Принт

2х1=1


(Қирони саъд: 2 иди муҳимтарин дар 1 рӯз. Кӣ киро қурбон мекунад?)

Баъди зарбу тарҳу ҷамъу тақсими зиёд, Шӯрои уламо фатво дод, ки Иди Қурбон ба рӯзи 1 сентябр рост меояд! Мардум ин ҳукмро дергоҳ мунтазир ва ҳатто асабӣ ҳам шуд, ки чаро ин ҳукм садо намедиҳад…
Ба пиндори сирф инфиродии ман, ки метавонад хато ҳам бошад, «дер кардан»-и ин фатво ба тасмими гурӯҳи секулярист бастагӣ дошт. Зеро онҳо фикр карданд, метавон Иди Худоро низ 1 рӯз пас ё пеш партофт. Тавре ки бо Иди Рамазон мекунанд. Аммо Иди Қурбон тамоман чизи дигар аст. Дар ин Ид муҳимтарин рукни дигари мусалмонӣ-Ҳаҷҷ баргузор мешавад (қудрат бар тавоноӣ: Тоҷикистон имсол тавоноии ба буҷҷаи Саудӣ партофтани 205 млну 827 ҳазору 300 сомониякро дошт). Зимнан дигар наметавон Тоҷикистонро аз феҳристи давлатҳое, ки Ислом дар он доминант аст, берун гузошт… Хуб, ҳар чӣ ҳам буд, ё на, Ид рӯзи 1 сентябр меояд, ки мубораки ҳар 1 хонанда бод!!!
Вале акнун баргардем сари Рӯзи Дониш. Фикр дорӣ, хонанда, оре, маҳз туе, ки андеша дорӣ, «наход СМ маро мепурсад?», 1.09.2017 кӯдакон ба мактаб мераванд? Гарав мебандам, ки аксарият ба Намози Ид хоҳанд рафт. Ва ба табрики идона, ба масали маъруф, ИДГАРДАК…
Ба забони дигар ин сол мо қурбонии сиёсӣ кардем: Рӯзи Донишро чун гӯсфанди муқаддаси Иброҳимӣ забҳ сохтем. Воқеан ҳам, ёд доред, ки аввал Иброҳим мехост Исмоили писари Ҳоҷарро қурбонӣ кунад? Конечно, ёд доред! Ҳамин моҷароро шоири ширингуфторе ба маъраз кашидаву ҳатто Исмоил-падари арабро наҳ мезанад:
Эй сабо, аз ман ба Исмоъили қурбонӣ бигӯ:
Зинда баргаштан зи кӯи Ёр фарзи ишқ нест!!!
Албатта, ин шоир аз дур кулӯх меандозад сӯи муқаддасоти қудсӣ ва Фахриддини Гургонӣ сангаш мезанад:
Чунин гӯянд мардони сухандон,
Ки бошад ҷанг бо наззора осон…
Вале ин баҳси шуарову удабову уламо тамоман кори ману мо нест. Мо Рӯзи Донишро қурбонӣ кардем! Аммо ин қурбонӣ танҳо мебуд, дарди бахайре будӣ. Қурбонии давомдор дорем дар ин моҷаро. 
Ёфтӣ, хонанда, мехоҳам роҷеъ ба мушкилтарин проблемаи Рӯзи Дониш, ки 9 моҳ давом мекунад, сӯҳбат кунем:
-Форма!!!
Униформаи мактабӣ, ки СССР солҳо роҷеъ ба набуди он менавишту даъват мекард, то корхонаҳои ватанӣ истеҳсолашро ба роҳ монанд, имрӯз дарди сари волидайн шуд. Сухан сари сифат меравад. Нархи униформаи мактабӣ баланд нест. Чизе болову поин дар ҳаҷми…200-330 сомонӣ. Ин бастагӣ дорад ба синну соли хонанда. Ин нархи мақбул аст. Аммо…!
Аксари бонувон мегӯянд, баъди 2-3 моҳ ин форма фарсуда мегардад ва маҷбуранд боз либос харанд. Яъне дар тӯли сол волидайн то 2-3 маротиба пӯшока мехаранд, ки ба буҷҷаи оилавӣ посухгӯ нест. Аз сӯи дигар формаи фарсудаву бе сифат ба таҷаммуъи хонандагон намуди камбағалона медиҳад, ки дар кӯча дидани атфоли мактабхони либосфарсуда, малеҳ карда гӯем, ба имиҷи давлати мо чизе зам намекунад, агар кам накунад! Зимнан Қоҳир Расулзода-сарвазири кишварро лозим аст, ки пеши истеҳсолгар ултиматум гузорад:
-Ё сифат, ё аз бизнес бадар мешавед!
100% бовар дорам, аз ин бизнеси пурдаромад касе берун нахоҳад рафт. Имрӯз киҳо ба дӯхту фурӯши либоси мактабӣ машғуланд?
Корхонаҳои «Нассоҷии Тоҷик»-и шаҳри Душанбе, «Даҳбед - Д»-и шаҳри Ҳисор, «Чевар - 2014», «Зуҳал - 2014»-и ноҳияи Рашт, «Гулдаст - 2015»-и шаҳри Конибодом, «Ҳусния - Б»-и ноҳияи Ҷ.Расулов, «Олимхони Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд, «Коргоҳи дӯзандагӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, «Сабр - 2016», «Каёнуш»-и ноҳияи Данғара, «Сомон - 2013»-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ, «Субҳи Сарбанд» ва «Бофандаи Норак», «Зебо»-и ноҳияи Шаҳритус…
Аз ин миён ва боз ҳам тибқи гуфтаи бархе аз волидайн босифаттарин маҳсулот аз Корхонаи истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик», маъруфтар бар Тоҷиктекстил аст, ки садраш Анвар Бозорович Қурбонов мебошад. Аз сӯи дигар бархе аз истеҳсолгарон шиква доранд, ки бо сабабҳои тамоман номаълум шӯъбаҳои маорифи ин ё он ноҳия аз мактабҳо «хоҳиш» мекунанд, ки аз фалону бисмадон ташкилот формаи мактабӣ харанд. Чунин бархӯрд, ба гуфтаи Авазхон Кабиров-тоҷири муваффақ, ба рақобати асил садд гузошта, ба он овардааст, ки маҳсулоти пастсифати бархе аз корхонаҳо бидуни конкурентсия ба фурӯш меравад. Ин амал ҳам ситам ба бизнеси Тоҷик асту ҳам хатар ба буҷҷаи хонаводагии мардуми оддӣ. Зимнан, басо хуб мешуд, агар волидайн дар интихоби фИрма ва фОрма мухтор мебуданд.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар