ХАБАРИ ДОҒ

Дуздони Мастчоҳ бо фуки баланд мегарданд

  • Душанбе, Сен 18 2017


Дар солҳои 1970 барои ба мақсад расидани сиёсати энергетикӣ дар саросари мамлакат шинондани упорҳои пуриқтидори энергетикӣ оғоз ёфта, дар натиҷаи ин тадбир ҳавзаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд омада буд. Чунин упорҳо ва ноқилҳои пурнерӯ аз ҳудуди н.Мастчоҳ низ мегузаштанду чандин ҷавон дар ин ҷода мутахассис ҳам шуда буданд. Афсӯс, баъди пошхӯрии СССРи пурқудрат риштаҳои ягонаи дӯстию бародарӣ канда шуда, ҳамон упорҳои пуриқтидор ҳадафи дузду ғоратгарон гардида, ноқилҳоро чунон кандаву буррида гирифтаанд, ки дар тааҷҷуб мемонед! Упорҳои баландқомат ин дашти васеъро ба гуфте «оро» медоданд, ҳоло бошад дар назар скелетҳои даруни қабристонро мемонанд. Рӯзи нишасти матбуотӣ ман дар назди раиси ноҳия аз Сафоев-сардори Шабакаҳои барқӣ пурсидам, ки «инҳоро давлат барои эҳтиёҷоти худ канда бошад?» «Афсӯс»-гуфта маънидорона сӯям нигоҳ намуд. Аммо касеро ба касе кораш нест. Борҳо ба ШКДи ноҳия шикоят намудем, касе моро тарафдорӣ накард! Борҳо дуздонро дастгир намуда, ба ШКДи ноҳия супурдем, вале рӯзи дигар дузд бемалол дар кӯчаҳо бо фуки баланд мегашт.


Зикриёи Дилшод,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter