Принт

Идгардакии кӯдак гадоӣ нест!


Узви Ихвон-ал-СССР, Сайкомил Ашӯров, сокини деҳаи Шобикаи ноҳияи Восеъ бо телефони 98 761 93 87 ба СССР занг задаву гуфт, ки дар бораи идгардаки кӯдакон гуфтаниям. Шоҳиҷаҳон ном бародар дар шумораи гузаштаи СССР оид ба маҳдуд кардани идгардак ва танзим намудани Иди Қурбон навиштааст. Ӯ идгардакро нолозим шуморидааст. Шумо фаромӯш накунед, ки мардум барои таҷлил аз Иди Рамазон ва Иди Қурбон чанд рӯз пеш ва бо хурсандӣ омодагӣ мебинанд. Инчунин Шоҳиҷаҳон идгардакро талбандагӣ-гадоӣ гуфтааст. Ман гуфтаниям, ки он ҳаргиз талбандагӣ набуду нест ва хурсандии атфоли моро халалдор насозед. Ман ҳич бовар надорам, ки ин бародар дар кӯдакӣ дар даст сеткача гирифта, идгардакӣ накарда бошад! Ба гуфти СССР, ещё как кардааст!

Матлабҳои дигар