ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Раиси мо ҷои чандро мегирад?

  • Ҷумъа, Сен 08 2017


Саттор Бобохонов аз ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо телефони 98 589 69 69 ба СССР занг задаву гуфт, аз ташкили лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?” 4 моҳ гузашт. Дар ин муддат, ба ҳисоби ман, доир ба фаъолияти 34 тан раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақолаҳо чоп шуд. Доир ба фаъолияти Убайдуллои Файзулло-раиси ноҳияи мо бошад 3 мақолаи таърифӣ. Ман пештар доир ба проблемаҳои деҳаамон-Пушкин навишта, ҳалли онҳоро аз тоҷирони муваффақи хоҷагиамон хоҳиш намуда будам. Яке аз инҳо набуди пул байни Пушкин ва дигар деҳаҳо буд. Раиси ноҳия аз ин огоҳ шуда ба мутасаддиён супориш дод, ки пул барқарор карда шавад. Купрӯк сохта шуд. Акнун аҳолии деҳа бо роҳи наздиктар озодона ба дигар деҳот равуо доранд. Беҳтарин хислате, ки байни мардум маҳбубаш кардааст, ин одамгарии баланди ӯст. Дар ҳама мусибат бо халқ ҳамроҳ аст ва ба мотамзадаҳо кӯмак мекунад.

Китобҳо

Flag Counter