ХАБАРИ ДОҒ

Аз дафн то “гўронидан”-и ГенСек

  • Чоршанбе, Нояб 17 2021

 

15.11.1920. Дар Женево-пойтахти Швейтсария аввалин нишасти Маљлиси Лигаи Миллатњо оѓоз шуд. Он ќариб 30 сол љойгузини СММ буд ва њамон замон њам эътибори чандоне надошт.

15.11.1923.Дар СССР ГПУ ба ОГПУ таѓйири ном кард ва аз њайъати НКВД бароварда шуд. Бо ин кор чекистонро аз ќудрати судї мањрум карданд.

15.11.1923.Таварруми азим дар Олмон. Дар ин рўз саррофињои Берлин 1 доллари амрикоиро бо нархи 4 триллион марка мехариданд.

15.11.1982. Маросифи дафни котиби генералии ЊКИШ, Леонид Брежнев дар Майдони Сурхи Маскав. Ваќте љасадро ба ќабр мегузоштанд, тобут аз бандњо канда шуд ва якбора ба замин уфтод. Ў яке аз 10 нафар аз роњбарияти олирутбаи шўравї буд, ки номаш дар ќатори санги хороии девори Кремлин дарљ шуд.

16.11.1921.Дар Русияи Шўравї Бонки давлатии РСФСР ба кор сар кард. Амалиёти пулї тариќи њамин бонк анљом дода мешуданд.

16.11.1922.Њукумати болшевикї, албатта бо дархости мардум 1 идда аз намояндагони ќишри зиёиро аз СССР табъид ва намояндагони ин ќишрро бо киштии мусофирбари «Пруссия» аз Русияи шўравї хориљ карданд.

16.11.1933.СССР бо ИМА муносибати дипломатиро барќарор кард.

16.11.1938.Дар СССР Кумитаи умумииттињодии корњои тарбияи љисмонї ва спорт бо фармони худ самборо “аз љињати гуногуншаклии усулњо ва ањамияти дифої» навъи спорти бисёр боарзиш номида, ин рўзро рўзи таваллуди расмии ин навъи гўштин мењисобанд.

17.11.1919.Бо ќарори Шўрои Инќилобии РСФСР Корпуси саворавї унтер-афсари собиќ Семен Буденный ба Армияи якуми савора табдил дода шуд. Армияи якуми савора, ки бештар аз казакњои болшевикшуда таркиб ёфта буд, дар ѓалабаи болшевикон наќши муњим гузошт.

17.11.1923.Дар њайъати НКВД хадамоти нозирони минтаќавии милитсия таъсис ёфт.

17.11.1938. Дар СССР ШКХ ва Бюрои сиёсї ќарор «Бобати боздошт, назорати прокурорї ва бурдани тафтишот»-ро ќабул кард. Тибќи он, тамоми гурўњњои дугона ва сегонаи ѓайрисудї дар кишвар барњам дода шуда, боздошти афрод танњо бо ќарори суд ё иљозаи прокурор меанљомид.

17.11.1941.Дар СССР Фармони №0428-и Ќароргоњи Сарфармондењ содир шуд, ки дар он гуфта мешуд: «Тамоми нуќоти ањолинишин дар аќибгоњи артиши немисї бояд яксара хароб ва сўзонида шаванд».

18.11.1956.Котиби аввали ЊКИШ Н.Хрушев њини ќабули кормандони хадамоти дипломатии ИМА дар суханрониаш ба онњо гуфт: «Мо шуморо мегўронем!»

 19.11.1986.Дар СССР Ќонун бобати фаъолияти мењнатии инфиродї ба тасвиб расид.

20.11.1954.Маљлиси Генералии СММ ба тамоми кишварњо тавсия дод, љашни Рўзи байналмилалии кўдакро дар ќаламравашон чун рўзи бародарии љањонї ва якдигарфањмии кўдакон љорї кунанд. Дар ин рўз Маљлиси СММ Эъломияи њуќуќи кўдаконро ќабул кард.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter