ХАБАРИ ДОҒ


Аввал ин ки погон вожаи қабулшудааст ва наметавонанд гӯянд, СМ боз калимаҳои ғайритоҷикиро корбаст месозад (душман гап наёфт, мегӯяд «думи сагат каҷ!»). Рӯиҳамрафта, беҳтар аз ин вожаи таркибӣ, яъне «дупогона» ягон байту мақолу масале нест, ки рафтору кирдору пиндори афроди дурӯяву риёкори ҷамъияти имрӯзаро нишонрастар таҷассум созад. Сӯҳбати имрӯзаи сари 2-погонаҳост. Мо Метавонем!
Зидди намози ҷумъа ва ё пӯшиши мазҳабӣ нестам. Он чизе, ки дар зер менависам, барои манъу иҷозати онҳо низ нест. Роҷеъ ба афроде менависам, ки дар ҳукуматанд, мақомотанд, раёсату корхонаҳои давлатанду зидди қонуну қавоиде, ки худ қабул мекунанд, кору фаолият мебаранд: 2 погон доранд!
Биёед, баҳсро аз пӯшиш шуруъ кунем.
Аксари сатрпӯшон занҳои 2-у 3-ву 4-уми мансабдоронанд!!! Қазияи сатри арабӣ ва зани дуввуму саввум то ҷоест, ки (мардумро кӯр напиндоред-мебин(ем)анд!) ҳатто сарояндаву мӯдпарасту фоҳишаҳои мини-юбкапӯшу нимаурён чун зани №… ин ё он сарватманд ё чиновник шуданд, аҷала сатр мепӯшанду нофҳоро пӯшонида, худ НОФИ ЗАМИН ва ё Сутуни Мазҳаб мешаванд. Дуруст гуфтам? Ещё как!
Фарзи мисол, ба мошинҳои шике нигаред, ки то 80% ронандагонашон занҳои сатрпӯшанд. Дар ҷамъияти мо, намегӯям ҳама, вале аксарияти кулли мардон низ, тавони харидории чунин мошинҳоро надоранд, чӣ расад ба занҳо. Пас ин коло аз куҷост? Суол барои андешаи қавист…
Ҳоло ин горе-чиновникҳо боз фикр доранд, занҳои №…-ашон, ки сатр пӯшидаанд, танҳо бо худашон ва он ҳам дар пинҳонӣ вискиву водка мезананд. Бечораҳо чун аз тарси зани №1 шабҳо ба ресторан намераванд, намебинанд, ки занҳои №…-ашон ҳар шаб сатр бар сар, фук дар арақ, нӯл бар «кальян»… дар ҳолати нирванаи буддоия қарор доранд.
Зидди ин рафтори чунин занҳои №… низ нестам. Давлат дунявист. Вале 2-погонӣ дупогонӣ мезояд: Шавҳарҳое, ки бар чашми ҳукумати хеш хок мепошанд, магар ҷазои амал намегиранд, аз чунин занҳое, ки худашон мисли худашон 2-погона кардаанд? Ещё как мегиранд!
Ва ин ҳоло ҷазои инҷаҳонист. Роҷеъ ба ун ҷаҳонаш муллову машоих бештару хубтар метарсонанд…
2-погонаҳои мо ҳатто кӯдакони 3-4-5-солаашонро низ сатр мепӯшонанд; онеро, ки аз зани аслаш нест. Усулан атфоли занҳои №…-и худро полуисломӣ мекунанд. Чунки дар дил ҳаваси давлати исломӣ низ доранд!!! Ана чунин умеду орзуҳо аллакай чун хиёнат бар Ватан бояд талаққӣ шавад. Мо Метавонем!
Сатр барои 2-погонаҳо, фикр доред, тарс аз Худост? Ҳаргиз! Инҳо бо Худо низ моҷарои 2-погонӣ доранд. Бо 1 погон ҳукуматро фиреб карданиянду бо 2-вумаш Худоро. Типа, Худоҷонам, агар зимом ба дасти ман бошад, исломӣ мекунам ин давлатро…вале чӣ кор кунам, ки… Ҳич кор накун. Истеъфо рав!!!
Дар асл, паси сатр фисқу фаҳшои худро мепӯшонанд (гӯиё 1 бероҳаро ба роҳи ҳақ даровардаанд. Дар асл барои секс мекунанд ин корро, вагарна чаро беҳтаринҳоро баргузида зани №… мекунанд?!). Онҳо чун узви ҳукумату корманди давлатанд, бояд донанд, ки дар давлати мо якзанӣ равост. Яъне тибқи қонуне, ки нон мехӯранду курсӣ доранд, 2-3 зан гирифтан макрӯҳ ва баъди чанд ҷаримаи нормативӣ, ҳаром аст. Дуруст аст? Ещё как!
Никоҳ ва оила дар пеши Худо аз авлавиятҳост. Чиновникҳо ва сарватмардон дар ин сурат бояд занҳои худро ҳалола кунанд. Ҳалолаи қонунӣ чист, бигӯям? Мегӯям! Агар мехоҳанд занҳои 2-3-4-уми худро ҳалола кунанд, пас аз вазифа раванд!!! Ва агар мехоҳанд сатр пӯшонанд занҳоро, низ бояд аз вазифа раванд! То 1 погон нагиранд, на бисёрзанишон ҳалол асту на сатр пӯшонидани зану кӯдакҳошон. Мо Метавонем!
Айби 2 дунёст, ки узви Ҳукумати дунявӣ бошиву занат сатрпӯш ва сафаш бешумор… Воқеан ҳам, факт низ дорам. Вақте президенти ҶТ моҳи июл аз тариқи ТВ зидди пӯшиши арабӣ ва сатру фаранҷӣ бо дард ҳарф мезаду аз фарҳанги либоси миллӣ пуштибонӣ дошт, дар осоишгоҳи Баҳористон чанд зан бо кӯдакони наврасу ноболиғашон сатрпеч мегаштанд. Огаҳон мегуфтанд, ки аз табори кадом баландрутбаи қудратиянд. Марҳамат, мехоҳед донед, киҳо буданд, равед ва камераҳои Баҳористонро варақ занед. Мо Метавонем!
Намегӯям пӯшонед, ё напӯшонед кӯдакону занҳотонро сатр. Аммо ҳатто баъди баромади ошкорои сарвари ҳукумате, ки аъзои он ҳастед, занҳои сатрпӯши шуморо дида, мардум чӣ фикр мекунад роҷеъ ба ин ҳукумат? Дуруст фикр кардед!
Мушкили 2. Дирӯз 1 студент қисса кард, декани кадом факултае ҷавонони муллобашараро рӯзҳои ҷумъа аз дарс озод мекардаасту мегуфтааст, «дар ҳаққи мо низ дуо кунед!». Дар мактабе директор ва кулли муаллимонаш аз 1 қорибаччае чунон метарсидаанд, ки ӯро дар рӯзҳои ҷумъа усулан суроғ ҳам намекардаанд… Зидди намози ҷумъа ҳаргиз нестам. Худо нишон надиҳад. Худам ҳам меравам, агар имконият ва вақт даст дод. Вале агар озод мекунед, ҳама студенту талабаҳоро озод кунед ва баракс. Аз сӯи дигар, оё ин муаллимин дупогона нестанд? Ещё как!
Агар дилатон ба гӯру қиёмататон месӯзад, марҳамат, равед намоз гузоред, касе зидд нест, вале...аккурат, вазифаро супоред ва биоеду паҳлӯи банда саф занед. Ҷо ҳаст. Ҷавс-ҷавс мекунем-гуфтаи муллоҳое, ки ҳарфи Ф-ро аз Вов фарқ намегузоранд. Зеро дархосту талаботи ҳукумати дунявӣ ва демократии имрӯза ҳам ин аст, ки дар рӯзи кор кормандони расмияш бояд ба масҷид нараванд. Давлат дунявист!!!
Намегӯям зиёданд, аммо кам ҳам нестанд, 2-погонаҳо ва амали риёкоронаи онҳоро дида, мардум мантиқи идеологияи давлати моро дарк карда наметавонад. Бало паси мантиқ. Инҳо хатар доранд. Зеро дар сурати вазиши «боди мурод» ҳатман погони 2-ро сари китф хоҳанд кашид. Ещё как!
Дупогонӣ, ба фикри сирф шахсии ман, бадтарин хиёнатест, ки ҷамъияти моро ба варта наздик мекунад. Мо Метавонем!
PS: Дар шумораҳои баъдӣ, агар хонанда хоҳад, роҷеъ ба 2-погонаҳо, вале дар дигар самт низ сӯҳбат мекунем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter