ХАБАРИ ДОҒ

Алимардонов 100.000 сомонии маро доданӣ нест!!!

  • Душанбе, Сен 25 2017

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман баъди он, ки дар Тоҷикистон аз пушти маоши муаллимӣ зиндагии шоиста ва рӯзгузарон надоштам, маҷбур шудам, ки рӯ ба муҳоҷират орам. Бо ин ният, 6 сол пеш ҳамроҳи додарам Русия рафтем, барои муздурӣ. Ман ба хулосае омадам, ки пули мардикориамро барои “рӯзи мабодо” нигоҳ доштан, ба “Агроинвестбонк”-и ноҳия гузорам. Пули ҳалоли ману додарам-Аҳмадов Мирзомиддин дар 5 соли мардикорӣ дар бонки мазкур 100.000 сомонӣ шуд. Вақте бо нияти пули ҳалоли худро гирифтан назди Абдулфаттоҳ Таваккалов-раиси филиали “Агроинвестбонк”-и ноҳия рафта, хостам пуламро пурра бигирам, ӯ гуфт, ки “мо чунин шароит ва имконият надорем”. Пурсидам, ки барои чӣ? Раис гуфт: “Шумо танҳо нестед. Мисли шумо амонатгузоштаҳо 67 нафар аст ва мо ба 1 кас дар 1 моҳ аз 100 сомонӣ зиёд дода наметавонем!”
Хуллас, ҳоло аз 100.000 ҳамагӣ қариб 3000 сомониашро гирифтаму халос! Алами ман аз чист? Вақте дар “Агроинвестбонк” 100.000 пули ҳалол дориву онро гирифта наметавонӣ ва болои он боз рафта аз кадом соҳибкоре қарз мегирӣ, ин айб нест??? Магар рафтори ин бонк ва садри он-Муродалӣ Алимардон масхараи мо-шаҳрвандон нест?


Наҷмиддин Аҳмадови 52-сола,
собиқ муаллим, деҳаи Файзобод,
ҷамоати Гулистон, н.Восеъ, тел: 909 09 10 79

Дар ҳамин маврид________________
“Агроинвестбонк”-и Суғд бепул монд!
Намояндагии “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд баргардондани пули амонатгузорони худро то моҳи ноябри имсол қатъ кард. Мақомоти бонк гуфтанд, ин тасмим ба мушкили молӣ рабт дорад, вале муштариён донистан мехоҳанд, ки дар чӣ шароите пули худро бозпас хоҳанд гирифт? Малоҳат Маҳмудова-сокини шаҳри Хуҷанд чанд сол қабл 16.000 доллари ҷамъкардаашро дар “Агроинвестбонк” ба амонат гузошта буд. Ӯ соли гузашта бо умеди ҳамин пасандоз хона харид, вале натавонист амонати худро аз бонк бигирад. "То ҳозир ақаллан ними пасандозро гирифта натавонистем", гуфтааст ӯ ба хабарнигорон. Ба қавли ӯ, ин бонк аввал ҳар моҳ 1000 сомонӣ амонаташро бармегардонд, баъдан ин рақам то 700, дертар ба 500 ва дар охир ба 250 сомонӣ поин фаромад. Ахиран раҳбарияти "Агроинвестбонк" дар вил.Суғд гуфтаанд, ки пулашон тамом шуд ва наметавонанд пасандози Малоҳатро баргардонанд. Даҳҳо муштарии дигари “Агроинвестбонк” низ ба ҳамин мушкил гирифтор шудаанд ва ҳар рӯз ба умеди гирифтани пули худ ба намояндагиҳои ин бонк сар мезананд. Бино ба иттилои намояндагии БМТ дар ш.Хуҷанд, моҳи декабри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои раҳо кардани “Агроинвестбонк” аз кризис 1 млрду 70.000 сомонӣ ёрии пулӣ расонд. Масъулони БМТ дучор шудани ин бонки бузурги кишвар ба мушкилоти бузурги молиро ба даст задани раёсати бонк ба амалиёти молие, ки ба ташкилотҳои қарзӣ хос нест, марбут дониста буд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter