ХАБАРИ ДОҒ


Муҳимтарин хабаре, ки ин моҳ аз ҳамкорон шунидам, ин манъи пӯшидани ФАТА, либоси арӯсии замонавӣ дар маросими издивоҷ шуд.
Ман ҳич намефаҳмам, мо кадом сӯй майл дорем. Шарқ? На! Ғарб? Неъи қоқ! Шимол? Ҳаргиз! Ҷануб? Ғайримумкин, зеро он ҷо давлати бузурги бехудоӣ-буддоӣ истодааст. Пас ба куҷо???
СССР ҳамеша зидди сатру чодару бурқаву кафанпӯшии марду зан буд, ҳаст ва мемонад. Зеро либосе, ки авомуннос фикр дорад мусалмонист, ҳаргиз ба ДИН рабте надорад. Воқеан ҳам ягон либос ба ягон дин рабт надорад. Вагарна куллан христианҳо миниюбкапӯш мешуданду яҳудон тоқибасару бутпарастон лучи урёну мусалмонҳо кафанбасар. Либос ба маданияти зист ва муҳит бастагӣ дорад, ки баҳси алоҳида аст...Аммо!
Ҷои салла калла шуруъ шуд. Ва калларо аз дигар ҷо оварданд. Горе-идеологҳо барои он ки фикр накунанд, ишон зидди пӯшиши мазҳабиву диниянд, хостанд сари либоси аврупоӣ низ каме фишор оранд. Ва сар шудеееее. Радиову телевизионҳои расмӣ онгуна либоси аврупоиро “чап” гирифтанд, ки шеваи бархӯрд тағйир напазирад, метарсам, ух как метарсам, ки мардонро маҷбур мекунанд ба кор бо ҷелаку тоқии чусту чакан оянд! Бе шӯхӣ, ман метарсам. Зеро ҳамакнун маъракаҳои люпен-пролетариву неопролеткулт сар шуда истодааст. Бозгашт ба асолат. Нахандед! Занҳоро, ки маҷбур кардем, навбат ба худамон низ мерасад. Мо метавонем!
Маъракаи таблиғи пӯшоки антиаврупоӣ ба ҳаддест, ки бархе радиоҳои расмиро гӯш мекунӣ, дар онҳо ҷанг бо либоси ғайр шуруъ шудааст. Бо либоси аврупоӣ…! Юбкаро чунон мехоянду чунон мехоянд, ки фикр мекунӣ, радиои 1 давлати дунявиро не, ки радиои ДИИШ-ро гӯш дорӣ!!!
Ҳаргиз зидди либоси миллӣ, ба вежа, либоси занонаи Тоҷик нестам, ки маҳди фарҳанги пӯшокаи мост. Аммо аз барои савоб, ба зан имконияти интихоб диҳед. Сафват аст, ки менолад, ислом ба зан ҳуқуқе надодааст. Пас чаро дар ҷамъияти дунявӣ мо аз ишон талаб кунем, ки фарзи мисол, рӯзи тӯй ФАТА напӯшанд??? Мо набояд ба муқаддасоти қудсии мардум дахолат кунем. Хатар дар пай дорад ин амал. Бигзор гулдухтари Тоҷик фата пӯшад рӯзи тӯяш агар мехоҳад, нахост атласу чакан.
Воқеан ҳам, дар ҳамон даврони шӯравӣ, ки интихоби либоси арӯсӣ озод буд, аксарияти бонувон атласу чакан мепӯшиданд. Аммо либоси арӯсии миллӣ 1 вежагӣ дорад, ки зидди дархости имрӯзаи идеологияи мост:
-Арӯси Тоҷик ҳатман чодари ғафс ба сар мекард, то ӯро касе набинад.
Рӯпӯшии арӯс аз таоруфи дигар обхӯр аст ва ба ягон дин дахолат надорад. Рӯсарии арӯсаки нав далел аз бакорати ӯст. Нахандед ва гиребон гирифта тавба ҳам накунед. Маҳз чунин аст, ки гуфтем ва фата низ айни ҳамин далел аст, ки дар Ғарб албатта тағйири маъно кардааст. Диншиносон медонанд, ки Ҳазрати Марям баъди таваллуди Исои Масеҳ аз ғайб...фата, рӯпӯш ба сар мекард, ки далел аз бегуноҳияш буд!
Вале баргардем сари фата. Магар ун бечора, яъне фата чӣ бадие дошту дорад, ки бояд онро дигар напӯшид? Шахсан мо дар арӯсиямон аз фата истифода накардаем. Аммо ҳаргиз намегӯям дигарон низ накунанд. Хоҳанд кардан гиранд. Охир мо давлати дунявием-ку...ба фикрам...
Фатаи бечора, ки мардуд мегардад, дар асл чӣ либос аст?
Фата-ҳамон футаи Тоҷикист, ки локӣ, миёнбанд, парчаи матоъ низ мегӯянд. Дар санскрит пата ва дар арабӣ фута аст ва ба маънии сарпӯши зан омадааст. Воқеан ҳам футаи миёнро мардон ҳини кор ҳатман ба сар мекашиданд, агар хонандаи солманд ёд оварад. Пас, фата, ки имрӯз дар Ғарб роиҷ асту мо аз ун низ чун фарҳанги бегона рӯ тофтанием, моли ҳалоли бобоҳои мост! Ва ё фикр доред, ки момоҳои мо 2-3 ҳазор сол пеш урёни модарзод арӯсӣ мекарданд?
Дар ҳар сурат, ҳатто агар ин фатаи бечора сирф моли ғарбу урусу англис бошад ҳам, дар ин даврони ошӯбҳои фарҳангӣ набояд онро комилан ва бебозгашт аз TJ ронем. Дар Ғарб нахоҳанд фаҳмид. Ҳамон маконе, ки сӯяш майл дорему бо қадамҳои бузург аз он фосила мегирем...

Евроҷаноза???
Ин ҳам дарди бахайр. Акнун Кумитаи дин қарори наве дар мавриди азодорӣ низ баровардааст. Танзими хайру худоӣ 1 сӯ, ҳамакнун бояд аз рӯи меъёри қабулкардаи ин ниҳод сари гӯри наздикон нишасту мотам кард:
-Доду вой, навҳаву фиғон, хокбарсаркунӣ ва ғ. ва ҳ. манъ аст!...
Дар ин гирудор суоле бе посух мондааст, ки мабодо (ҳар чӣ шуданаш мумкин-ку?!), худо нишон надиҳаду... ягон масъули ин ниҳод ва ё вакиле, ки барои қабули ин иқдом раъй додааст, фавтаду модари ҷигархунаш хок бар сар намудаву навҳаву фиғон бардорад, ӯро, яъне модари хунҷигарро кӣ ва чигуна бояд ҷазо диҳад???

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter