Принт

Панҷакент: Қадоқгарӣ ба тарзи нав


Салом, СССР! 50 сол пеш гоҳ-гоҳ дар деҳа мардони хӯрҷиндаркитфе пайдо шуда, аз мардуми деҳа хоҳиш мекарданд, ки зарфҳои шикастаашонро оранд ва қадоқ (пайваст, васл) кунанд. Рӯзе ҳангоми пайдо шудани қадоқгар аз модарам хоҳиш кардам, ки ба ман ҳам зарфи шикастае ёфта диҳад, то дар қатори дигар бачаҳо назди қадоқгар равам, аммо модарам зарфи шикаста ва таъмирталабе бароям надод. Ба хона даромада ягона чойники чойхӯриамонро ба девор задаму каме чумакашро шикаста, назди қадоқгар бурдам. Чун онро қадоқ кунонидаму баргаштам, модарам чунон танбеҳам дод, ки умре онро фаромӯш намекунам… Санаи 18.10.2015 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии «Зарафшон»-и ш.Панҷакент ташриф оварда, таъмири роҳи Сӯфиён-Суғдиёнро талаб намуду супориш дод, ки корхона 1 боғчаи кӯдакон ва 1 мактаб низ бунёд кунад. Ин супоришҳои президент бо гузашти 2 сол иҷро нашуданд. Гап-гап аст, ки ба қарибӣ боз Сарвари мамлакат ба Панҷакент меояд. Ин хабар ба хонаи ору сих халондан барин шуд. Роҳбарони корхона ба сохтмончиёни хеш супориш додаанд, ки барои рӯйпӯшкунии ҷурми худ роҳро «қадоқ» ё «дарбеҳ» намоянд. Ҳайронем, ки хитоиҳо ва «муридони онҳо» то кай халқро фиреб медода бошанд? Ман аминам, ки ин қадоқ сифати роҳҳои вайрони моро батар мекунаду беҳтар не, вале мо асрори пинҳонашонро ифшо менамоем. Мо метавонем!

Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

Матлабҳои дигар