ХАБАРИ ДОҒ


Матлаби «Панҷакент: аҳолӣ меафзояд-кор нест!» (СССР, 26.01.2017, №4(437) дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар матлаб дуруст омадааст, ки ба сабаби мушкилоти гуногун, аз ҷумла, фарсуда шудани таҷҳизот ва усули куҳнаи истеҳсол ҶСК «Шарбат» солҳои охир аз фаъолият бозмонда, оқибат самти фаъолияташро дигар кард. Воқеан яке аз калонтарин корхонаҳои коркарди маъдани мамлакат-КМ «Зарафшон» ҳам аз нигоҳи ҳаҷми истеҳсол ва ҳам ғанӣ гардонидани буҷет ва фаро гирифтани шумораи кормандон дар соҳаи саноати ш.Панҷакент ва вилояти Суғд мавқеи хос дорад. Зимнан, дар с.2016 корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба беш аз 1,1 миллиард сомонӣ расонидаанд. Баробари ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодии шаҳр тадбирҳо меандешад. Аз ҷумла, с.2016 дар шаҳр 13 корхонаи хурди истеҳсолӣ бо 78 ҷойҳои нави корӣ таъсис шуданд, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, атласу адрас, дару тиреза ва дигар хизматрасониҳо машғуланд... Дар с.2017 мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла, таъсиси 10 коргоҳи хурд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва хизматрасонӣ машғул хоҳанд шуд, тадбирҳо меандешад.


М.Сафарзод, муовини якуми
раиси шаҳр

2 Паём

  • Шарҳр додан суни Шанбе, 19 Август 2017 09:27 Паём аз суни

    Шумо Сафарзод барои чи гапхои дурўґро мегўед дар Панчакент агар таґо надошта бошед чои кор нест агар бошадхам бо музди аз 150сомон то 300 сомони аммо шумо дар кабинети худ нишаста маоши бедарду миёнро мегиред

  • Шарҳр додан иван Шанбе, 19 Август 2017 09:07 Паём аз иван

    Чаноби муовини раиси шахр м. Сафарзод шумо дар Панчакент беґайр аз мардуми шинг дигар ягон инсонба чои кор намедихед санаи 04.08.2017 дар назди почтаи шахр дидам шумо корро чихел мачбури ба чои кормандони кжкп мардуми савдогарро инчоя рўб ва обзан гуфта мачбур кардосед нагўед ки чои кор хаст

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter