ХАБАРИ ДОҒ

Ин шабу рӯз дар “Озодӣ” чӣ мегузашт?

  • Душанбе, Сен 11 2017

Баробари барҳам хӯрдани СССР (1991) мардуми дар давраи карахтӣ ба воя расидаву тарбиятдида бо даъвати “равшанфикрон” “аз хоби гарон хест!!!”. Хоҳ ҷавон, хоҳ пир ва дӯшизаю кампир дар бораи демократия ва соҳибистиқлолӣ сухан мекард. Ин зуҳуроти нохуб ҷумҳуриро ба вартаи бародаркушӣ овард. Майдони Шаҳидон шарораи хомӯшнашавандаи ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

“Мо бо шумоем, кӯлобиҳо!”
24.04.1992 чун одати давраҳои советӣ дар ноҳия шанбегӣ гузаронида мешуд. Хурду калон барои ба танзим овардани кӯчаю гулгаштҳо, назди идораю муассисаҳо ба шанбегӣ баромада буданд. Вале мошину автобусҳои қатори пур аз одам, ки аз роҳи мошингарди Нораку Ёвон меомаданд, диққати ҳамаро ҷалб намуд. Шиорҳои гуногуни даъватталаб, ки мардуми минтақаи Кӯлоб навишта буданд, ҳукумати қонуниро дастгирӣ карданӣ буданд.
Рӯзи 26 апрел ёвониҳо низ таҳти шиори ”Кӯлобиҳо, мо бо шумоем!” ҷои худро дар назди нишони Тоҷикистон, назди Шӯрои Олӣ ёфтанд ва ин майдонро баробари майдони Шаҳидон “майдони Озодӣ” номиданд.
Штаби ёвониҳо бо роҳбарии Раҷаби Мусулмониён, Раҷаб Исмоилов, Шамсиддин Раҳимов ташкил ёфт. Одамони тарафдори майдони Озодӣ зиёд буданд. Дар ин майдон Сангак Сафаров, Мулло Ҳайдар Шарифов роҳбарӣ мекарданд. Мардуми хайрхоҳ барои дастгирии майдоннишинон кӯмаки молию пулӣ мерасониданд. Дар он вақт колхозу совхозҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вуҷуд дошт ва аз ҳисоби буҷаашон маблағҳо ҷудо менамуданд. Ба мардуми Кӯлобу Ёвон тарафдорони майдони Озодӣ-равшанфикрони н.Вахш пайвастанд. Майдондорон талаби зиёд надоштанд: “дар ҷумҳурӣ ҳукумати қонунӣ бошад, майдони мухолифин-Шаҳидон бояд пароканда шаванд!”

Қатли Шерализода-муқаддимаи ҷанг
Яке аз иштирокчии майдони Озодӣ, Раҷаб Исмоилов хотираи худро варақ зада мегӯяд: “Дар майдони Озодӣ занҳои хатлонӣ, ки иштироки бевосита доштанд, нисбати мардон фаъол буданд. Мардоне, ки аз шиддати борону хунукӣ сари худро даруни хаймаҳову кинотеатри “Ҷомӣ” мегирифтанд, баръакс занони хатлонӣ мардонро сарзанишкунон мегуфтанд: - Эй мардони майдон, либосҳои моро пӯшеду баъд даруни хаймаҳо дароед. Ин суханҳо боз иштирокчиёнро ба майдони ҳақиқату озодӣ бармегардонд...”.
Дар ҳамон давраи майдоншинӣ лаҳзаҳои мағшуши фаромӯшнашаванда зиёд буданд. Майдонҳо рӯз то рӯз хушунатомез мегардиданд ва билохир, дар моҳи май дар майдони Озодӣ хунрезӣ шуд. Муҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода ва баъдан чанд тани дигар мавриди куштор қарор гирифтанд.

Прокурор: Хун рехт! Дигар илоҷ нест!
Раҷаб Исмоилов он рӯзҳоро ба хотир оварда мегӯяд:
“Бо роҳбарони ситоди ноҳиявӣ якҷоя шуда назди президенти вақт, раҳматӣ Раҳмон Набиев, ки дар бинои Шӯрои Олӣ менишаст, рафтем. Мардуми Ёвон хоҳиш карданд, ки бо ӯ вохӯрда ояндаи майдоншиниҳоро муайян кунем. Муҳофизони Набиев ҳангоми омадани мо масти хоб буданд ва марди бедори дигар моро назди Президент даромадан намонд, чунки ӯ ҳоло банд будааст. Баъди лаҳзае прокурори шаҳри Душанбе-С.Шарофов аз назди Набиев, ки дар ҳолати изтироб буд, баромада гуфт: “Акнун ба ҷойҳои худ баргардед. Хуб нашуд, хун рехт, илоҷи дигар нест. Одамонро ба ҷойҳои худ бубаред...”.
Ин ҳолати яъсу навмедӣ ва аз дасташ чизе намеомадагиро дида, беруни кабинет гаштем. Барои тасаллои дил бо маслиҳати якдигар ба кабинети Сафаралӣ Кенҷаев даромадем. Ӯ аз байни коғазҳои паҳну парешони кабинети чангзеркардааш чизеро меҷуст. Пас аз арзи муддао кардан ӯ низ: “Кори хуб накардед, бояд ба майдон намеомадед. Хун рехта шуд” гуфт.

Қозӣ ба истеъфо!!!
Мо ҳар 3 намояндагони н.Ёвон лол мондем. Чӣ гуфтанамонро надонистем ва беруни бинои Шӯрои Олӣ шудему фаҳмидем, ки майдоннишинон бесоҳиб будаанд. Майдони Озодӣ ба таври хаотикӣ амал мекардааст. Ҳар рӯз бошад мардуми аз бозиҳои пасипардагии роҳбарони сатҳи боло бехабар, даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ ба майдоннишинон ҳамроҳ мешуданд. Мардуми башӯромада, ки бо сухану байрақи шӯравӣ мусаллаҳ буданд, дар хаймаҳо “ёнбош” зада, бо навбат ба минбари майдон баромада, ба истеъфо рафтани қозии вақт-Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро талаб мекарданд ва мехостанд, ки майдоннишинҳои майдони Шаҳидон пароканда шаванд. Вале механизми пурқуввате набуд, ки онҳоро ба ифоқа орад. Зеро анархияи мутлақ ҳукмрони ҷамъият гашта буд. Дар ҳамон рӯзҳо 17 нафар вакилони парлумонро дастаҳои мухолифин гаравгон гирифтанд. Дар дили майдоннишинони майдони Озодӣ яъсу ноумедӣ афтод.

“Коммунист” бошӣ-мурдӣ!
Рӯзи 5.05.1992 роҳбарони ситоди н.Ёвон Раҷаби Мусулмониён, Раҷаб Исмоилов, духтур Бурҳониддин Халилов мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и касалхонаи ноҳиявиро аз майдон гирифта, барои шустушӯи сару бадани дар арақу борон таршудаи худ ба хонаи хешашон, ки дар назди бозори “Сабз” буд, рафтанд. Роҳҳои гузар баста буданд ва аз ҳамон ҷо гашта ба сӯи деҳаи Чортути н.Рӯдакӣ роҳ пеш гирифтанд. Дар он ҷо ҳам мухолифин сангҳо гузошта, касеро аз шаҳр берун рафтан намемонданд. Хавф дили роҳбарони ситоди ноҳияро макон кард ва баргашта ба майдони Озодӣ омаданӣ буданд, ки мошинашонро дар назди бунгоҳ-пункти ГАИ бачаҳои яроқбадаст боздоштанд. Вақте фаҳмиданд, ки онҳо аз н.Ёвон ҳастанд, ронандаро аз мошин фароварданд ва боқимондаро “коммунистони ёвонӣ” гуфта ба кузов тиққонданд. Мухолифин мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро сӯи чойхонаи “Роҳат”, ки таҳхонаи он ҷои азобу шиканҷаи тарафдорони майдони Озодӣ қарор гирифта буд, оварданд. Баъди пурсупоси кӯтоҳ ҳар 3 намояндаи Озодӣ бо хурдани чанд зарбаи қундоқи автомат ва ҳақоратҳои обдор бо сару рӯи вараму хуншор дар таҳхона то саҳар монданд. Субҳдам боз таҳқиру ҳақорат ва зарбаҳои ҷонкоҳ онҳоро ба по бархезонд. Одамони ба ҷурми “коммунист” ва “душман” маҳкам шуда бо сару рӯи варамида, лабу рӯи хуншор то нисфирӯзӣ меҳмони чойхонаи “Роҳат” шуданд. Баъди нисфирӯзӣ Бобоазиз ном шахсе, ки тарафдори майдони Шаҳидон буд, аз ҳоли онҳо огоҳ гардида, бо баҳонаи дар ТВ баромад доштан, онҳоро аз куштан, азобу уқубат ва таҳқир халос кард.

Бо ҷоғҳои шикаста баргаштанд!
Бобоазиз Мусулмониён ва ҳамроҳонашро назди кинотеатри “Ҷомӣ” оварда интизори наворбардорони ТВ Тоҷикистон шуданд, вале онҳо наомаданд. Бобоазиз баъд онҳоро ҷавоб дода таъкид намуд, ки дар байни мардум эътироф кардани Ҳукумати муросои миллиро таблиғу ташвиқ кунанд. Асирони таҳхонаи чойхонаи “Роҳат” рӯзи дигар ба ноҳия баргаштанд: бо сару рӯи варамидаю ҷоғҳои шикаста... Рӯзи 7 май корвони мошинҳои пур аз одам бо роҳбаладии намояндаи оппозитсия Давлат Худоназаров ба воситаи роҳи Ёвон ба Кӯлоб рафтанд. Майдони Озодӣ аз майдоннишинон озод шуд, вале майдони Шаҳидон Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ҷоғҳои шикастаи роҳбарони майдони Озодӣ аз н.Ёвон шифо ёфта бошад ҳам, вале то ҳол хотираҳои мағшуш хотири онҳоро ноором месозад.
***
Хуллас, дар ҷанги шаҳрвандие, ки 5 сол давом кард, аз ҷавонмардони ёвонӣ зиёда аз 510 нафар кушта шуданд, ҳам аз дасти мухолифин, ҳам дар ҷанги барқарор кардани ҳукумати қонунӣ. Хотираи онҳо ҳама вақт дар дили ёру ақрабо зинда аст. 1 қисми ёвониҳо ба ФХТ пайваста, дар барқарории ҳукумати қонунӣ ҷон бохтанд.


Зайнулобиддин Ҳусейнов,
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter