ХАБАРИ ДОҒ


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вобаста ба мақолаи «Вазир имконияти кӯмаки тиббиро дорад?» (СССР, 7.08.2017), оид ба ташхис ва табобати бемор Шомиддинова Рафоат (с.тав.1988), сокини деҳаи Хоҷа-Дурбоди н.Шаҳритус маълумоти зеринро пешниҳод менамояд. Мақола аз ҷониби Раёсати тандурустии вил.Хатлон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тибқи маълумотномаи сардори Раёсати тандурустии вил.Хатлон маълум гардид, ки Шомиддинова аз ҷониби мутахассисони соҳавии Беморхонаи марказии н.Шаҳритус муоина ва дар шуъбаи амрози дарунии Беморхонаи мазкур бистарӣ шудааст. Айни ҳол Рафоат табобати таъиншударо тариқи ройгон гирифта истодааст ва раванди дармони ӯ таҳти назорати Раёсати тандурустии вилояти Хатлон қарор дорад.


С.Умарзода,
муовини якуми вазир   

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter