ХАБАРИ ДОҒ

Паспортро супурдан ба маънии патриот шудан аст?

  • Душанбе, Авг 28 2017

Гар сабза дамад ба хоки мо хас нашавад,
100 тир ба ин ҳадаф нишонрас нашавад.
Бар тойири меҳр дили мо дом нашуд,
Ғалбер барои об маҳбас нашавад!

Чун дар шумораи пор роҷеъ ба 2-погонаҳое навиштем, ки зану фарзанди худро фаранҷӣ мепӯшонанду намегузоранд занҳои дигарон низ онро пӯшанд, бархе  дӯстон аз мо ранҷиданд. Наранҷед! Мо манофеъи Давлат, Ватан ва Миллатро аз ҳама боло мегузорем. Ҳатто аз дӯстии шумо низ. Мо Метавонем!
Ин бор мехоҳам роҷеъ ба 2-паспортаҳо, ки низ шеваи 2-погонист, сӯҳбат кунем. Таври маълум, Ҳукумат аз иқдоме кор гирифтаву 2-паспортаҳо, яъне масъулинеро, ки 2-шаҳрвандӣ доранд, аз кор ронд. Имрӯз дигар, гӯиё, нафаре 2-паспорта намондааст. Шубҳа дорам ба ин иддаъо. Ба фикрам ҳоло низ онҳо, агар умқтару дурусттар ҷӯем, зиёданд ва боз дар кулуарҳои ҳукуматӣ...
Усулан, хонанда, пешат суол гузоштаӣ, ки 2-паспортаҳои сатҳи давлатӣ куҷо шудаанд (ба вежа, баъди сахтгирии ахирӣ)? Онҳо-ку парвоз карда, ба дигар кишвар нарафтаанд, мисли паррандагони мавсимӣ?
Масъалаи матраҳи маҳз ин аст, ки 2-паспортаҳо куҷо шуданд? Ба гумони ғолиб…паспорти 2-ашонро супоридаанд. Вале юриспруденсия дар ин маврид чӣ мегӯяд? Магар бо супурдан ва ё гум кардани паспорт худи субъект аз шаҳрвандии дигар кишвар маҳрум мешавад?
Бо забони дигар, амали халосӣ аз паспорти русиро «ақибнишинӣ» мегӯянд (воқеан ҳам аксарияти кулл маҳз паспорти ФР доранд ва агар бепарда гӯем баҳс низ сари ҳамин аст). Яъне то вақте дар ҳукумат ва мансаб ҳастанд, онҳо шиносномаи худро дар таки сандуқ мегузоранд, мисле ки пулу молашонро ва дар сурати лозима (хонда шавад аз вазифа рафтан!) ба гуфтаи Бобои Ғулом «бошпуртҳояшонро» бардоштаву пуфу куфу суф карда, шаҳрвандии кишвари хориҷиро қабул хоҳанд кард. Ё не-мӣ?
Вале агар накунанд ҳам, бояд 1 нукта барои омма фош шавад:
-Агар 2-паспортӣ ва 2-шаҳрвандӣ ҷурм, гуноҳ ва ҷиноят аст, пас онҳое, ки сари мансабанду аз шаҳрвандии Русия даст кашидаанд, аллакай хиёнат, ҷиноят, хато кардаанд.
Дигар фарқе надорад, ки онҳо «пушаймон» шудаанду паспорти Тоҷикиро арҷ мегузоранд, ё на. Хиёнат ба Ватан 1 бор мешавад, ки 2-паспортаҳо аллакай содир карда буданд! Сахт гуфтам? Мо метавонем! Вале агар дар ҳамин матлаб сари 1 нюанси зебо ва роиҷ ва фарогир сӯҳбат накунам, чизе нагуфта бошам:
-Аксарияти афсарони баландрутбаи мо, сар аз полковник то генералҳо, баъди нафақа…шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Барои на-фа-қааа!!!
Ва медонед бо айби ким? Парлумон! Зеро нафақаро ин парлумон лаҷом задааст ва меъёр гузоштааст. Хуб, суоле посух мехоҳад, афсароне, ки барои ҳифзи ин Ватан хун рехтаанд, размидаанд, пос гирифтаанд ва амнияти ҳаряки моро таъмин кардаанд, бояд дар пиронсолӣ чӣ кор кунанд? Бо нафақаи баробар ба обеди 1-2 вакили мардумӣ қаноат ва ё ғами рӯзиву рӯзгори хеш хӯранд?! Суоли матраҳ аст, барои вакилони мардумии мо!
Нафақаро ҳаргиз набояд лигом зад. Зеро он, яъне нафақа, ба андоз ва хизмати ба Давлату Ватан карда, ҳаллоҷӣ мегардад. Дигар ҳоло маълум нест, ки бо ин маъоши бознишастагӣ мардум чӣ коре мекунанд: дору мехаранд, ё пору? Нон хӯранд, ё об? Хонашинӣ кунанд ва ё сайру сайёҳат. Воқеан ҳам «аз мукофоти амал ғофил машав(ед)», рафиқон вакилон! Рӯзе худатон низ нафақа меравед ва ана баъд…
Иллати дигари 2-паспортӣ, ки мардумро фавҷ-фавҷ шаҳрванди Русия мекунад, бекорист. Мо роҷеъ ба патриотизм шиор зада, фаромӯш мекунем, ки даҳҳо ҳазор Тоҷикро аз даст додаему ҳазорон-ҳазор дар навбати ба даст овардани паспорти Русияанд ва… аз ҳама муҳиму даҳшатовар…садҳо ҳазори дигар дар орзӯи ин паспорт хоб надоранд…
Нафақаи кӯчак, бекорӣ, садҳо ҳазор нафар сокини Тоҷикистони азизро пушти дарҳои давлати худашон қарор медиҳад. Зеро аз рӯи меъёри ахирие, ки 2-паспортӣ ҷурм шуд, онҳо дар идораҳои давлатӣ бояд кор накунанд. Пас чӣ мекунанд? Мераванд ва бе бозгашт. Зеро дарҳои умедашонро мо бастан дорем.
Инҳоро фаҳмида мешавад. Вале ман ҳич гоҳ онеро намефаҳмам, ки дар ҷайб 2 паспорт дорад ё дошту ба курсии мансаб баромада, боз даъвии садоқат ба халқу давлати Тоҷикон мекард. Ин фактро низ таҳмил карда наметавонам, ки чигуна ин 2-паспортаҳо умуман вазифа гирифта буданд. Мо Метавонем!
PS: Воқеан он 4 мисраъи болоӣ моли шоири халқӣ, журналисти касбӣ, барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ, Муҳаммад Ғоиб аст-адиби бознишастае, ки 1 паспорт дораду ҷои кор не…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter