ХАБАРИ ДОҒ

Фатҳободро об бурданист…

  • Панҷшанбе, Авг 17 2017


Имсол зиёда аз 40 манзили истиқоматии деҳаи Фатҳобод зери об монд. Хонаҳое ҳастанд, ки аз зери манзилҳояшон об ҷорӣ шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар ин хусус ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат кардам, аммо ба доди мардум нарасид. Аз деҳаи Гултеппа то стансияи насоси Дашти Мирзо 7 чоҳи амудӣ ба пуррагӣ кор мекард. Ҳоло аз он 1 чоҳи амудӣ гоҳ кор мекунад, гоҳ не. Дар натиҷаи хунукназарии мутасаддиёни Стансияи насоси Дашти Мирзо шербачаҳои деҳаи Хилмағзиё лотокҳои обгузар (ҷуйҳои бетони)-ро шикаста валангор кардаанд. Ҳоло лотокҳо ва қубурҳои обгузар дар ҳолати корношоям буда, дар байни лотокҳо алаф рӯидааст… Сокиноне, ки манзилҳояшон ҳоло дар зери об мондаанд, намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд. 5 трансформатори тақсимкунандаи барқӣ, 3 агрегати тақсимкунаки оби стансияи Дашти Мирзоро фурӯхтанд, ки дар натиҷа 6 чоҳи амудии обкаш кор намекунад. Агар МЧСи ноҳия пеши манзилҳои истиқоматии зериобмондаро нагирад, аз эҳтимол дур нест, ки манзилҳои истиқоматӣ чаппа ва валангор мешаванд.


Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter