ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Алименти духтаронамро чӣ хел гирам?

  • Душанбе, Сен 11 2017


Узви Ихвона-ал-СССР, Гулсара Сироҷоваи 57-сола, сокини маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор бо телефони 918 42 42 83 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 1 шикояти оилавӣ дорам. 2 духтари ман-Адиба ва Дилафрӯз аз шавҳар, бо 3-фарзандӣ ҷудо шудаанд. Яке 10 сол пеш, дувумӣ 3 сол пеш ҷудо шудааст. Ҳоло шикояти ман дар хусуси алимент аст. 10 сол мешавад, ки ин 2 духтари ман алимент намегиранд ва ҳама ғаму ташвиши онҳо бар гардани ман бор шудааст. Хуллас, аз раҳбарияти Суди Олии ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои ситонидани алименти фарзандонам кӯмак намояд. Ман худам бемораму қуввати роҳгардӣ надорам, вагарна ба идораи СССР рафта арз мекардам. Бисёр мехостам, ки фарзандони онҳо соҳиби алимент шаванду ба мактаб раванду соҳибилм гарданд.

Китобҳо

Flag Counter