ХАБАРИ ДОҒ

Ноадолатӣ дар тақсимот нест

  • Душанбе, Авг 07 2017


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Бохтар иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Бохтар: ноадолатӣ дар тақсимоти замин» (СССР, №23, 8.06.2017)-ро мавриди таҳлил қарор дод. Барои моҳиятан дуруст ва пурра таҳлил намудани шикоятнома бо сокинони ноҳия-Шараф Баротзода, Назарбек Болтаев, Анвар Болтаев, Ҳанифа Каримова, Гулрафтор Каримова, Маҳмадӣ Болтаев вохӯрӣ доир карда шуд. Мақсади онҳо ин гирифтани саҳм аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» аст. Бояд гуфт, ки аз ҳисоби заминҳои ҳудуди деҳаи Меҳробод, хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» таъсис дода шуда, 1 қисми аҳолии деҳаи мазкур саҳмдори он шуданд. Вале шахсони шикоятнамуда аъзо ва саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» нестанд. Бинобар ин баъди суҳбати бевосита доир кардан бо онҳо ва роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Фирӯз», масъалаи саҳмдор намудан, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» ҳалли худро ёфт.

Ҷаббори Ғаффор,
раиси н.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter