Принт

Ман чӣ гуна ба СССР омадам?


Таҳти ҳамин рубрика чанд тан аз кормандони содиқу собиқи газетаи мардумӣ фикру андешаи худро навиштаанд, ки дар Рӯзи Таъсисёбии СССР онро пешкаши аъзои Ихвон ал СССР мегардонем. Мо Метавонем!

СССР маро 1 лаҳза бекор намонд!
25.11.2015. Соат бо вақти Душанбе 13:30 дақиқа.
Ҳаво боронист. Охирин васоиламро, ки дар утоқи редаксияи «Чархи гардун» буд, ҷамъ карда, бидуни хайрухуш аз бино мебароям. Ҳалқаи ашк чашмонамро мепӯшонад ва ба хотири пок кардани онҳо дар таги «нақб-туннел»-и нашриёти «Шарқи озод» меистам. Баногоҳ аз пешам Сайёфи Мизроб мебарояд. Аҳволамро дида мепурсад: «Чаро гиря мекунӣ? Чӣ шуд? Тинҷист?», «Оре, тинҷист!»-мегӯям дар ҷавоб, «Бекор мондам, рафтам аз «Чарх»…илова мекунам ман.
«Ту бекор нестӣ! Ин калидро бигир, ба ошёнаи 4-ум баро ва ба кабинети нави кориат дарову соҳиб шав! Ман ба наздикӣ сомона боз мекунам барои ону газетаи СССР кор хоҳӣ кард! Ту дигар бекор нестӣ!»-гуфт устод ва ҳамин тавр ман дар 1 лаҳзае ба СССР омадаму аз 1.12.2015 (корро дар «Чархи гардун» низ аз 1.12.2000 сар карда будам!) ба кор шурӯъ намудам.
Аниқ аст, ки СССР маро боз ҳам бештар шинохта карду имкон дод идеяҳои нави хешро амсоли «Вазири мардумӣ кист?», «25 тоҷири муваффақи 25 соли Истиклоли Тоҷик» ва «Раиси мардумӣ» дар роҳандозӣ намоям ва худро дар ампулаи нав бубинам! Ман метавонам!


Ҷамила Ҳусейнова,
мухбир-ревизори СССР



СССР дасти маро рост кард
Ман пеш аз он, ки ба СССР биёям, бо Сайёф будам, аниқтараш мо дар гузари 1-ум Совет ҳамсоя будем. Сайёф марди хушдавлату хуштолеъ аст. Ростӣ, ман хона надоштам, аммо Сайёф мегуфт: «Зиқ нашав, бо ман ҳамсӯҳбат шавӣ ва ба маслиҳатҳои ман гӯш кунӣ соҳиби хона мешавӣ». Ҳамин тавр ҳам шуд. Ростӣ, ман аз Радиои Озодӣ рафтани ӯро мисли тамоми мардуми Тоҷикистон аз ТВ огоҳ шудам. Баъди чанде фаҳмидам, ки рӯзномае бо номи СССР баровардааст ва ҳарчанд кофтам, №1-и онро наёфтам. Ҳамин тавр омадам ба редаксия. Он вақт дар ошёнаи 8-уми ГЖК «Шарқи Озод» буданд. Дасти холӣ не, бо матлаби "Ҷамшед, номатро дигар макун!". Бо ҳамин дар ҳар шумора 1 матлабе менавиштам. Беҳтарин мақолаҳои ман дар СССР чоп шудаанд ва ин минбари озод дасти маро рост кард. Сайёф ҳар фикри ҷолибро қадр мекунад, ба ҳар сухани ногуфта арҷ мегузорад. Ин аст, ки дар шумораи навбатӣ мехоҳӣ боз чизи дигаре нависӣ. Барои ҳамин СССР манбаи илҳоми ман гашт ва дар муддати 9 сол дар газета зиёда аз 100 мақолаам аз чоп баромаду китобе ҳам нашр шуд, ки мояи ифтихори ман аст. Ман аз бо СССР буданам ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам! Мо Метавонем!

Саъдӣ Маҳдӣ,
Декани факултаи журналистикаи ДМТ



«Хатлон-пресс»-падари маънавии СССР
Ман дар умрам ҳамагӣ 12 рӯз бекор мондаам. Ин фосила миёни рафтани ман аз ТВ Кӯлоб ва таъсисёбии «Хатлон-Пресс» дар с.2002 буд. Сайёф омаду гуфт: «Ман ин фурсатро хело боз интизор будам. Сипас калиди кабинетеро ба дастам қаппонда, афзуд, «Биё ва «Хатлон-Пресс»-ро қабул кун!». Ҳамин тавр, ман дар 1 соат фосила вақт аз журналисти бекор ба мартабаи сармуҳаррири Оҷонсии хабарӣ расидам, ки падари маънавии газетаи СССР аст. Мо «Хатлон-Пресс»-ро бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз кардем. Замоне, ки ба ҷуз Донишгоҳи миллии кишвар дар ягон ҷо факултаи журналистика набуд, мо дар «Хатлон-Пресс» Мактаби журналисти ҷавонро кушодем, ки дастпарварони ин мактаб имрӯз дар тамоми расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар кор мекунанд. Мо Метавонем!


Сӯҳробшои Фаррухшо
Журналисти ТВ Варзиш



СССР бо мизу курсии Рӯзи Нав корро сар кард…
Ман пеш аз "СССР" Сайёфи Мизробро мешинохтам. То ин замон бо "Нигоҳ" ҳамкорӣ доштам ва Сайёф ҳам дар ин нашрия 1 рубрикаи хос дошт. Рафтани пурсару садояш аз "Озодӣ"-ро ҳамин гуна қабул карда будем, ки ҳатман ягон лоиҳаи хуби миллиро бояд мунтазир шуд. Замони таъсиси "СССР" инҷониб аллакай расман дар радиои "Имрӯз" кор мекардам. Рӯзе Сайёф омад ва хабар расонд, ки нашрияи худро сабти ном кардааст. Ёдам ҳаст, дар утоқи Рустами Ҷонӣ дар 1 тахта (доска)-и корӣ Сайёфи Мизроб тарҳи сафҳаҳояшро кашид. Муҳокимарониҳои пурҳарорат доштем. Чанд пешниҳоде ҳам кардем. Шояд баъзеашон қабул шуданд. Ҳамин тавр, муассису сардабири нашрияи нав аз инҷониб (ва дигар сардабирон) хост то матлабе нависам. Пешниҳодаш ин буд, ки таҳлили авзои минтақаи Осиёи Миёнаро анҷом диҳам. Аввалин матлаб дар бораи Ӯзбекистони замони истиқлол, ки пешопеши нашри "СССР" ҷашни истиқлол дошт, навишта шуд. Ҳамин тавр, чанд шумораи дигар низ дар бораи фазои минтақа навиштам. Шояд соле пас баррасии масоили дохили кишварро низ анҷом додам. Ҳоло ҳарф танҳо аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ кардани нашрия аст, ки шароити молиявии хуб надошт. Воқеан, ёдам ҳаст, дар қабати 8-и "Шарқи озод" 1 утоқи танг доштанду фаъолиятро бо чанд мизу курсиҳои аз "Рӯзи нав" боқимонда оғоз карданд...

Раҷаби Мирзо,
журналист



СССР мактаби бузургест
Ҳанӯз с.2008 буд, ки матлабе дар бораи маҷбуркунии донишҷӯён барои бастани галстук дар макотиби олӣ навиштаму ба идораи СССР овардам. Устодон Сайёф ва Сафват маслиҳат доданд, ки бо СССР ҳамкорӣ кунам ва кам-кам чизаке менавиштам. Он замон донишҷӯ будам. Фаъолияти ҷиддии ман дар ин расона аз с.2010 оғоз шуд. Маҳз дар ин давра ба масъалаҳои "сахт" даст ба кор шудам. Вақте ба Панҷакент омадам, хабарнигори минтақавӣ дар водии Зарафшон таъин гардидам. СССР бароям 1 мактаби бузургест. 9-солагии таъсисёбии СССР ба кулли мухлисон, хонандагон, кормандону алоқамандонаш муборак бод! ХУДО кунад, ки 100-солагиашро ҷашн гирем.

Хуршед Фозилов,
хабарнигор, ш.Панҷакент



«Босмачинависӣ» маро ба СССР овард
Ман он шабу рӯз дар ТВ “Симои Мустақили Тоҷикистон” (СМТ) кор мекардам ва газетаи СССР, ки нав таъсис ёфта буд, дар ҳамон ошёнаи мо (қабати 8) қарор дошт. Ман, ки бо Сайёф аз солҳои донишҷӯӣ (дар Донишгоҳи Давлатии Ленинград) ошноӣ доштам, бештар дар утоқи кории СССР будам. Дар яке аз ҳамин рӯзҳо буд, ки баҳс сари босмачигарӣ рафт ва ба ман пешниҳод карданд, 1 мақолае дар ин боб нависам. Ин мақола дар шумораи аввалини СССР нашр шуда буд ва бо ин “баҳона” ба СССР омадам...


Меҳрубон Салимшоев,
таърихнигори СССР



Бо 1 посухи ФФТ ба СССР омадам
Агар хато накунам, баҳори с.2009 буд. Газетаи мардумии СССР, ки ба тозагӣ интишор шудаву миёни мардум маъруфият меёфт, дар 1 матлаби худ Федератсияи футболи Тоҷикистонро сахт интиқод кард. Мақола ба қалами сардабири СССР Сайёфи Мизроб тааллуқ дошт. Дар матлаб аз коргузории ФФТ сар карда, то харҷи мақсадноки маблағҳои аз ФИФА ва АФК мутобиқи барномаи Ёрии молиявӣ ба ин ташкилот воридшуда таҳлилу баррасӣ гардида, ҳолати футболи ватанӣ шадидан интиқод мешуд. Инро низ бояд гуфт, ки он вақт на ҳар журналисту на ҳар расонаи хабарӣ дилу гурдаи интиқод кардани ниҳоди зертобеи Генерал Сӯҳроб Қосимовро дошт. Нағз дар ёдам ҳаст, ки рӯзноманигорон ҳатто мусоҳибаашонро бо Генерал чандин маротиба мувофиқат карда, сонӣ нашр мекарданд. Ин ҷо бошад, сардабири СССР матлабе навишт, ки барои ФФТ сода карда гӯем, “бомба” буд. Ман он вақт дар вазифаи ёвари президенти ФФТ фаъолият мекардам ва “бомбаи Сайёф”-ро ба генерал Қосимов нишон додам. Баъди мутолиа ӯ ба андеша рафт ва баъд бе ягон асабоният фикрашро баён кард ва супориш дод, ки то фардо андешаҳои ӯро истифода карда, ба мақолаи сардабири СССР ҷавоб нависам. Ман супоришро иҷро кардам ва пагоҳро интизор нашуда, бегоҳи ҳамон рӯз бо котиби генералии вақти ФФТ Шералӣ Давлатов матлабро бардошта, барои мувофиқат ба хонаи Генерал рафтем. Қосимов хеле асабонӣ буд, вале баъди хондани ҷавоби навиштаи ман андаке тағийр ёфт, ҳатто “спасибо за такой ответ” гуфта таърифам кард ва зери навишта имзо гузошт. Рӯзи дигараш матлабро бардошта, ба ГЖК рафтам. Дар утоқи сардабир 2 каси дигар низ менишаст. Баъди оне, ки худро шинос кардам, Сайёфи Мизроб онҳоро чӣ супорише карда, мураххас шуд ва матлаби навиштаамро гирифту бодиққат хонд. Баъди мутолиа аз ҷояш бархост ва нағз дар хотир дорам, ки дастамро фишурда чунин гуфт: “Генерал сахт босавод будааст!”. Ин ҷо фақат ҳаминро илова бояд кунам, ки ин нахустин вохӯрии ман бо СССРу бо Сайёфи Мизроб буд. Сонӣ, устод суолам кард:
-Ҷавобро кӣ навиштааст?
Ман беҷуръатона гуфтам, ки фикру мулоҳизаи роҳбариятро истифода карда, мақоларо ман навиштам. Ғайриинтизор Сайёфи Мизроб низ ба китфам дасташро гузошта гуфт, ки “аз ин пас ҳар ҳафта ту бояд барои газета 1 матлаб нависӣ!”.
Маҳз, бо дуои Бобои Эшони Сайёфи Мизробу газетаи мардумии СССР ман ба дунёи пуршӯру пурғавғои журналистика ворид шудам.

Нуралӣ Хоркашев,
журналист, корманди ФФТ



Корро аз «супориш» сар кардам
Соли 2008. 1-2 рӯз пеш аз ҷашни Истиқлолияти давлатии ҶТ буд. Он замон дар Коллеҷи фарҳанги ҶТ дар н.Рӯдакӣ ба ҳайси муаллим дар шӯъбаи журналистика соати дарсӣ доштам. Дар моҳи августи с.2008 мусоҳибаи ман бо устод, профессор Иброҳим Усмонов дар газетаи «Фараж» чоп шуд. Барои гирифтани гонорар ба идораи ин нашрия (ошёнаи 8-и ГЖК) омадам. Ҳаққи қаламро гирифта, пеши лифт раҳакӣ будам, ки журналист Сайёфи Мизроб бо шитоб аз кадом кабинете баромад, дар гарданаш 1 флешкорт овезон. Маро диду баъди ҳолпурсӣ ба кабинеташ бурд ва гуфт:
-Дар куҷоӣ ва чӣ зиндагӣ дорӣ?
Баъд аз шунидани шарҳи ҳолам гуфт:
-Аз ҳамин ҳоло бояд бо ман бошӣ! Ман ба кори муаллимият дахл намекунам…
Ҳини сӯҳбат афзуд:
-Ту нағз медонӣ, ки ман журналисти касбиям ва аз кулӯх журналист метарошам…
Вақте дар бораи маош мепурсидам, ки гапамро буррида гуфт:
-Аввал корро ёд гир! Бадбахтии мо ин аст, ки фақат дар бораи пул фикр мекунем, на дар боби кору маҳорату сайқали касб. Ту ном ёб, НОН туро меёбад!
Ин шабу рӯз аллакай №1-и СССР чоп шуда буд ва аз таъсиси чунин 1 газетаи мардумӣ ВАО ҳамарӯза эълон медоданд. Бо ҳамин, аввалин матлаби ман дар СССР (№2) бо номи «Редаксияи супориш дод: Бемор шав!» (ин супориш ба журналист Абдулмуъмини Шерхон низ буд) рӯи чоп омад. Баъдан, супоришҳои дигари редаксия: «Беимон шав!», «Гадо шав!», «Мошин фурӯш!», «Гов фурӯш!», «Зан гир!»… бо қалами ин ҷониб ба нашр расиданд. Баъде, ки ҳар «супоришнома»-и СССР чоп мешуд, мардум дар ҳар ҷода дидаву мепурсиданд:
-Ин ҳафта СССР чӣ супоришат медода бошад?...
Фикр мекунам, дар 9 соли фаъолият дар СССР хело нозукиҳои журналистикаро аз худ кардам, минҷумла, кор бо мактубҳо. Шуъбаи мактубҳо беҳтарин мактаб-муқаддимаи хабарнигориву муҳаррирӣ аст, барои ҳар навқалам. Мо Метавонем!

Шаҳрзоди Амин,
котиби масъули СССР



Аз интихоб хато накардаам!
Баъди аз ҳафтаномаи “Дайджест пресс” аз кор рафтанам (моҳи ноябри с.2015) дар назди бинои «Шарқи Озод» сардабири СССР Сайёфи Мизробро вохӯрдам. Баъди пурсупос гуфт, ки наздаш дароям… Дар утоқи корӣ хело сӯҳбат кардем ва сардабири СССР маро ба ҳайси масъули сайт ва тарроҳи ҳафтанома (саҳифабанд) ба кор даъват кард. Солҳои 1990 ман бо Сайёфи Мизроб дар нашрияи «Тоҷикистон», баъдан дар «Чархи гардун» кор карда, ӯро ҳамчун журналисти пуртаҷриба, кордон ва хоксор медонистам. Ҳоло, бовар дорам, ки аз интихоби кор дар ҳафтаномаи серхонандаи СССР хато накардаам…
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш 9-солагии СССРро ба ҳамаи коллективу ҳаводорони СССР самимона таҳният менамоям!

Идибек Маҳмудҷонов,
масъули сайт ва веростори СССР




Матлабҳои дигар