тасвиб расонд, ки дар он яҳудиситези (антисемитизм)-ро «марг барои инқилоби коргару-деҳқон» унвон кард. Дар ҳақиқат бештари роҳбарони ҳизби болшевикӣ яҳудитабор буданд ва бадбинии онҳо инқилобро ногузир ба шикаст мунҷар мекард.

26.07.1917.Дар Петроград Анҷумани VI-и РСДРП (б) ба кори худ сар кард. Ин Анҷуман дар шароити нимапинҳонӣ мегузашт, чун хавфи бастани он аз ҷониби Ҳукумати муваққат хеле зиёд буд. Дар Анҷуман 267 вакил ширкат варзиданд, ки 162 ташкилоти ҳизбиро муаррифӣ мекарданд. Он шабу рӯз ҳизби сотсиал-демократи коргарии болшевикон 240.000 аъзо дошт. Аз роҳбарони олирутбаи ҳизб Ленин ва Зиновев дар хуфия ва Тротский бо Каменев бошанд дар ҳабс қарор доштанд, лиҳозо дар кори Анҷуман ширкат наварзиданд. Анҷуманро Сталин ва Свердлов роҳбарӣ карданд.

26.07.1917.Раиси ҳукумати муваққати Русия Александр Керенский бо тантана савганд ёд кард, ки тамоми кӯшишҳои барқарорсозии дубораи ҳукумати подшоҳиро дар Русия бераҳмона пахш хоҳад кард.

26.07.1975. Раиси КГБ СССР Юрий Андропов ба КМ ҲКИШ тавсия дод, ки хонаи муҳандис Ипатевро дар ш.Свердловск хароб кунанд. Дар ин хона с.1918 охирин подшоҳи Русия Николайи 2 бо аъзои хонаводааш аз ҷониби болшевикон ба қатл расонида шуд. 

27.07.1925. КМИ ва ШКХ СССР бо қарори худ Академияи илмии Русияро муассисаи олии илмии СССР эълон намуд.

27.07.1985. Дар Маскав Фестивали XII умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён барпо шуд, ки то 3 август идома дошт ва онро сарвари СССР Михаил Горбачев ифтитоҳ бахшид.

27.07.1990. Шӯрои Олии РСС Белорусия Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Белорусияро ба имзо расонид.

28.07.1944.Артиши шӯравӣ дар рафти ҶБВ ш.Брестро аз ишғоли немисҳо озод кард. Брест дар оғози ҷанг 1 моҳи дароз зидди немисҳо муқовимат кард ва унвони қаҳрамоншаҳрро соҳиб шуд.

 

28.07.1957. Дар Маскав Фестивали VI байналмиллалии ҷавонон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт, ки аввалин фестивали ҷаҳонӣ дар СССР ба шумор мерафт ва дар он 34.000 ҷавонон ва духтарон аз 131 кишвари дунё ширкат варзиданд.

28.07.1988.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар маросими ғайрирасмӣ иҷозат дода шуданд.

29.07.1974. Дар СССР бо фармони раиси КГБ Юрий Андропов гурӯҳи зудамали «Алфа» барои мубориза бо терроризм таъсис дода шуд. 

30.07.1937.Дар СССР «сегонаҳои» фавқуллоддаи НКВД ҳуқуқи баровардани ҳукми қатл барои «душманони халқ»-ро соҳиб шуданд. 

31.07.1956. КМ ҲКИШ қарори рушди сохтмони манзилиро дар СССР қабул кард. Бо ин қарор дар СССР сохтмони манзилҳои 4 ва 5-ошёнаи панелӣ, ки бо номи «хрушевкаҳо» маъруфанд, роҳандозӣ шуд.

1.08.1939. Дар ш.Маскав Намоишгоҳи умумииттиҳодии хоҷагии қишлоқ кушода шуд, ки он с.1959 ВДНХ ном гирифт ва с.1992 бошад ба Маркази намоишгоҳии умумирусиягӣ тағйири ном кард.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter