ХАБАРИ ДОҒ

Худкушии Гитлер, 1 май ва «Правда»

  • Чоршанбе, Май 04 2022

 

30.04.1920. Оғози ҷанги РСФСР бо Полша. Дар ин рӯз нерӯҳои поляк ба ҳуҷум гузашта, манотиқи зиёдеро дар Украина ва Беларусия ба тассаруф дароварданд. Худи ҳамон рӯз бо сабаби ҳуҷуми полякҳо дар рӯзномаи «Правда» Муроҷиати КМИ ва ШКХ РСФСР «Ба тамоми коргарон, деҳқонон ва шаҳрвандони содиқи Русия» ба нашр расид, ки аз мардум даъват мекард ба Артиши Сурхро дар мубориза бо полякҳо кӯмак кунанд.

30.04.1944. Дар СССР бо қарори махсуси ҳукуматӣ мактабҳои коргарони ҷавон таъсис дода шуданд.

30.04.1945. Дар Берлин, пойтахти Рейхи саввум Адолф Гитлер ва маъшуқааш Ева Браун даст ба худкушӣ заданд.

30.04.1960. Дар рӯзномаҳои СССР аввалин хабар бобати кашфи нафт дар ҷангалзори Тюмен ба нашр расид. Кашфи нафт дар Сибир барои СССР аҳамияти вежа дошт ва фурӯши нафт солҳи тӯлонӣ қисмати зиёди будҷаи СССР-ро таъмин мекард.

30.04.1961. Роҳбари Куба Фидел Кастро соҳиби ҷоизаи сулҳи Ленинӣ гардид.

1.05.1890.  Барои авваллин бор, ҷашни байналмилалии 1 Май аз ҷониби коргарони Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания ва дигар кишварҳои Аврупо таҷлил гардид.

1.05.1891. Аввалин ҷашнгирии 1 Май дар Русия. 1 Майро дар Русия бори аввал, гурӯҳи сотсиал демократҳо бо сарварии М. Бруснев дар Петербург таҷлил намуданд.

1.05.1907. Дар бештари пойтахтҳои кишварҳои аврупоӣ, роҳпаймоии меҳнаткашон бахшида ба иди 1 Май баргузор гардиданд. Аммо аз ҳама пуршӯртар 1 Майро дар пойтахти Полша, шаҳри Варшава бо корпартоии умумии коргарон истиқбол намуданд.

1.05.1918. Дар майдони Ходински Маскав, аввалин паради ҳарбии Артиши Сурх доир гардид.

2.05.1945. Артиши Шӯравӣ дар рафти амалиёти Берлин, комилан пойтахти Рейхи саввумро ба тассаруф даровард. 

2.05.1949. Дар СССР аввалин пахши телевизионии бозии футбол намоиш дода шуд. Дар ин бози дастаҳои Динамо ва ЦДКА бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

 

3.05.1957. Дар СССР бо қарори ҳукумати марказӣ колхозҳо ба совхозҳо тағйир дода шуданд. Албатта ин иқдом чандон муваффақ набуд ва баъди чанде колхозҳо бори дигар эҳё карда шуданд.

4.05.1946. Дар СССР, Бюрои сиёсии КМ ВКП(б) қарор бобати таъсиси Нашриёти давлатии адабиёти бурунмарзӣ ва китобхонаи адабиёти бурунмарзиро ба тасвиб расонид. Ин нашриёт ва китобхона то ба ҳол фаъолият доранд.

4.05.1960. Шӯрои Вазирони СССР ҳукми «Тағйири миқёси қимматҳо ва ҷойгузин кардани пули ҷорӣ бо пули нав»-ро тасвиб кард, ки бар асоси он, аз 1 январи соли 1961 дар кишвар деноминатсияи пулӣ баргузор гардида, нархҳо ва музди меҳнат 10 маротиба коҳиш дода шуда, «рубли нав», ки ба даҳ «рубли кӯҳна» баробар аст, ба муомила бароварда шуд. 

5.05.1912. Нашри аввалин шумораи рӯзномаи «Правда». «Правда» асоситарин рӯзномаи СССР ба шумор мерафт ва  рӯзи нашри он, то соли 1991 дар СССР ва хориҷ аз он, чун Рӯзи Матбуот ҷашн гирифта мешуд.

5.05.1926. Бахшида ба Рӯзи матбуот дар кӯчабоғи (булвари) Тверскои Маскав, аввалин бозори китоб дар СССР ифтитоҳ гардид. Ин бозор баъдан анъанавӣ шуд ва ҳар сол дар ин кӯчабоғ баргузор мегардад. 

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter