ХАБАРИ ДОҒ

Ва ё Умари Намангонӣ кист?
Тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ, Умар-писари Ҷумъаи Намангонӣ-фармондеҳи Ҳаракати исломии Узбекистон лидери ҲИУ дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон таъйин шуда, ҳоло дар паҳлӯи ИГИЛ меҷангад. Маврид ба ёдоварист, ки Умар с.1994 дар н.Тавилдараи Тоҷикистон, ки падараш он вақт дар ҳайъати нирӯҳои ИНОТ меҷангид, ба дунё омада, чанд сол дар Афғонистон ва дар дигар сарзаминҳои қабиланишини Покистон “тарбияву тактика”-и ҷангӣ дида, ба воя расидааст. ҲИУ ва ҲНИТ солҳо паҳлӯи ҳам бар зидди Тоҷикистон меҷангиданд ва аҷабо, ки ИДУ ҳизби террористӣ буду ПИВТ-шарикаш не. Бозиҳои сиёсии абарқудратонро худ баҳо диҳед...

Таваллуди ҳизби террористӣ
Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (Ӯзбекистон Исломий Ҳаракати-Исламское движение Узбекистана-ИДУ) ҳамчун созмони исломӣ соли 1996 баъди он ки аъзои аҳзобу ҷунбишҳои онвақта дар Тошканд-«Адолат уюшмаси» («Ҳақиқати ҷамъият»), «ҲИУ», «Ҳизби Исломии Туркистон», «Ислом Лашкарлари» («Лашкарони Ислом») ... зери таъқибу фишор қарор гирифтанд, таъсис ёфт. Худи ташкилотҳо бошад аз ҳамон давр дар қаламрави Ӯзбекистон комилан мамнуъ ва террористиву экстремистӣ эълон гардиданд. Тоҳир Юлдошев баъди таъсиси ИДУ раҳбари он баргузида шуд ва муовинаш-Ҷумъа Ҳоҷиев (Намангонӣ) таъйин гардид. ҲИУ аз 4.02.2003 аз ҷониби Суди Олии Русия дар қаламрави ФР ташкилоти террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Русия комилан манъ шуд...
Вале баъдан Юлдошев ва Ҳоҷиев таҳти фишор (ваё бо миссия-супориши Тошканди каримовӣ!!!)-и ҳукумати Ислом Каримов с.1992 бо тарафдорони худ ба Тоҷикистон пинҳон шуда, ба оппозитсияи тоҷик пайвастанд. Баъди имзои Созишномаи Сулҳ байни ҳукумати имрӯза ва мухолифин боевикҳои ҲИУ 2 дафъа-бори аввал аз тариқи вилояти Сурхондарё ва бори 2-ум тавассути Қирғизистон талош карданд, то ба Узбекистон гузаранд. Баъди ин 2 талоши ноком дар с.2000 ҷангиёни ҲИУ таҳти фишори ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуданд, дар Афғонистон руст ва ба Толибон ҳамроҳ шаванд. Моҳи сентябри с.2001 (баъди террори Маркази Умумиҷаҳонии Савдо дар Ню Йорк) коалитсияи Амрико амалиёти ҷаҳонии зиддитеррорро дар Афғонистон ба роҳ андохт ва Ҷумъа дар 1 ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуд. Боқимонда солдатҳои ҲИУ бо роҳбарии Тоҳир ба Покистон гурехтанд. Он ҷо Тоҳир ва боз 2 раҳбари ҲИУ кушта шуд. Баъдан, Усмон Одил дар соли 2012, баъди қатли ӯ Усмон Ғозӣ садри ин ташкилоти даҳшатафкан таъйин гардиданд...

Тарафгирони маҳаллии ҲИУ
Ин ҳамон Ҷумъаву ҳамон Тоҳирест, ки муҷоҳидони даррандахӯяш пас аз таркиши бинои РОБОПи Шӯъбаи милиса дар Хуҷанд (3.09.2010) ва боздошту хунсо кардани бахши террористии иртиҷоиёни Таҳрирӣ дар н.Исфара (14.11.2010) вилояти Суғд ба 1 мавзеи нисбатан оромтари Тоҷикистон табдил шуд. Зеро маҳз пас аз ин моҷароҳо минтақаи Рашт ноором шуд, ки Алии Бедакиву Мулло Абдулло (август-ноябри 2010), ки даст ба қатли 26 сарбози шуҷоъи Тоҷик дар Камаров зада буданд, пайгириву маҳв шуданд. Хотиррас мешавем, ки Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) 4.01.2011 бо гурӯҳи 9-нафарааш ба муҳосира афтода, сипас бар асари бархӯрди сангин, 8 бандит бо шумули худи Алӣ кушта шуданд, ки ҷояшон дӯзах бод!
Чун Алӣ капут шуд, мақомот ба сайди террористи дигар-Мулло Абдуллои 61-сола баромаданд, ки борҳо мақомот санади марги ӯро тасдиқ карда буд.
15.04.2011 Мулло Абдулло ҳам кушта шуд. Ликвидатсияи ӯ, ки дасти рости Бен Ладен хонда мешуд, обрӯи мақомоти қудратии зиддитеррори Тоҷикро дар олам боло бурд. Зеро агар НАТО, Амрико ва ҷамъияти башарӣ солҳои тӯлонӣ бо Бен Ладен ҳарби бенатиҷа доштӣ, пас милисаву амнияти Тоҷик Абдуллоро ҳамагӣ баъд аз 7 моҳи террори гӯшношуниди сарбозони ҷавон хунсо намуд! Ин ҳамон Абдуллое буд, ки қаблан генерали харизматик Мирзо Зиёев маъруф бар Мирзо Ҷагаро дар Тавилдара кушта буд…
Ана ҳаминҳо буданд дигар, ба ном “муҷоҳидин”, ки зери нақораи 2 ӯзбаки террорист, 18 сол бо Тоҷикони ҳамхунашон меҷангиданду модари Тоҷикро мекуштанду таҷовуз мекарданду фарзандашро мекуштанд. Воқеан ҳам, зани раштонии Ҷумъаи ӯзбак туртуқ ё худ тӯҳфаи садорати наҳзатиён бар ин террорист буд, ки арвоҳи модарони Тоҷик инҳоро занад...

Умари Намангонӣ
Ва ҳамакнун хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки маҳз писари “тавилдарагӣ”-и Ҷумъа садри ҲИУ дар Афғонистон таъин шудаву ба ДИИШ пайвастааст. Ба ҳар сурат сиёсати Сталини бузург ҳақ буд, ки медонист морбачча аждаҳо мешаваду душманони синфиро авлодан нест мекард...
Ба чизе ишора намекунем. Факти таърихӣ пеш меорем. Мо метавонем!

Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter