ХАБАРИ ДОҒ


Дар газетаи СССР (№28(461), 13.07.2017) мақолаи журналист Нурулло Ҳасанов бо номи «Корти бонкӣ пешравист, ё пасравӣ?!» ба чоп расидааст. Мақола дар маҷлиси кушодаи филиали №56 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мудирони филиалҳои зертобеъ муҳокима карда шуд. Андешаи муаллиф ба ҳақиқат дуруст намеояд, ӯ бо шароити имрӯзаи пешравии ҷомеа мувофиқ нест ва тарзу усули корбарии бобоияшро давом доданист… Журналист кадом вақту соатро дар назар дорад, ноаён аст, зеро дар н.Муминобод 2 адад банкомат ҳаст, яктои он дар ҳолати корӣ буд ва ҳаст, аммо дар ҳақиқат 1 банкомати дигар аз таърихи 17.04.2017 то 24.06.2017 бо сабабҳои техникӣ корношоям буд. Ҳоло бошад таъмир карда шудааст ва ҳар 2 банкомат дар ҳолати кориянд. Дар вақти коршоямӣ бе пул намондаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи банкоматҳои филиалҳои минтақа 19 дона ва шумораи посттерминалҳои филиалҳои минтақа 88 донаро ташкил медиҳанд, ки 8-тои он ба н.Муминобод тааллуқ дорад. Нурулло Ҳасанов ҳини навиштан чизе, ки дилаш хостааст, рӯи чоп овардааст, на тавозуни андешаро риоя кардаасту на саҳеҳиятро.
Т.Латифов, ҳуқуқшиноси филиали №56 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter