ХАБАРИ ДОҒ

Аз оғози ҶБВ то интихоби Носир

  • Чоршанбе, Июн 22 2022

 21.06.1926. Дар Маскав аввалин таксиҳои шӯравӣ ба хизматрасонӣ оғоз карданд. Дар оғоз дар Маскав танҳо 16 мошини тамғаи «Рено» ба таъбире «таксӣ мезаданд».

21.06.1941.Нерӯҳои низомии немис, ки дар марзи шарқии СССР мустақар буданд, аломати шартии «Дортмунд»-ро дарёфт карданд. Тибқи ин аломат амалиёти низомӣ зидди СССР тибқи нақшаи «Барбаросса» 22 июн мебоист шурӯъ мешуд. Дастаҳои тахрибкори олмонӣ вориди хоки СССР шуданд ва флоти ҳарбии олмонӣ минакории вурудӣ ба халиҷи Финро сар кард.

21.06.1941.Дар шаҳри Самарқанд мақбараи Темури лангро канданд. Мегӯянд, баъди чанд соати боз кардани қабри Темур ҶБВ оғоз гардид.

22.06.1919. Маҷлиси умуми (Ассамблея)-и Веймери Олмон бо сабаби талаби таҳдидомези Антанта барои имзои созишномаи Версал ризоият дод. Ин созишнома яке аз сабабҳои оғози ҶБВ ба шумор меравад.

22.06.1940. Фаронса дар бешаи Кампен санади таслими бечунучарои худро дар баробари Олмон имзо кард.

22.06.1941. Артиши гитлерӣ бе эълони ҷанг ба хоки СССР ҳуҷум кард. Оғози ҶБВ. Ин рӯз дар бештари кишварҳои собиқи СССР чун Рӯзи ёдбуд ва ғаму андӯҳ қадр мегардад.

23.06.1944. Аршиши шӯравӣ амалиёти «Багратион»-ро шурӯъ кард. Он яке аз амалиётҳои нодири ҶБВ ба шумор меравад ва дар натиҷа Белоруссия ба куллӣ аз тасарруфи немисҳо озод шуд.

23.06.1956. Дар Миср Ҷамол Абдул Носир президенти кишвар интихоб гардид. Ӯ ба ҷараёноти чапгаро бештар майл дошт ва яке аз наздиктарин иттифоқчиёни СССР дар минтақа буд.

24.06.1945.Паради ғалаба дар Майдони сурхи Маскав зери фармондеҳии маршал Георгий Жуков баргузор гардид ва нишонгари ғалаби СССР дар ҷанг алайҳи Олмон буд. Дар рафти парад тамоми парчамҳои Олмони фашистӣ ба дари Мавзолейи Ленин ҳаво дода шуданд. 

25.06.1916.Шоҳ Николайи 2 Декрети сарфарбаркунии мардуми Осиёи Миёна ба Артиши русро ба имзо мерасонад. Он боиси бузургтарин шӯриши мардумӣ дар Осиёи Миёна шуд. Яке аз шӯришҳои зиддирусӣ дар ш.Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст.

 

26.06.1945. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи генералиссимус таъсис дода шуд ва Иосиф Сталин аввалин ва охирин генералиссимуси шӯравӣ гардид.

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter