ХАБАРИ ДОҒ

Нақлиёти ҷамъиятии пойтахт: 1 қадам ба пеш, 2 қадам ба қафо?!

  • Душанбе, Сен 25 2017


Дар шумораи гузаштаи газетаи СССР андешаҳои устод Сайёфи Мизробро перомуни фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе мутолиа кардам, ки хеле баҷост. 100% рост мегӯяд. Имрӯз воқеан ҳам фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, хоса, автобусу троллейбусҳо бисёр бад буда, мусофирон, аз ҷумла, ман ҳам норозиям. Дар идомаи гуфтаҳои сардабири СССР мехоҳам дар бораи чанд проблемае, ки айни замон дар ин соҳа ҳаст, андешаҳоямро баён дорам. Шояд аз гуфтаҳои ман мансабдорони соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба хулосае меоянд, агар наоянд ҳам нороҳат намешавам, зеро билохира ин мушкилоте, ки ҳаст, рӯзе дарди сари эшон хоҳад шуд. Зеро нақлиёти ҷамъиятии пойтахт агар 1 қадам ба пеш равад, боз 2 қадам ба қафо гашта истодааст. Мо метавонем!

 Ба умеди автобусу троллейбусҳои кӯҳна нашавед!
Маълум аст, ки нақлиёти ҷамъиятии ҳар 1 шаҳр ин автобусу троллейбус асту микроавтобусҳо ҳамеша нақши нақлиёти ёрирасонро иҷро карда, бояд ба таври «экспресс» фаъолият намоянд. Вале дар мо чист!? Микроавтобусҳо ҳоло ҷои автобусу троллейбусҳоро пурра гирифтаву ҷамъиятҳои хусусӣ вазифаи аввалиндараҷаи корхонаҳои коммуналӣ-таъминот бо нақлиёт ва хизматрасонӣ ба мусофиронро иҷро мекунанд. Ҳоло мумкин ҳаст, ё на, маҳз ҳамин микроавтобусҳо айни замон мардумро мекашанд, на автобусу троллейбусҳо! Автобусҳои кайҳо кӯҳнашуда ва троллейбусҳои дар соатҳои «час пик» аз барқ маҳрум, имрӯз наметавонанд талаботи мусофиронро пурра қонеъ намоянд.
Хуб, ки бо ташаббуси раиси ш.Душанбе ба пойтахт автобусҳои наву муосир оварда шуд, вагарна ба умеди корхонаҳои коммуналӣ, хусусан, автобусҳои вайронаву сердуди онҳо дар кӯча мондан 1 тараф истад, дар истгоҳ мехобидем.

 Такрор модари дониш?
Боз 1 мушкили дигари нақлиёти ҷамъиятӣ ин такрор шудани маршрут-хатсайрҳост, ки дигар аз ҳадди муайяншуда гузаштааст. Ёд дорам, вақте Саидзода Қурбон Тағай, муовини раиси ш.Душанбе оид ба масоили нақлиёт, дар вазорати нақлиёт ба ҳайси сардори 1 раёсати бонуфуз кор мекард, ҳамеша зидди такроршавии хатсайрҳо мубориза мебурд. Акнун, ки ба пойтахт омад, аз ақидаҳои гузаштаи хеш даст кашида ё фаромӯш карда, ба қавли русҳо «на право и на лево» хатсайр кушода истодаасту парвои онро надорад, ки хатсайри нав хатсайри дигари фаъолро такрор мекунад?! Мисоли он боз ҳам хатсайри №2 аст, ки айни замон тавассути хиёбони С.Шерозӣ 2 хатсайри якхела зери №2 фаъолият дорад. Яке хатсайри микроавтобусии №2 ва дигаре хатсайри автобусии №2! Ман миёни ин 2 хатсайр фарқе намебинам, ҳар 2 ҳам бо микроавтобус хизмат карда, барои роҳкиро ноинсофона 2 сомонӣ мегиранд. Ронандаҳои хатсайри автобусии №2, ки бояд бо маршрути автобус ва бо нархи он хизмат расонанд, аз ҳад гузаштаанд! Касе парвои пешгирӣ ва ё иваз кардани ин хатсайрро надорад! Чаро? Шояд ба хотири он, ки роҳбарияти ККВД «Автобус 2», ки хатсайри мазкур ба он вобаста аст, аз рӯи баромади маҳз микроавтобусҳо ба шаҳрдорӣ ҳисобот медиҳаду ҳамарӯза барои талаботи хеш, амсоли гузаронидани тӯйю суру оши наҳор бахшида ба 20-солагии автобаза ва ё ҷашн-семинар дар Варзоб, ки бар хилофи қонуни танзим аст, ғайриқонунӣ маблағ ҷамъ мекунад!?

 Маршрутҳо даст ба даст мешаванд
Имрӯз масъулини нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба 1 кори дигар даст задаанд: ҳар гоҳе хоҳанд 1 хатсайрро аз 1 ҷамъият гирифта, ба ҷамъияти дигар шомил мекунанд, ҳол он ки нақлиёти ҷамъиятӣ хусусӣ буда, танҳо бо муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» тариқи шартнома ҳамкорӣ доранду тамом. Далели ин гуфтаҳо хатсайри №52 аст, ки дар 1 соли охир 2-3 маротиба даст ба даст шуд. Нахуст, хатсайри №52-ро аз ҶДММ «Роҳи дурахшон-1» гирифта, ба ККВД «Автобус1» доданд, сипас ин хатсайрро аз корхонаи коммуналӣ гирифта, ба ширкати дигари нақлиётӣ «Беҳруз» вобаста карданд. Мо намедонем, ки аз ин ивазкарданҳо масъулин чӣ мехостанд, аммо аз даст ба даст шудани маршрут дар фаъолияту муносибат ва хизматрасонии он чизе иваз ё нав нашуд.

 Назорат нест!
Раёсати хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти ш.Душанбе барои танзим ва назорати фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ муваззаф аст, яъне вазифаи ҷонии кормандони ин сохтор назорати ҳамон микроавтобусҳо дар хатсайрҳои пойтахт мебошад. Дар баробари БДА ин хадамот низ вазифаҳои зиёд дорад, аммо мо ҳоло дар кӯчаҳо чӣ мебинем? Боз ҳам кормандони ин хадамот дар вақти «час пик» микроавтобуси пури мусофирро манъ карда, ба тафтиши тамоми ҳуҷҷатҳои ронанда сар мекунанд, ки ин ғайриқонунист! Ин корро ҳар субҳ пеш аз ба хатсайр баромадани ронанда дар автобаза ва ё дар нуқтаҳои аввалу охири хатти сайр анҷом додан мумкин аст, вале кормандони хадамоти танзим ва назорат махсус ва маҳз дар кӯчаҳои марказӣ ронанда ва мошинро манъ намуда, ба тафтиш медароянду дар бораи мусофири ба кор ё донишгоҳ дер карда истода фикр ҳам намекунанд. Оё замоне нарасидааст, ки ин сохтор барҳам дода шавад?
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!


Мину Аминзода,
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter