ХАБАРИ ДОҒ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аслов Сироҷиддин Муҳриддинович 17 феврали соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои муовини сардор, сардори Раёсати прогресси илмию техникӣ ва стандартҳои Вазорати ҳифзи табиат, муовини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1996 то соли 2004 дар мансабҳои Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал фаъолият намудааст.

Солҳои 2004-2005 ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2005-2011 дар вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2011 дар мансаби Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба фаъолият дорад.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст. Бо забонҳои англисӣ, форсӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон таъин гардид.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter