ХАБАРИ ДОҒ

Дар дарё оббозӣ хатарнок аст!

  • Ҷумъа, Сен 22 2017


Прокуратураи н.Фирдавсӣ мақолаи «Чаро оббозии кӯдакон назорат намешавад?»-ро мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш дар якҷоягӣ бо ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, бо Раиси маҳаллаи Дарвоз Ғарибов Н. ва Нозири минтақавии ШВКД-и ноҳия-Файзалов Г. дар соҳили дарёи Душанбе, корҳои фармондадиҳӣ бо кӯдакону наврасон ва шаҳрвандони ба оббозӣ машғул буда, гузаронида шуд. 18.07.2017 дар якҷоягӣ бо намояндаи шӯъбаи маорифи ноҳия Абдувосиби С. дар лагерҳои истироҳатии наздимактабии «Табассум», ки дар мактаби №49, истироҳатгоҳи «Парасту», ки дар мактаби №5 ва санаи 19.06.2017, дар лагерҳои истироҳатии назди мактаби «Парасту» дар мактаби №74 ва «Ситора», ки дар мактаби №76 ташкил шуда буданд, вохуриҳо бо омӯзгорон, кӯдакону-истироҳаткунандагон доир ба мавзӯъҳои донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя кардани онҳо ҳангоми оббозӣ дар ҳавзҳо ва ҷойҳои махсус гузаронида ва дар соҳили дарё, истгоҳҳо ва сутунҳои назди соҳил навиштаҷотҳои «Диққат!!! Дар дарё оббозӣ хатарнок аст» насб карда шуд.

И.Кароматулло, муовини прокурори н.Фирдавсӣ, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter