Принт

Роҳи моро баста иғво дохтаниянд!


Ҳамсояамон Ҳасан Фақеров чанд сол пеш роҳрави хонаи моро, ки беш аз 20 нафар аъзои 3 оила тӯли 70 сол аст, ки аз он истифода мебарем, худсарона девор ва роҳро танг карда, монеа эҷод намудааст. Акнун мехоҳад, ки ин роҳро пурра маҳкам кунад. Сабаб: Гӯё дар харитаи «Фазо» замини наздиҳавлигии ӯ 0,24 га нишон дода шудаасту дар асл 0,19 га будааст. Ҳатто фикр намекунад, ки роҳи баҳсӣ 0,02 га асту агар ин роҳро ба замини ӯ илова кунем, ҳамагӣ 0,21 га мешавад ва 0,03 га қитъаи замини дигарро барои ӯ аз куҷо бояд биёбанд? Ҳол он ки харитаи «Фазо»-и н.Бохтар ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда нест он то ҳол аз тарафи Ҳукумати ҶТ тасдиқ нашудааст ва асоси қонунӣ надорад. Бар замми ин ҳама Фақеров барои замини наздиҳавлигиаш, ки аз с.1965 то ҳол онро истифода мебарад, қарори ҳукумати н.Бохтар, сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, шиносномаи техникӣ, иҷозати архитектураро барои сохтмони оғилхонааш, ки монеагӣ асосан дар он зоҳир мегардад, надораду худсарона роҳро танг карда, мехоҳад, онро боз пурра маҳкам созад… Аз ҳама ташвишовараш он аст, ки ӯ барои он ки мо аз даъвоямон даст бикашем, роҳи иғворо пеш гирифта, дар байни аҳли деҳ тухми адоватро кошта истодааст. Гузашта аз ин аз ҳамсояҳо бо роҳи тӯҳмат барангехтан нисбати аҳли оилаи мо мехоҳад, ки баёнотҳои бардурӯғ гираду рафти мурофиаҳои судиро халалдор созад, аммо суди н.Бохтар ин ҳамаро нодида гирифта корро дар асоси қонун дидан намехоҳад. Ин рафтори суд метавонад нооромиро барои аҳолии деҳа ба вуҷуд орад.


Сафарбек Каримов,
дотсенти ДДҚ, н.Бохтар, тел: 905 33 05 33, 918 66 69 11

Матлабҳои дигар