ХАБАРИ ДОҒ

Моро 70 млн бор\нафар хондааст!!!

  • Шанбе, Сен 09 2017


Ҳисоботи №9

Сутун бар боми миллат қомати мост,
Ва медонӣ чаро? Мо метавонем!!!!!!!
Медонам, медонам, ягон газетаи дигар, на танҳо Тоҷикистони азиз, ки дар ягон гӯшаи олам, ба хонандаи худ ҳисобот намедиҳад. Вале мо медиҳем. Зеро мо мардумием ва Мо Метавонем!
Мо 9 сол, 108 моҳ, 469 ҳафта, 3283 рӯз, 78792 соат, 4 727 520 дақиқа ва 283 млну 651 ҳазору 200 сония\нафас бо ҳам будем! Ва оё мешавад пеши ту, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ, «наход СМ маро ҳам дар назар дошта бошад?», ҳисобот надод? На-ме-ша-ваддд! Мо Метавонем!
Мо дар ин фосила бисёр корҳоеро анҷом додем. Нахуст, ба бадани миллат патриотизм ва ватанпарастиро эм-прививка кардем. Имрӯз, аз А то Я суруду таронаи ватанпарастӣ мехонаду дар бораи патриотизм баҳс мекунад, ин заҳмати мост. Намегӯем патриотҳо набуданд. Буданд. Аммо минбар надоштанд. Мо мусоидат кардем, ки моли патриотҳо бозоргузар шавад. Ва ин ки имрӯз то радиову ТВ ва ғ. ва ҳ. аз патриотизм мегӯяд…Мо Метавонем!
Мо тараннумгари Ҷасорат, вассофи Далерӣ, мунодии Шуҷоат шудем. Ин бозор то ҳанӯз холист. Вале мутмаинам, ки рӯзе не рӯзе пур мешавад ва масъулин дарк мекунанд, ки аз 800 млн сокини тарсу 8 млн наррашери ҷасури ғурранда беҳтар аст ва ба ин бозор рӯ меоранду Далерӣ ва шуҷоатро ба бадани миллат эм мекунанд; ҳамчун чеченҳо. Мо Метавонем!
Паҳлӯи дигари фаолияти мо дар ин 9 сол дифоъи Нанг, ҳифзи Номус, пуштибонӣ аз Ори миллӣ буд. Барои мо 1 дузду каллабуру авбоши Тоҷик беҳтар аз 1 миллион гастербайтери тарсуву буздили Русия будӣ. Мо ҳаргиз бенангонро ба газета ба ҳадди 1 тиррас роҳ намедодем. Фикр дорӣ, хонанда, онҳо намехостанд ба газетаат роҳ ёбанд? Ещё как мехостанд! Вале мо манфиати туро боло гузоштем, туеро, ки Нангу Номусу Ори Тоҷикӣ дорӣ. Мо Метавонем!
Ин СССР буд, ки аз рӯзи нахуст бар зидди пантуркизми Фатҳуллогюленӣ шӯрид. Ин ата-туркҳо мисли дигарон моро низ хариданӣ шуданд! Сафват, Шаҳрзод гувоҳанд, ки онҳо чӣ пешкашу пешниҳодҳое, ки намекарданд, то мо «даҳони танқид баставу даҳони тамаъ во кунем», мисли бархеҳо… Вале мо 100 шаттаи ориёӣ-Тоҷикӣ паси сари ин туркҳо задем ва имрӯз, ки аз Тоҷикистон гум шудаанд, хидмати хонанда низ ҳаст, ки бо мо буд, бо мо ҳарб кард, ба мо ва бар миллат содиқ монд. Мо Метавонем!
Бар зидди ғаржурналистика ва зиногазетаҳо низ шӯридем. Ва ҳарчанд то ҳанӯз ҳастанд, ин ғаркилкон, аммо даҳони ҳароми худро сӯи миллат бастаанд ва дигар камтар менависанд, ки Миллати Тоҷик бо келину домоду хусуру хушдоманаш ишқварзӣ мекунад. Худо инҳоро занад, то он рӯзе, ки Ҳукумат хоҳад заду даҳонашонро хоҳад баст. Мо Метавонем!
Аз сиёсати ҷангандози расонаҳои ба ном дӯсту амалан душман мо нахустин шуда бонги изтироб задем ва шояд то ҷое…ошӯбҳои хоруғиву ҳоҷӣҳалимиро ақиб андохтем. Мо дар назди виждони худ покем ва ин басанда аст, то хонандаи мо, ки паҳлӯи мо буд, то абад аз худ розӣ бошад. Мо Метавонем!
СССР ташаббускор низ буд. Ёд дорӣ, хонанда, 9 сол пеш гуфтем, пул партофтаву Роғунро худамон месозему ба мо механдиданд?! Ва акнун бин, ки Роғунро кӣ сохт? Миллати Тоҷик, ки охирон пайсаашро ба хазинаи ин ГЭС андохт. Мо Метавонем!
А, чанд кӯдаки маризу беваи дармондаву солдидагони бечораро мову ту кӯмаку  дастгирӣ намудем? Нахустин шуда, кӣ аз сели фоҷиабори Кӯлоб бонг заду мардумро ба кӯмак хонд? Ҷоми СССР оид ба футболро ба ҷидд қабул намекарданд, вале имрӯз дар мунтахаби Тоҷикистон 3 иштирокчии ин Ҷом бозӣ доранд. Варзишгоҳи СССР сохтем, дастаи СССР таъсис додем, ки 80 наврас мебозад ва саду 1 кори дигар, ки оварданаш дар ин матлаб имкон надорад. Мо Метавонем!
СССР нахустин газета буд, ки баробари сари кор омадан, аз хатароти барзиёди салафия ва ваҳҳобия бонги изтироб мезаду қабл аз оне, ки ҷомеаи башарӣ (пас аз каллабурии ДИИШ) ин хатарро ҳис кунад, мардумро огаҳ месохт. Мо аз ягон мутаассиб ва иғвогар наметарсем. Мо метавонем!
Матолиби танқидии мо даҳони муллоҳоеро баст, ки паси номи Ислом пинҳон шудаву сӯи Миллати Тоҷик санг меандохтанду мазҳаби падарии моро таҳқир! Воқеан ҳам имрӯз низ газетаи Озодагон мехоҳад ун муллоҳоро сапеду муаллифини моро сияҳ кунад, ки ҷои андеша аст. Шиорро бояд дигар кард. Зеро ғуломӣ дар парастиши бегонагон аст ва мо душмани ҳар чизе ҳастем, ки ба ғуломӣ мекашад. Мо Метавонем!
Мо беш аз 739 матлаби таърихӣ навиштаву таърихчаи ватандории худро дар даврони шӯравӣ матраҳ намудем. 1406 мақолаи хонандагони доимии мо роҷеъ ба босмачизм ва ватанхоҳӣ баҳс кардаву даричаҳои нав ба навро ба рӯи мо кушод. 2345 матлаб дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ нигоштем, то фардо ин таърихи нангини моро хориҷие навиштаву Миллати Тоҷикро шарманда насозад. СССР дар бораи зиндагиномаи ҳар 1 қумандони ҷониби даргир, чӣ аз ОТО бошад, ё чӣ Фронти халқӣ даҳҳо матлаб навиштааст, ки ин ҳама моли таъриханд. Мо Метавонем!
Вале муҳимтар аз ин ҳама чизи дигар аст: Дар ин муддат моро 70 млну 350 ҳазор бор\нафар хонд. Омори дақиқ аст. Зеро тибқи назарсанҷӣ 1 дона газетаро бояд ба 50 зарб зад. Яъне ҳар шумораро нафаре хонд, онро ба 50 кас тавсия медиҳад ва ё аз гуфтаи ӯ ҳамин миқдор огаҳӣ меёбанд. Ин эҳсосияи ғарбист ва мо ба он мутобиқем. Ба забони дигар, дар 9 соли ҳисоботӣ мо ба 8 млн имкони хондан додаем. Арифметикаи оддист:
Х=70350000:8000000
Х=8 млну 793 ҳазору 750 хонанда.
Мегӯӣ аз аҳолии Тоҷикистон ҳам зиёд? Конечно! О, агар 8 млн Тоҷик 12 млн Сим-корти телефон дошта бошанд, пас чаро СССРро 793 ҳазору 750 кас зиёдатӣ нахонад? Ин теъдоди нафаронест, ки аз хориҷаи дуру наздик СССРхонӣ кардаанд. Пас кӣ дигар шакку шубҳае дорад, ки Мо Газетаи Мардумӣ нестем? Ещё как ҳастем! Ва ҳар нафаре дигар андеша дорад, номаъқулро 100 бор кардааст. Зеро Мо, 8 млн нафар, Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter