ХАБАРИ ДОҒ

Аз шӯриши болшевикон то шикасти Берлин

  • Чоршанбе, Нояб 10 2021

 

8.11.1917. Шӯриши болшевикон дар Маскав. Баъди пирӯзӣ дар Петроград болшевикон дар Маскав алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ шӯриш карданд ва баъди задухӯрдҳои шадид тавонистанд пойтахти дуввуми кишварро низ ба тасарруфи худ дароранд.

8.11.1920. Артиши Сурх истеҳкомҳои Перекопро ишғол намуданд. Перекоп охирин садд дар роҳи ишғоли Қрим ба шумор мерафт. Ин нимҷазира охирин такягоҳи генерал Врангел ва нерӯҳояш буда, баъди ишғоли он сафедҳо ба пуррагӣ торумор гардиданд.

8.11.1943. Дар СССР ордени ҳарбии Ғалаба ва ордени Шарафи седараҷаӣ таъсис дода шуданд.

9.11.1923. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер баъди пивонӯшӣ дар пивохонаҳои Мюнхен нерӯҳои худро ба майдони марказии ин шаҳр баровард ва кӯшиш кард, ки ҳукуматро дар Мюнхен ғасб намояд. Аммо низомиёни олмонӣ садди роҳи фашистон шуда, шӯриши нозиҳоро пароканда карданд. Худи Гитлер ва Геринг дар рафти ин шӯриш ҷароҳат бардоштанд.

9.11.1940. Дар макотиби миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ ҷорӣ карда шуд.

9.11.1989. Оғози шикасти девори Берлин. Дарозии девори Берлин 45 км-ро ташкил медод ва дар ҷамъ девор миёни Олмони шарқӣ ва Ғарбӣ 120 км дарозӣ дошт.

10.11.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори комиссариати корҳои дохилӣ, ниҳоди милиса расман таъсис дода шуд.

10.11.1961. Сталинград ба Волгоград тағйири ном кард. Номи қадимаи ин шаҳр Царицин буд ва ҳангоми номгузорӣ аз он дигар касе ёд накард, аммо номи Сталинград ба хотири муҳорибаи шадиди ҶБВ барои ҳамеша дар таърих боқӣ монд.

10.11.1982. Леонид Илич Брежнев-котиби генералии ҲКИШ аз олам чашм пӯшид. Брежнев аз соли 1964 то соли 1982 ба Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарӣ кард. 

12.11.1970. Дар Покистон боди тунд, ки суръаташ ба 240 км дар соат мерасид ва мавҷи баландиаш 15 метр, сабаби марги 150.000 одам шуд. Тибқи баъзе маълумотҳо, теъдоди қурбониёни ин фоҷеъа 300-400 ҳазор нафарро ташкил намуд ва ин фоҷеъа бузургтарин офати табиии қарни ХХ шинохта шудааст.

12.11.1982. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Андропов ба ҳайси котиби генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид.

 

13.11.1982. Президенти ИМА Роналд Рейган таҳримҳо алайҳи СССРро бекор кард. Ин таҳримҳо баъди ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ дар Полша алайҳи СССР ҷорӣ гардида буданд.

14.11.1920. Дар деҳаи Кашинои назди Маскав аввалин чароғаки электрикӣ дар деҳоти Русия фурӯзон гардид. Дар ифтитоҳи нерӯгоҳи барқии кӯчак Владимир Илич Ленин-доҳии пролетариатҳои дунё ҳузур дошт.

 СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter