ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷикстандарт маро таҳдид дорад!

  • Душанбе, Сен 11 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳоҷӣ Шамсиддини Қудрат, аз деҳаи Тутакаи ноҳияи Ҳисор ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки ҳамин ҳоло маро Манучеҳр ном корманди Агентии “Тоҷикстандарт” бо телефон занг зада таҳдид дорад, ки “ту бояд барои ин гапҳои гуфтаат дар СССР, дар назди раҳбарияти Тоҷикстандарт омада бахшиш бипурсӣ ва ҷавоб бидиҳӣ!” Гап сари 1 андешаи ман дар “меҳмонхонаи СССР” меравад, ки ҳафтае пеш он ҷо перомуни пухтупази сунъии набот ва маводи кимиёии ин маҳсулоти қаннодӣ аст. Сарлавҳаро бошад редаксияи СССР мондааст ва беҳтарин унвон!!! Акнун, Манучеҳр аз ман талаб дорад, ки ман бигӯям, ки чунин даъво надорам ва номи матлабро ман намонда бошам! Ва ба қавли ӯ, бояд аз Тоҷикстандарт тариқи газетаи СССР пӯзиш бипурсам! Аммо ман-мухбири мардумии СССР ҳаргиз бахшиш намепурсам ва агар лозим бошад, ҳамон наботҳои сунъиву қалбакӣ ва пур аз химикатро назди Ибодулло Қурбониён-раиси агентии Тоҷикстандарт бурда, болои мизаш мегузорам, то худ бинаду ташхис кунад!!! Ман аз Қурбониён пурсиданиям, ки коргари 1 идораи давлатӣ чӣ ҳаққ дорад, ки ба шаҳрванд нисбати баёни ақидааш таҳдид кунад??? Ё ин амри Қурбониён буд?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter