ХАБАРИ ДОҒ

Филармонияи Мастчоҳ ба нестӣ рафтанист!

  • Душанбе, Сен 11 2017


Чанд сол пеш дар н.Мастчоҳ филармонияи халқӣ ба номи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рустамбег Ботуров бо ташаббуси мудири шуъбаи фарҳанг-Шодибег Усмонов ва бо дастгирии вазири вақти фарҳанг-М.Асрорӣ таъсис ёфт. Ҷавонони боистеъдод, ба мисли Парвизи Шодӣ, Маҳмадсабур Зокиров, Маъбуд Музаффаров, Сулаймонбег Шодиев ва ансамбли оилавии Ҳаитовҳо ба зудӣ бо эҷоди пурмазмуни худ шӯҳрати филармонияро афзуданд. Соли 2012 бошад филармония аз номи Тоҷикистон дар Туркманистон баромад карда, сазовори ифтихорномаҳо ва диплом шуд. Аммо оҳиста-оҳиста кор ранги дигар гирифт. Гурӯҳи мухолифи мудири шуъба аз серталабии ӯ норозӣ шуда, бо роҳбарии доҳияшон ба айбҷӯию туҳматбофӣ оғоз карданд. Раиси вақти ноҳия Аҳмадзода бошад шахсонеро, ки собиқ раиси ноҳия А.Ҳикматов таъин карда буд, аз кор озод кардан гирифт, ки дар ин саф Шодибег низ буд. Дар 4 сол ягон намоишнома пешкаши тамошобинон нашуд. Театри халқӣ маълум нест, ки ҳаст, ё не! Фақат ҳаминаш маълум аст, ки саррежиссёр-Азизи Шодӣ «фаъолият» дораду моҳона мегирад. Дар баробари ин ӯ раиси хоҷагии деҳқонист. Баъзе «ҳофизоне» «ҳунарнамоӣ» мекунанд, ки на овоз доранду на истеъдод. Солҳои сол 1 суруди нимкораро такрор ба такрор мехонанд. Дар солҳои шӯравӣ ҳар 1 соҳа вазифадор буд, ки нақшаи басташударо иҷро кунад. Пас коргарони филармония ва фарҳанги ноҳия аз кадом ҳисоб маош мегиранд?

Зикриёи Дилшод,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter