ХАБАРИ ДОҒ


Баҳои хидматрасонии нақлиёти мусофирбарро метавон 2-и калон монд!

Сад не, ҳазор ҳам не, даҳҳо ҳазор сокини Душанбе имрӯзҳо, ба вежа, аз соати 7:30 то 8:00 дар пойтахти кишвари азизамон ҳайрону саргардонанд. Инҳо афродеанд, ки қад-қади кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то километрҳо навбат мепоянд: навбати нақлиёти ҷамъиятӣ…
Амрикоро кашф намекунам, агар гӯям, ки сохтори ҷадиди хидматрасонӣ ба талабот посухгӯ нест! Зимнан, на бесабаб аст, ки сайтҳои иҷтимоӣ аз бонгҳои изтиробу хоҳишу дархосту илтимосу мададхоҳӣ пур шудаанд, ки менависанд:
-Таксиҳои 3-сомонаро ба мо баргардонед!!!
Ҳатто пешниҳодҳо ҳам ҳаст, ки дар пойтахт оҷилан Метро-роҳи оҳани зерзаминӣ сохта шавад.
Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони мо на бесабаб дархост кардааст, ки соати дарсиро дар Донишгоҳу Донишкадаҳо аз соати 8 ба 9 гузаронанд. Зеро ин талаботи замон аст, дигар. Воқеан ҳам аз соати корӣ ҷудо кардани соатҳои дарсӣ дар шаҳрҳои бузург аз қадим роиҷ буд. Фарзи мисол, маро дар Университети Ленинград, дар соли 1988 аввалин чизе, ки ба ҳайрат афканд, маҳз шуруъи дарсҳо буд. Дарс дар ин ҷо аз соати…09:45 дақиқа оғоз мешуд!!!
Кайфияти тағйири замони кор аз дарсро баъдтар дарк кардам. Студентҳо мисли Душанбеи солҳои советӣ (ва кунунӣ низ!) бо кормандони корхонаву заводу фабрикаҳо дар нақлиёт ҳамдигариро зер кардаву сақату дашномгӯён намерафтанд. Студенти мондаву лакот низ муваззаф набуд, ҷои худро ба калонсолон диҳад. Зеро дар соате, ки мо дарс мерафтем, ҳама ҷавонон бо мо сафар мекарданд! Муҳимтар аз ҳама: масъулини давлату сиёсат низ бо ҷурми набуди нақлиёт аз кор дер намекарданд ва ҷои онҳоро дар автобусу метро студенти хоболуд намегирифт. Студент ҳам ба Донишгоҳ дер намеомаду коргар ҳам саривақт ба ҷояш мерасид.
Рӯиҳамрафта, аз соати 7:00 то 8:30 дақиқа мо роҳат дарсҳоро такрор ва тайёр мекардем. Яъне бо 1 тир чанд фохта зада мешуд. Зимнан, пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар мавриди тағйири шуруъи дарс айни савоб ва муддаост ва он бояд бе ягон баҳсу масъалагузорӣ қабул шавад. Шаҳрдори ҷавон бо ин пешниҳод исбот кард, ки воқеан ҳам шахси замонавӣ ва вораста аст ва набзи ҷомеъаро дар даст дорад...
Аммо то он замон бояд чӣ кор кард? Ақаллан аз таксиҳои фардӣ ва мошинҳои самтӣ-попутка бояд ис-ти-фо-да кард!
Имрӯз БДА яке аз мушкили асливу усулии тамбашавӣ, навбатпоӣ ва бебандуборӣ дар самти нақлиёти мусофиркаш шудааст. Кӯр нестем ва мебинем, ки ҳамарӯза, ҳар субҳ, нозирони БДА дар назди истгоҳҳо саф зада, аслан парвои танзими нақлиётро надоранд; онҳо ронандаҳоеро, ки ягон мусофири бечораи соатҳо чашминтизорро савор мекунад, медоранд ва аснод тартиб менамоянд ва бо ҳамин дар шафати истгоҳҳо тамбаи сунъӣ таъсис медиҳанд.
Ҳуй, БДА!!! Ин шабу рӯз чунин хидмати шумо «хизмати хирсона»-ест ба шаҳрдорӣ! О, монед, ақаллан субҳ ин мардумро «попутчик»-ҳо баранд то ҷои кор, то донишкада, то мактаб…
Амалиёти «Саллаву Калла»-ро Раёсати БДА ҶТ бояд оҷилан қатъ намояд, то нороҳативу норизоии даҳҳо ҳазор мусофир зиёд нашавад. БДА бояд донад, ки ҳар сабрро ҳад ва ҳар косаро ҳудудест. Мардум дилмондаву дилсард мешавад аз ин роҳпоиҳо. 1 бор Раиси БДА худаш бо либоси мулкӣ ҳамроҳ бо масъулини нақлиёти мусофиркашонии пойтахт баромада, фарзи мисол, дар истгоҳи Цирки давлатӣ кӯшиш кунанд, то ба автобусу троллейбус ё старекс шинанд. Гарав мебандам, ки 30-40 дақиқа истодаву ҷой намеёбанд. Ва медонӣ, хонанда, чаро? Оре, халқи оддӣ таҷрубаи телатумба кардану шиштанро дораду онҳо не. Зеро мошини хидматӣ доранд!!! Мо метавонем!
Воқеан ҳам, қобили зикр аст, ки хидматрасонии таксиҳои ба масале «33-33» хуб аст. Автобусҳои нави овардаи шаҳрдорӣ низ пойтахтро зеботар кардаанд. Аммо онҳо на-ме-ра-санд! Ба вежа, дар субҳ. Зимнан, ба пиндори сирф фардии ман, бояд оҷилан 3 корро кард:
1.    Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ қабул шавад! Ва то қабули он…
2.    Бояд ҳатман таксиҳои фардӣ ва автоҳои самтӣ-попуткаҳо фаол гарданд. Ва то фаолият доштани онҳо…
3.    Аз соати 7 то 8-и субҳ нозирони БДА аз назди истгоҳҳо дур раванд. Зеро бори дигар ҳам такрор шавад мегӯям, инҳо дар аксари маврид парвои танзиму тамбаро надоранд. Онҳо бо «кору бори худ банданд»…
Ва аз ҳама муҳим: То ин дам масъулини нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ё кор кунанд ё ҷойро холӣ. Дигарон метавонанд.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter